КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Дар даҳсолаҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ сиёсати дурандешона ва мақсаднок амалӣ карда мешавад. Соли 1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ шомил гашт ва уҳдадориҳои худро оид ба ҳифзи гуногунии миллии биологӣ расман эълон намуд. Дар асоси талаботи Конвенсияи зикргардида Стратегия ва нақшаи миллии амал оид ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ тарҳрезӣ ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2003 таҳти № 392 тасдиқ гардидааст.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи мавзеъҳои обӣ-ботлоқӣ» ва «Дар бораи ҳифзи намудҳои ҳайвоноти ваҳшии кўчанда» ба имзо расидаанд. Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2015 таҳти № 112 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта» (CITES) ҳамроҳ гардидааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият бахшидани огоҳии мардум ва такмил додани заминаи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист корҳои зиёд ҷараён дорад.
Ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ бо муассисаҳои давлатӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист густариш меёбад.
Маҳв гардидани ин ё он намуди организми зинда дар табиат раванди бебозгашт аз байн рафтани як ҷузъи генофонди гуногунии биологӣ ба ҳисоб меравад. Дилхоҳ организми зинда, аз ҷумла намудҳои нодири набототу ҳайвонот таҷассумгари ахбороти генетикие мебошанд, ки дар натиҷаи инкишофи тўлонии эволютсия ташаккул ёфтаанд ва дорои аҳамияти бузурги илмию эстетикӣ мебошанд. Аз ин лиҳоз, ҳифзи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта, таҳия намудани чораҳои муассир ва таъхирнопазирро тақозо менамояд.
Зарурияти ҳифзи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи набототу ҳайвонотро ба эътибор гирифта 1 марти соли 1979 бо қарори Совети Вазирони Тоҷикистон Китоби сурхи Тоҷикистон таъсис дода шуд. Нашри якуми Китоби сурхи Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба соли 1988 ба забони русӣ ва соли 1997 ба забони тоҷикӣ нашр гардидааст.
Китоби сурх – ҳуҷҷати илмиест, ки фаъолияти хоҷагии инсонро оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ба танзим медарорад.
Намудҳои наботот ва ҳайвоноте, ки ба ин китоб дохил карда шудаанд ба ҳифз ва ғамхории ҳамаҷониба эҳтиёҷ доранд.
Дар нашри якуми Китоби сурхи Тоҷикистон 162 намуди ҳайвонот ва 226 намуди растаниҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ дохил гардида буд. Нашри аввали Китоби сурхи Тоҷикистон тўли қариб 30 соли охир дар ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологии Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Дар асоси маълумотҳои ин китоб оид ба ҳифзи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи набототу ҳайвонот чораҳои муассир таҳия ва амалӣ карда шуданд.
Китоби сурх хуҷҷати рўзмарра ва ҷорӣ буда, маълумотҳои дар он овардашуда вобаста ба тағйиротҳое, ки дар сохтори табиии набототу ҳайвонот ба амал меоянд ба такмил ва навгонӣ эҳтиёҷ доранд. Бо мурури замон таҳти таъсири омилҳои гуногун, аз он ҷумла, фаъолияти номатлуби инсон шароити зисти набототу ҳайвонот ба тағйирот гирифтор мегардад ва намудҳои зиёдтаре дар арафаи маҳвшавӣ қарор мегиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё