Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

корхонаҳо агар технологияашонро фурӯшанд фоидаовор намешаванд. Чунки дар бозор ӯ барои худ рақибро пайдо кардан мехоҳад. Агар маҳсулоти илмию техникӣ дар бозори навоварӣ мустақилона аз тарафи ташкилотҳои илмӣ фурӯхта шаванд, он гоҳ пешравии мунтазам ва навоварии маҳсулотҳо, инчунин арзиши пасттари он дида мешавад. Аксари маврид ихтироъкорон арзиши аслии «моли илмӣ»-и худро намедонанд, барои ҳамин ин гуна молҳоро метавонанд сохторҳои тадқиқотии корхонаҳо то охир расонида, маҳсулоти илмию техникии худро пайдо карда, метавонанд патент гиранд.

  1. Технологияи рақобатнокии маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ нишонагирии ояндаи дохила ва берунаи молро муайян месозанд. Нокифоягии рақобатнокии маҳсулоти зеҳнӣ дар бозори ҷаҳонӣ ба бозори илмию техникӣ таъсир расонида, сабаби якчанд чорабиниҳое мебошад, ки ба асоснокшавӣ ва беҳтаршавии сифатҳои ин фаъолият оварда мерасонанд, яъне:

ба таври сунъии васеъ кардани бозори давлатии КИТ бо мақсади
ҳавасмандкунии коркарди лоиҳаи баланди технологии ТИМ;

васеъшавии бахши ғайрибозории маҳсулоти зеҳнӣ, зиёдшавии хароҷотҳои
давлатӣ ба маориф;

зиёд кардани ҳаҷми воридоти технологияи пешқадам бо мақсади
мутобиқкунонӣ дар истеҳсолоти ватанӣ;

васеъ кардани воридоти ақидаҳои илмию техникӣ бо мақсади расонидани он то дараҷаи технологӣ дар истеҳсолоти худӣ.

  1. Дараҷаи инкишофи иқтисодӣ. Омили инкишофи иқтисодии мамлакат таъсири хеле зиёд ба инкишофи бозори маҳсулоти илмию техникӣ аз рӯи равандҳои зерин мерасонад:

паст шудани дараҷаи инкишофи соҳаи истеҳсолӣ ба паст шудани
қобилияти пардохти талабот ба навоварӣ оварда мерасонад. Бозори
маҳсулоти илмию техникӣ танг карда мешавад;

паст шудани дараҷаи инкишофи иқтисодӣ бо кам шудани даромади
давлат, албатта ба кам шудани хароҷотҳо дар соҳаи илм оварда мерасонад;

кам шудани хароҷотҳо барои илму техника ба хароб гаштани бозори давлатии маҳсулоти илмию техникӣ сабаб мегардад;

пешина
аз 512
навбатӣ