Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт

САРСУХАН

Ҳазорсолаи сеюм замоне мебошад, ки инкишофи иқтисодӣ, беҳтаршавии зисту зиндагии одамон бевосита аз қобилият, кордонӣ, дониш ва эҷодкории онҳо, ё худ аз инкишофи босуботи башарӣ вобаста мебошад. Аксари маҳдудиятҳои мавқею географӣ, давлатию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, техникию технологӣ, илмию тадқиқотии инкишофи иқтисодӣ ва истеҳсоли молҳоро глобализатсия аз байн бурдааст.

Маҳз истифода аз қувваи бузурги ақлонии ҷамъият, ташкили дурусти роҳбарӣ, амалигардонии фикру ақоиди хирадмандон, ташкили шаклҳои навини самараноки истифодаи захираҳо ва истеҳсолот, истифодаи санъати волои роҳбарӣ дар шароити глобализатсияи иқтисодӣ мавзӯҳое мебошанд, ки асоси китоби «Менеҷмент»-ро дар бар мегиранд.

Хонандаи азиз, дар вақти навиштани китоби дарсӣ, мақсадҳои зерин пеш гузошта шудаанд:

  1. Бо забони шевою равони тоҷикӣ дастрас намудани дастовардҳои илми менеҷменти замонавӣ барои хонандагон, бахусус шогирдони бахшҳои иқтисодӣ, омӯзгорон ва роҳбарони зинаҳои гуногуни идоракунии мамлакат.
  2. Мувофиқа намудани тарзу усул ва фаҳмишҳои назариявии менеҷмент ба шароити имрӯзаи роҳбарӣ дар корхонаҳои Тоҷикистон ва қонуниятҳои мавҷудаи мамлакат.
  3. Нишон додани мавқеи иҷтимоию фарҳангӣ ва таърихию этникии тоҷикон дар инкишофи илми менеҷмент, роҳҳо ва усулҳои танзими давлатии иқтисодиёт, ташкили давлатдории пешқадам ва хирадмандонаи миллати тоҷик дар гузашта ва ҳозира. Инчунин мавқеъ ва мақоми бузургҳои файласуфони тоҷику форс оид ба ташкили роҳбарӣ, ташкили истеҳсолот, санъати истифодаи дурусти захираҳо, бахусус захираҳои башарӣ дар пешрафти иқтисодӣ, дар мавридҳои зарурӣ зикр шудаанд.
  4. Пешкаш намудани дастовардҳои фаннии менеҷмент дар шакли методологияи одии китоби дарсии мактабҳои олии кишвар ғояи асосии китоби мазкур аст. Бинобар ин, аксар маврид аз мисолҳо ва схемаҳое, ки дар китобҳои менеҷменти амрикоӣ, ҷопонӣ ва ғарбӣ хеле бисёр ба назар мерасанд, даст кашидаем.
  5. Пурра нишон додани паҳлӯҳои гуногун ва равандҳои алоҳидаи менеҷмент, алоқамандии онҳо ба дигар фанҳои ҷамъиятӣ, инчунин мақоми аввалиндараҷа доштани омӯзиши ин фан барои тамоми мутахассисони мактабҳои олӣ, умуман роҳбарон, аз шартҳои муҳим дониста мешавад. Маҳз азхудкунӣ ва истифодаи талаботҳои илми замонавӣ, ба мо имкон медиҳад, ки як ҷомеаи солими демократии дунявӣ сохта, муҳити зистамонро аз хатарҳои экологию иқтисодӣ ва ноҷуриҳои сиёсию иҷтимоӣ нигоҳ дорем.

Китоби «Менеҷмент» аз 3 қисм иборат буда, 42 боб, 200 мавзӯъ, панду ҳикмати хирадмандон, маслиҳатҳои муфид, тестҳову саволҳои санҷишӣ ва адабиётҳоро оид ба ҳар як боб дар бар мегирад.

аз 522
навбатӣ