Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Дар асоси истифодаи баҳо додан ба қисматҳои алоҳидаи пешгӯйҳо дараҷаи номуайянии он паст карда мешаванд. Моҳияти ин усул дар он мебошад, ки мутахассисон таҳлили ҳодисии мантиқӣ гузаронида баҳои гурӯҳи худро дода, вазифаи талаботҳо ва қисмҳои алоҳидаи ҳар як ҳодиса омӯхта шуда, хулосаҳо пешниҳод карда мешаванд.
Аввали ҳазорсолаи сеюм барои инкишоф ва татбиқи аксари пешниҳодҳои илмӣ шароити мувофиқи иқтисодию сиёсиро фароҳам овардааст. Ҳар як пешгӯй ва ихтироот ояндабиниҳои глобалии инкишофи башарӣ, технологӣ ва дигар навовариҳоро дар доираи як соҳа, минтақа, системаи навоварии миллӣ, комплекси саноатиро дар бар мегиранд. Шаклҳои гуногуни пешгӯйҳо аз рӯи вақт, яъне кӯтоҳмуддат, миёнамуддат, дарозмуддат ва бисёрмуддат инчунин бо усулҳои гуногун, аз содда то мураккаби бисёрдаврагӣ дида мешаванд.
Вобаста аз мазмуни пешгӯйҳо дар ояндаи наздик, навовариҳои технологияи инкишофи ҷамъиятӣ, биотехнология ва истифодаи ҳаматарафаи маводи нав мегиранд.
Асосан дар 20-30 соли оянда мувофиқи пешгӯйҳои мутахассисон масоилҳои муҳими инкишофи иқтисодӣ аз қабили норасогии захираҳои анъанавӣ ба монанди нафт, газ, оҳан, оби тоза ва ҳосилнокии хок, муҳити экологии тоза мебошанд.
Бинобар ин пешгӯй ва пешбинии ин масъалаҳо барои инкишофи иқтисодии мамлакатҳо мақоми калон дорад. Яке аз унсури асосии иқтисоди замони нав технологияи ахборӣ мебошад, ки дигар навовариҳо, ихтироотҳо ва пешгӯйҳо дар даҳсолаҳои оянда ба инкишофи ин соҳа вобаста мебошанд.
Мутахассисон вобаста аз хислати инкишофи технологияи ахборӣ муайян намудаанд, ки баъди ҳар се сол 4 маротиба ҳаҷми ахбор меафзояд. Аммо фикрҳои дигар низ мавҷуд мебошад, ки инкишофи технологии ахбор нишон медиҳад, дар ҳар як ду сол миқдори ахбор ду маротиба зиёд мешавад.
Экспертони соҳавӣ вобаста аз рақобати мураккаби бозор ва дараҷаи баланди инкишофи раванди технологӣ, дар чунин ақида мебошанд, ки асосан барандагони ахбори истеҳсолӣ инкишоф меёбанд, инчунин воситаҳои гуногуни архивкунонии ахбор аҳамиятнок мегарданд. Дар охири даҳсолаи аввали асри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор