Зеҳн
Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

МОҲИ ҲАМАЛ ДАР АМАЛ

Моҳи ҳамал дар амал.
Ранг гирифт рӯи тал.
Кишт кунем пал-пал,
Моҳи ҳамал дар амал!

Раъд биёяд ба хашм,
Абр кунад оби чашм,
Кӯҳ шукуфад чу яшм,
Моҳи ҳамал дар амал.

Турна гузашт паст-паст,
Қакра бизад кабки маст,
Қоқугули дойрадаст,
Моҳи ҳамал дар амал.

Бод чӣ чобуксавор!
Барзгарондонакор.
Мавҷ занад лолазор —
Моҳи ҳамал дар амал.

Сабз замину замон,
Пок рухи осмон,
Шод дили одамон —
Моҳи ҳамал дар амал.

пешина
аз 33
навбатӣ