Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«САМАКИ АЙЁР» ВА НАСРИ РИВОЯТИИ ФОРСУ ТОҶИК

«Самаки айёр» як намунаи хеле барҷастаи насри классикии форсу тоҷик мебошад.

Дар адабиёти асрҳои миёна ду шакли асарҳои насриро ҷудо кардан мумкин аст: 1) осори насрии адибони маълум, ки ба он насри классикии таълифӣ ном додан мумкин аст; 2) осори насрии муаллифони номаълум, ки онро шартан насри ривоятӣ меномем. «Са-маки айёр» ба жанри насри ривоятӣ тааллуқ дорад.

Хусусиятҳои ин ду шакли насри асрҳои миёнаи форсу тоҷик танҳо бо маълум ё номаълум будани муаллифи асар маҳдуд нагашта, дар забон, услуб, композиция ва тарзи эҷод низ ифода меёбад. Тамо-ми асарҳои насри таълифии амсоли «Калилаву Димна»-и Насрулло-ҳи Абулмаолӣ, «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ, «Марзбонно-ма»-и Саъдиддини Варовинӣ, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳо-ристон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳикоятҳои ҳаҷман ва мазмунан гу-ногун таркиб ёфта, зоҳиран сюжети ягона ва композицияи мустаҳ-кам надоранд. Риштае, ки ҳикоётро ба ҳам алоқаманд мекунад, ғояи асар аст. Аммо бештарини асарҳои насри ривоятӣ, ҳамчун «Самаки айёр», «Доробнома», «Шоҳнома»-и насрӣ, «Амир Ҳамза», қиссаҳои «Баҳрому Гуландом», «Сайфулмулук», «Солеҳи хиштрез» сюжети ягона дошта, роман ва повестьҳои адабиёти давраи навро ба хотир меоранд.

Тафовути муҳимми жанри насри ривоятӣ аз насри таълифӣ дар забон ва услуб равшан мушоҳида мешавад. Асарҳои насри таълифӣ бо забони адабии китобӣ ва услуби маъмули давр навишта шудаанд. Аммо китобҳои насри ривоятӣ бо забони зиндаи гуфтугӯии адабӣ таҳрир ёфтаанд. Аз ҷиҳати забон насри ривоятӣ аз фольклор ҳам фарқ дорад. Осори лафзии халқ бо лаҳҷаи ягон маҳал гуфта меша-вад, ки насри ривоятӣ ин гуна нест.

пешина
аз 290
навбатӣ