Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Менеҷерон бояд донанд, ки эҳсосоти коргарон барои ташкилот чӣ хел арзишҳои баланд доранд. Барои он ки коргаронро ба коркарди ақидаҳои нав ҷалб намоем, менеҷмент бо масоилҳои кам будани вақт байни ақида ва ҷорӣ кардани он мебошанд. Яке аз роҳҳои ҷалб кардани гурӯҳи калони одамон, ин иштироки онҳо дар стратегияи коркарди корхона мебошад. Аммо аксар маврид аз роҳбарони аввал, ё худ менеҷери навовар вобаста мебошад, агар ӯ тавонад, ки коргаронро бо эҳсосоти баланд барои иҷрои мақсадҳои умумӣ равона карда тавонад, ин роҳ низ қабул мебошад.
Боварӣ. Ин сухан бояд шиори пешвои асри XXI бошад. Фарқияти калон байни он чизе қабул кардаанд ва он чизе бовар карда мешавад. Барои ин бояд пешво дар як муҳлати муайян чунин маданияти худро нишон дода тавонад, ки коргарон ба ӯ бовар кунанд. Кадом навоварие, ки ба вай одамон бовар накунанд ба нокомӣ дучор мегардад. Дар асри XXI пешвоён бояд чунин муҳите созанд, ки одамон ба стратегия, ба қарори менеҷмент ва ба кори худ бовар кунанд.
Барои пешвои асри XXI бояд, ки як қатор хосиятҳои кордонию хирадмандиро доро бошад. Донистани забон, маданият ва доираи калони ҳаётиро, ки барои ба даст овардани муваффақиятҳо зарур мебошанд дошта бошанд. Вақте ки мутахассис дар як соҳаи хурд кор мекунад, ӯ наметавонад, ки қудрати худро самаранок истифода барад. Пешвоёни оянда бояд мутахассиси якчанд соҳаҳо бошанд, бинобар ин агар ба онҳо донишҳо зарур бошанд онҳо бояд гирифта тавонанд.
Яке аз хусусияти ҳаматарафа будани пешво, ин гуногуншаклиро дастгирӣ карда тавонистан. Барои он ки ба ин мувофиқат намояд, бояд ки пешбин буда, стратегияи ояндаи худро дошта бошад.
Пешвоёни асри XXI ҳамеша ташнагии мақсадҳои навро доранд. Онҳо доимо ташнаи ҳамаи он чизе, ки пешравии корхонаро таъмин месозад. Баъзе менеҷерон дар як муваффақият истода, муддати зиёде онро замзама мекунанд. Аммо пешвоёни хуб баъди ҳар як муваффақиятҳо андешаи онро доранд, ки «Боз чӣ бояд кард?» Ин савол бояд дар назди пешвоёни оянда гузошта шавад. Онҳо бояд чунин хислатҳоро дошта бошанд:
- меҳнатдӯст;
- доимо дар ҷустуҷӯ;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор