Зеҳн
Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо сифатҳои беҳтарини забони тоҷикии форсиро зикр кардаанд, хондани андешаҳояшон ба ақлу фаҳм ва эҳсоси мактабиён таъсири амиқ мерасонад. Одатан чунин гуфторҳои пурмазмуну пурмуҳтаво ба мактаббачагон таъсири хосса мебахшанд ва бидуни маҷбуркунӣ худашон он порчаҳоро аз ёд мекунанд.

Гуфторҳои мазкурро омӯзгорон метавонанд бо чунин мақсадҳо истифода баранд:

• ба сифати мавод дар баромадҳо ва машғулиятҳои берун аз синф;

• чун мавод дар ҷамъомадҳои созмонҳои талабагӣ, дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ (Забони тоҷикиро дӯст доред ва онро омӯзед! Тозагии забонро риоя кунед! Аҳамияти донистани забони тоҷикӣ — модариро фаромӯш накунед!...)

• ҳангоми таҷлили ҷашнҳо ва оро додани даҳлезу толорҳо ва кӯчаҳои назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ...

• муҳимтар аз ҳама афкору андешаҳои сиёсатмадорон, мутафаккирон ва донишмандону адибони гуногуне, ки оид ба сифатҳои забони тоҷикии форсӣ баён кардаанду намунаҳояш дар ин китобча гунҷонида шудаанд, дар баланд бардоштани ҳисси миллии шогирдон кӯмак расонида, нерӯи зеҳнии миллии насли ҷавонро тақвият мебахшад.

Ҷамъ овардану пешкаши омӯзгорон гардонидани чунин мавод вақти зиёдро талаб мекунад, ки ин кори оянда хоҳад буд. Бояд таъкид кард, ки таҳияи ин гуна мавод иқдоми аввалин буда, шояд аз камбудиҳо орӣ набошад. Мо дархосту пешниҳод ва эродҳои Шумо, омӯзгорони муҳтараму ҳамкорони азиз ва дӯстдорони забони ширини тоҷикиро, бо камоли эҳтиром мепазирем.

Мураттибон: Саидамир Аминов, саркотиби илмии АТТ,
Дилбар Нуриддинова, омӯзгори
мактаби № 16 ш. Душанбе

пешина
аз 30
навбатӣ