Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Усулҳои самаранокии муомила бо одамон.

  2. Ҳамчун ифодагари мафҳуми органи роҳбарикунанда.

  3. Муносибати касбии ҳамкории байни одамон барои ба мақсад расидан.
    Мафҳуми менеҷментро асосан ба 3 гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст, ки мо онро ба тарҳи муайян пешниҳод мекунем (Нигаред ба расми 1).

Аз гуфтаҳо маълум мегардад, ки менеҷмент, асосан ба меҳнати касбӣ ва кордонии кормандон равона карда шудааст. Аз ин нуқтаи назар мувофиқи мақсад аст, ки менеҷментро ҳамчун фанни алоҳида барои мунтазам тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва роҳбарӣ мавриди омӯзиш ва тадрису таълим қарор диҳем.

Аввалҳои асри XX олимон оид ба ривоҷу равнақ додани илми менеҷмент ва фанни менеҷмент корҳои зиёди тадқиқотию илмиро иҷро намудаанд, ки онҳоро асосан ба 4 гурӯҳи калон ҷудо мекунанд:

  1. Мактаби классикии менеҷмент — Тейлор (1911), Гилберт (1911), Черч (1914), Файол (1916), Дервис (1935) ва дигарон.
  2. Мактаби рафтори идоравӣ — Ротлисберг (1939), Мейо (1945), Бернард (1938), Друкер (1954), Мак Грегор (1960).
  3. Мактаби идоракунӣ — Черчмен (1957), Марч ва Саймон (1958), Форрстер (1961), Райфа (1968).
  4. Мактаби ҳолатӣ (ситуасионӣ) — Бернс ва Сталнер, (1961), Вудворд, (1965), Томпсон (1967), Лоуренс ва Орш (1967).

Ҳар як мактаби зикршуда услуби илмии худро дошта, барои инкишофи илми менеҷмент саҳми муайянеро гузоштаанд.

Асосан, олимони қариб аксари мактабҳо инкишофи илми менеҷментро баробар ба инкишофу тағйиротҳо дар бизнес баҳо медиҳанд. Бинобар ин илми менеҷмент ҳамчун фанни илмию амалӣ рӯз аз рӯз мунтазам мураккаб мешавад. Зеро илми менеҷмент на танҳо ба қонунҳои иқтисодӣ, балки ба қонунияти махсуси идоракунӣ ва психологӣ низ такя мекунад.

Агар мо ба инкишофи илми менеҷмент вобаста ба инкишофи иқтисодиёт дар садсолаи гузашта назар намоем, он гоҳ муайян мегардад, ки баробари пешрафтии иқтисодиёт услуби ташкилию идоракунӣ низ тағйир меёбад.

пешина
аз 465
навбатӣ