ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
САРСУХАН
Китобе, ки шумо – хонандаи азиз ҳоло дар даст доред, иқдом аз китобҳо доир ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини рушди ин ё он соҳаи ҳаёти ҷомеаи кишвар буда, маводеро дарбар мегирад, ки танҳо ба тадбирҳои андешидаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар масъалаи ҳаёти занон дар давраи солҳои 1998 то 2012 бахшида шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар тўли даврони истиқлолият давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон ва таҳкими мақому манзалати онҳо тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, амалӣ гардонидани онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мунтазам идома мебахшад.
Дар ин давра вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон, инчунин проблемаҳои вобаста ба сиёсати демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила асноди меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Нақшаи миллии тадбирҳо дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо боиси хеле беҳтар гардидани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа гардид.
Имрўз занон дар зинаҳои гуногуни ҳамаи шохаҳои ҳокимият, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин дар кули сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.
Ҳоло беш аз нисфи кормандони соҳаҳои тандурустӣ, илму маориф ва хизматрасонии иттилоотиро занон ташкил медиҳанд.
Ба чунин андоза бардоштани мақоми зан-модар ва арҷгузорӣ ба шахсияти ў аз ҳаққи табиӣ ва рисолати зиндагисози ў бармеояд. Зеро модар вуҷуди муқаддас буда, оғозгоҳи зиндагӣ низ ба ў марбут аст.
Зан—модар олиҳаест, ки шукўҳу ҷилои сайёра ва гармии хонавода аз меҳру муҳаббати ў сарчашма мегирад.
Аз ин лиҳоз, донистани қадру қимати модар ва ҳурмату иззати зан рисолат ва қарзи ҳар як инсони худогоҳу бонанг аст.
Хизмати модар барои башарият беҳадду ҳудуд аст. Аз ин хотир меҳру муҳаббат ва ранҷи ў ҷуброннопазир мебошад. Дар ин бобат бузургони мо фармудаанд:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид, Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Ба ин васила, нақш ва мақоми зан дар хонавода ва ҷомеа дар таъриху фарҳанги гузашта ва имрўзаи миллати эҷодкору созандаи мо бисёр муҳим арзёбӣ мешавад. Суннати шифоҳиву хаттии таърихӣ ва адабии мо шоҳиди ҳазорон намуна аз беҳтарин ва шоистатарин корнамоиҳои занони тоҷик дар набардҳо ба хотири дифоъ аз марзу бум ва хонадони хеш аз ҳуҷум ва таҷовузи аҷнабиён аст. Таърих шоҳиди хизматҳои фидокоронаву бузурги онон дар роҳи созандагӣ ва ободии ҷомеа мебошад.
Махсусан, адабиёти ҷаҳоншумули тоҷику форс ҳусну малоҳат, далериву шуҷоат ва сабру матонати зани тоҷикро ба тарзи арзанда ва ҷовидонӣ васф кардааст, ки то имрўз сазовори таваҷҷўҳ ва эҳтироми оламиён гаштааст.
Имрўз барои фаъолияти занон ва духтарон дар арсаҳои мухталифи зиндагӣ ва ширкати густурдаи онҳо дар пешрафти ҷомеа ҳама заминаҳо фароҳам оварда шудаанд, ки ин амр низ аз таваҷҷўҳи доимии Сарвари давлат шаҳодат медиҳад. Зеро занон ва духтарони мо, воқеан нерўи тавонои ақлонӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ мебошанд.
Умед аст, ки ин китоб ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ мавриди истиқбол ва истифодаи доираи фарохи хонандагон, аз ҷумла ҷавонон, устодону шогирдони макотиби олӣ, аспирантону муҳаққиқон ва сиёсатшиносон мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё