Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дараҷаи даҳолати давлатӣ; мавҷудият ва раванди беқурбшавӣ; вазъияти экологӣ (ҳаракатҳои мардумӣ, қонуниятҳо); имконоти таъминотии корхона бо ашёи хом ва энергия (кафолати таъминот, доимияти нархҳо, мавҷудияти маводи нав).
2. Омӯзиши стратегии бозор аз рӯи ду нишондиҳандаҳои асосӣ гузаронида мешавад:

  1. Диққатҷалбкунанда будани истеъмолкунанда барои корхона.
  2. Бартарияти корхона барои истеъмолкунандаи худи нисбат ба корхонаҳои рақиб.
    Дар ин маврид ҳамчун ченакҳои асосии диққатҷалбкунандагии истеъмолкунанда нишондиҳандаҳои зайл муайян карда мешаванд:
  3. Ҳаҷм ва имконоти васеъшавии бозор.
  4. Сифати бозор:
    даромаднокии соҳа; давраи гардиши мол; имконоти нархгузорӣ; имконоти нигоҳдории сирри техникӣ; имконоти маблағгузории сармоявӣ; имконоти миқдории ҳаҷми фурӯш; имконоти баромадан аз бозор; хатари пайдоиши моли ивазкунанда.
  5. Таҳлили имконоти корхона дар муборизаи рақобати бозор аз рӯи равияҳои зайл гузаронида мешавад:
  6. Мавқеи корхона дар бозор:
    ҳиссаи бозор ва раванди тағйирёбии он; имконияти молиявии корхона; инкишофи корхона; даромаднокии корхона; имиҷи корхона.
  7. Дараҷаи истеҳсолӣ:
    имконоти нигоҳдории ҳиссаи худ дар бозор;
пешина
аз 465
навбатӣ