Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат

16.1. Рафтори менеҷер дар ҷамъият

Дар ин бахш масъалаи тарзи рафтору гуфтор мавриди баррасӣ қарор мегирад. Мо мехоҳем, каме ҳам бошад, дар бораи қоидаҳои умумие, ки ба ҷамъияти кордонҳо хосанд, ҳарф занем.

Дар шароити ҳозира шумораи одамоне, ки бо гурӯҳҳои сайёҳӣ ва ғайра сафар намуда, бо рӯзгор, таърих, маданият, илму фарҳанги кишварҳои гуногун шинос мешаванд, хеле зиёданд.

Дар этикаи (ахлоқӣ) рафтор пеш аз ҳама ба рафтори испаниҳо баҳои баланд дода мешуд. Баъдтар франсавиҳо сазовори эътироф гардиданд. Ҳозир бошад, қоидаи умумӣ барои Фаронса, Англия, Олмон, Австрия, Швейтсария, яъне умумиаврупоӣ қабул шудааст, ки аз рафтори амрикоӣ камтар нест.

Як чизро бояд қайд кард, ки аврупоиҳо нисбати дигарон бисёртар сафар мекунанд ва барои мардуми Аврупо бо забони англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ гап задан ҳодисаи муқаррарӣ мебошад.

Тарзи рафтору гуфтори ҳар шахс, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки ӯ дар мамлакати худ, дар корхонаи хеш чӣ гуна меъёрҳои этикиро ёд гирифтааст.

Агар шумо дар хориҷи кишвар бошед, як чизро бояд фаромӯш накунед, ки мардум ба шумо нигоҳ карда, дар шахси шумо ба миллат ва мардуми шумо баҳо медиҳанд. Ҳар рафтори нодуруст ва ноҷои шумо метавонад дар фаҳмишу тасаввуроти онҳо нисбати халқу миллати шумо таъсири манфӣ расонад.

Чунки шумо ҳеҷ вақт мисли фаронсавӣ, итолиёвӣ, ё австриягӣ рафтор намекунед. Ҳар фард, пеш аз ҳама, рафтору гуфтор, одобу ахлоқи миллати худ ва таърихи халқи хешро ҳамчун намояндаи он миллат инъикос кунад, он гоҳ агар таваҷҷӯҳ намуда бошед, ҳамсӯҳбати хориҷиатон шуморо бештар ҳурмату эҳтиром мекунад.

Ҳиссиёти тактикӣ (услубӣ) — ҳиссиёти интуитивии шахс, касро озод нишон медиҳад. Ҳангоми сафар ва умуман, доимо ҳар шахс ҳурмату эҳтироми худро нисбати хулқу атвор ва рафтори дигар халқҳо бояд нишон диҳад. Дар мамолики хориҷа ҷавонон ва умуман мардум ба сиёсат шавқу рағбати кам доранд. Бинобар ин, зимни сӯҳбат бо ин мардум аз сиёсат гап кушодан ба

аз 512
навбатӣ