Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

29.1. Мафҳумҳои асосӣ ва шаклҳои фаъолияти
бурунмарзии ташкилотҳо

Дар замони мо бурдани фаъолияти бурунмарзӣ, ҷустуҷӯи имконоти фоидагирӣ дар бозори ҷаҳонӣ шакли ғайриодии менеҷмент набуда, зарурати ҳатмии тамоми намуди соҳибкорӣ мебошад. Чунин як талабот сабабҳои зерини худро дорад:

  • имконоти бурдани фаъолияти фоиданоки соҳибкорӣ дар ҳудуди як давлат маҳдуд мебошад; * гуногун будани базаи захиравӣ, ашёи хоми давлатҳо, фарқи калон доштани нархҳо, шароити хуби мубодилаи байниакдигариро пайдо месозад; * фарқияти калони байни миқдор ва сифати қувваи коргарӣ, малакаи дониш ва музди меҳнати аслии онҳо дар давлатҳои гуногун имкон медиҳад, ки ин омилҳоро ҳамчун сарчашмаи асосии гирифтани фоида истифода намоянд; * мавҷуд будани миқдори зиёди давлатҳо ва халқҳои қафомонда имкон медиҳанд, ки ин бозорро барои фурӯши маҳсулоти технологияи баланд истифода кунанд; * инкишофи паст доштани соҳаи хизматрасонӣ ва афзоиши талабот ба маҳсулот ва хизматҳои беҳтар кардани ҳаёт, ба фаъолияти иқтисодии байналхалқӣ имкон медиҳад, ки ояндаи фаъолияти худро ба ин тараф равона созанд; * ояндаи фаъолияти байналхалқӣ боз дар он зоҳир мегардад, ки дар бозори ҷаҳонӣ молҳои хусусияти миллӣ дошта, мавқеи баланд доранд ва мувофиқи мақсад аст, ки агар онҳоро дар ватанашон истеҳсол карда дар хориҷа мефурӯхтанд.

Фаъолияти байналхалқӣ имрӯз чунин имкон додааст:

  • глобализатсияи иқтисоди ҷаҳонӣ, доимо афзоиш ва васеъшавии алоқаҳои сиёсию хоҷагидории байни давлатҳо; * ташкили системаи ягонаи ҷаҳонӣ ва минтақавии молиявию қарзӣ - асоси муносибатҳои байналхалқӣ; * тамоюли ташкили ҷаҳони ягонаи тиҷоратӣ, ки шароити якхела барои ҳамаи халқу миллатҳо ташкил менамоянд;
пешина
аз 512
навбатӣ