Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

афзоиши ҳиссаи мамлакат дар бозори ҷаҳонии молҳои технологии баланд.

Раванди системӣ - ҷудо кардани доираи соҳаҳое, ки бехатарии макронавоварии миллиро таъмин месозад. Онҳоро ба чор гурӯҳи калон ҷудо кардан мумкин мебошад:

  1. Дастгирии доираи тадқиқотҳои стратегӣ ва фундаменталӣ.
  2. Таъмини алоқамандии илм ва истеҳсолот.
  3. Инкишофи системаи устувори технологӣ, аз он ҷумла аз соҳаи мудофиавии КИТ ба иқтисоди шаҳрвандӣ.
  4. Дараҷаи инкишофи системаи ахборӣ ва таъминоти патентӣю литсензиявии КИТ.

Ҳар яке аз омилҳои номбаршуда системаи калони навобариро ташкил мекунад. Масоили бехатарии макронавоварӣ инчунин ба худ масоили бартариятҳои давлатии илмию техникиро дар бар мегиранд. Механизми давлатии ташаккули бартариятҳои илмию техникӣ дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон хусусиятҳои хоси худро дорад. Ин пеш аз ҳама ба ҳолати иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳонӣ, хусусияти иҷтимоию иқтисодии инкишоф ва мақсадҳое, ки дар давраи муайян гузошта мешаванд, вобаста буда, ба анъанаҳои дохилии танзими ҷараёнҳои иқтисодӣ ва навоварии давлат марбут мебошад.

  1. Дараҷаи гирифтани даромадҳои аввала. Дараҷаи марказонидашудаи даромадҳои истеҳсолшудаи миллӣ қисме аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои гуногуни буҷавиро ташкил медиҳанд. Дараҷаи баланди марказонидашуда асоси вуҷуд доштани бозори давлатии маҳсулоти илмию техникӣ мебошад ва дараҷаи паст бошад нишонаҳои ташкилии бозори ғайридавлатии ин маҳсулот мебошад. Ҳангоме, ки дараҷаи баланди марказонидани даромадҳои аввала вуҷуд дорад, корхонаҳо имкони молиягузории технологияи навро надоранд ва ҷараёни навшавии технологӣ хеле суст мегузарад. Ҳаҷми дақиқи гирифтани даромади аввала ба концепсияи қабулкардаи давлатӣ вобаста мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки доимо меъёри ҳадди ақалли гирифтани даромадҳо вуҷуд дорад, ки ҳаҷми он аз зарурияти молиягузории барномаҳои мудофиавӣ, дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, инкишофи тандурустӣ ва дигар равандҳо марбут аст.
пешина
аз 512
навбатӣ