Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
Повести нависандаи ҷавон Фазлиддин Муҳаммадиев «Тири хокхӯрда» дар адабиёти мо нахустин таҷрибаи асари детективӣ буда, ба мавзӯи кор ва ҳаёти ходимони идораҳои таъминкунандаи бехатарии давлат бахшида шудааст.
Гарчи воқеаи аксёфта дар муддати басо кӯтоҳ мегузарад, хонанда дар симои қаҳрамонони эҷодии повесть одамони далер, зирак ва маҳкамиродаро мебинад, одамонеро мебинад, ки вазифаи мураккаб ва меҳнатталаби худро рӯзу шаб ё дуру наздик, гарму сард ё мушкулу осон ногуфта, хоксорона ва аз таҳти дил адо мекунанд.
Повесть чанде аз найрангҳои ғаддоронаи гумоштаҳо ва ҷосусони империализмро нишон дода, хонандаро ба ҳушёрӣ аз фитнаву дасиса ва вайронкории душманон даъват менамояд.
Нашриёти Давлатии Тоҷикистон умедвор аст, ки хонандагон фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи повесть, оид ба ороиши китоб навишта мефиристанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё