Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

низ дорои чандин шакл буда, барои истифода дар амалия мувофиқ бошад. Асосан нақша бояд аз рӯи се вариант сохта шуда бошад:

  1. Некхоҳӣ - боварӣ ба ояндаи хуб.
  2. Ҳаққонӣ - вобаста аз меъёрҳо ва қоидаҳои умумиқабулкардашуда.
  3. Рӯҳафтодагӣ - чунин ҳисоб мекунанд, ки кори ояндаи корхона хуб намешавад.

Стратегияи ҷомодонӣ гуфта, ин мавҷуд будани якчанд шаклҳои бизнес-нақшаҳои корхонаро, ки якдигарро пурра мекунанд ва истифодаи онҳо дар рақобати озоди бозор самаранок мебошад ифода менамояд. Мисол, шумо метавонед, ки шакли инвеститсионии портфелии худатонро бубинед. Шумо метавонед, ки якчанд саҳмияҳои корхонаҳои таваккалӣ зиёд доштаро бихаред, ё ин ки вомбаргҳо, қоғазҳои давлатӣ, ки таваккали кам доранд. Ҳамчунин ҳар як корхона низ стратегияи бизнес-водиии худро дорад.

Барои он ки ҳар як ташкилот шакли хуби стратегии худро интихоб намояд, пешниҳод карда мешавад, ки матритсаи ГМБ (Гурӯҳи машваратии Бостон) истифода карда шавад.

Матритсаи ГМБ шакли зеринро дорад:

Баланд
Ҳиссаи бозор
Паст

Суръати афзоиши бизнес
Ситораҳо
Афзоиши тез
ва васеъ
О ☼ О

Аломати савол?
Корхонаҳои нав, таваккали калон,
на ҳама ситора мешаванд.
О ?

Говҳои ҷӯшоини пулӣ
«Шири тиллоӣ»
дорои молиягузории
«Ситораҳо» ва
«аломати савол»
О

Сарҳо
Ба молиягузорӣ зарурат надоранд.
Агар онҳо фоида биёранд, ҳам дар
ҳайати ташкилот меистанд.
Мумкин аст, ки фурӯхта шаванд.
$$

Паст

Расми 2. Матритсаи ГМБ.

пешина
аз 465
навбатӣ