Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Сохтори ташкилии КИТ, ки дар боло дида баромадем, аз он шаҳодат медиҳад, ки дар давраи гузариш аз системаи оддӣ ба муносибатҳои функционалии мураккаб дар ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо мушоҳида мешавад.
Хислати глобалӣ гирифтани рақобати бозори ҷаҳонӣ ба он оварда мерасонад, ки роҳбарони аксари иттиҳодияҳои калон, тамоми қувваро ба он равона мекунанд, ки давраҳои тадқиқот ва амалӣ гардидани КИТ хеле кӯтоҳ гардонида, дар навоварӣ фондан аввалро сазовор гарданд. Стратегияи фаъоли ҳуҷумкунанда дар КИТ ва ҷорӣ намудани он дар амалия роҳи муҳиме мебошад, ки рақобатнокии корхонаҳоро дар бозори ҷаҳонӣ кафолат медиҳад. Бинобар ин компанияҳои байналхалқӣ доимо роҳҳои беҳтар намудани ташкил ва идоракунии ҷараёнҳои навовариро ҷустуҷӯ мекунанд.

Яке аз роҳҳо фаъолгардонии омили башарӣ мебошад. Ҷараёни хусусиятноки солҳои охир диққат додан ба омили зерин аз тарафи ширкатҳои калони саноатӣ мебошад. Барои мувофиқ шудан ба ин аз ҳавасмандкунии моддӣ сар карда, то соҳибмоликияттардонии онҳо бо роҳи додани саҳмия корхона истифода карда мешаванд.

Мисол иттиҳодияи «Microsoft» яке аз аввалинҳо шуда, саҳмияҳои худро дар байни коргарони худ бо нархи имтиёзнок фурӯхт, то ки капитализатсияи худро бо роҳи баланд бардоштани нархи саҳмияҳо дар бозори ҷаҳонӣ мустаҳкам гардонанд. Дар натиҷа якчанд ҳазор коргарони ширкат миллионер шуда, 6 мутахассиси пешқадами он миллиардер шуданд, худи Билл Гейтс дар аввали рӯйхат буда, 18,5% саҳмияро дорад.

Дар аксари китобҳои хуби доир ба идоракунии таҷрибаи навоварии компанияҳои америкой оварда мешавад, ки доимо номгӯи маҳсулоти худро ривоҷу равнақ дода, дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи мустаҳкам доранд.

Асосан шаш қоидаи самаранокии ҷорӣ кардани технологияи нав ҷудо карда мешавад:

  1. Сохторҳои таркибии компанияҳо бояд аз ҳад зиёд калон набошанд.
  2. Ба ноомади кор оромона бояд назар афканд.
  3. Фаъолияти бомуваффақиятро бояд ҳавасманд намуд.
  4. Коргарон бояд талаботи истеъмолкунандагонро хуб донанд.
пешина
аз 512
навбатӣ