КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Таҳлили таъсири омилҳои антропогенӣ ба олами ҳайвоноти Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар 50 соли охир дар таркиби олами ҳайвоноти Тоҷикистон тағйиротҳои зиёде ба амал омадааст. Дар давраи нисбатан кўтоҳи таърихӣ 3 намуди ҳайвоноти сутунмуҳрадор - паланги туронӣ (Panthera tigris virgata), суғури Мензбир (Marmota menzbieri), моҳии белбинии сирдарёӣ (Pseudoscaphirhynchus fedtschenkoi) пурра маҳв гардидаанд. Илова ба ин дар даҳсолаҳои охир дар хусуси дар таркиби фаунаи Тоҷикистон боқӣ мондани 5 намуди дигари ҳайвоноти сутунмуҳрадор леопарди наздиосиёгӣ (Panthera pardus ciscaucasica), мири мушони даштӣ (Mustela eversmanni), кабўтари синасафед (Columba leuconota), мори афъии даштӣ (Vipera ursinii) маълумотҳои эътимодбахш ва дақиқ вуҷуд надоранд.
Ба нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 222 намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи ҳайвонот, аз ҷумла 9 намуди нармбаданҳо, 81 намуди ҳашарот,
14 намуди моҳиҳо, 31 намуди хазандагон, 43 намуди парандагон ва 44 намуди ширхўрон дохил карда шудааст. Зикр намудан зарур аст, ки дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври иловагӣ 60 намуд ва зернамуди ҳайвонот, ки дар солҳои охир масоҳати паҳншавӣ ва шумораашон маҳдуд гардидааст дохил карда шудааст.
Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати популятсияи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи ҳайвоноти ва мақоми ҳифзи онҳо дар асоси талаботҳои Иттиҳоди байналхалқии ҳифзи табиат аз рўи категорияҳои зерин арзёбӣ карда шудааст:
- Намудҳои маҳвгардида – Extinct (EX) 2. Намудҳое, ки дар табиат маҳв гардидаанд – Extinct in the wild (EW) 3. Намудҳое, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор доранд – Critically Endangered (CR) 4. Намудҳое, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд – Endangered (EN) 5. Намудҳои осебпазир – Vulnerable (VU) Категорияҳои мазкур аз ҷониби Комиссия оид ба аз нобудшавӣ раҳоӣ додани намудҳо, ки дар назди Иттиҳоди байналхалқии ҳифзи табиат амал мекунад, таҳия карда шудааст ва аз моҳи январи соли 2001 инҷониб ҷиҳати арзёбии ҳифзи намудҳое (зернамудҳое), ки зери хавфи маҳвшавӣ қарор доранд, истифода бурда мешаванд.
Дар таҳия намудани нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.б. А.Саидов, д.и.б. И.Абдусаломов, д.и.б. Т.Хабилов, д.и.б. Т.Сатторов, д.и.б. З.Изатуллоев, д.и.б. Н.Борисов, д.и.б. С.Муҳиддинов, д.и.б. А.Қодиров, н.и.б. Р.Муратов, н.и.б. А.Абдулназаров, н.и.б. А.Расулов, н.и.б. Х.Амирқулов, н.и.б. М.Қадамшоев, н.и.б. А.Покивайлов, н.и.б. Ш.Мирзобаҳодурова, н.и.б. Ф.Ҳакимов, н.и.б. А. Давлатов, н.и.б. Ш.Назарова ва ходимони илмӣ Ғ.Каримов, К. Саидов, Т.Наҷмуддинов, Ф.Раҳимов иштирок намудаанд.
Муҳаррири илмӣ – А. Саидов, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов Зувайдулло Иззатуллоев Абдусалом Қодиров Салоҳитдин Муҳитдинов Сергей Борисов Шаҳодат Назарова Алексей Покивайлов Файзалӣ Ҳакимов Мамадшо Қадамшоев Абдулазиз Давлатов Азимҷон Расулов Хайрулло Амирқулов Ғафурҷон Каримов Тоҳир Сатторов Комилҷон Саидов Тоҷиддин Наҷмудинов Ислом Абдусаломов Рустам Муратов Абдулназар Абдулназаров Шаҳноза Мирзобаҳодурова Алихон Латифӣ Фаридун Раҳимов Толибҷон Хабилов Зайниддин Амиров 10
МУРАТТИБОН:
– доктори илмҳои биологӣ (ширхўрҳо)
– доктори илмҳои биологӣ (нармбаданҳо)
– доктори илмҳои биологӣ (ҳашарот)
– доктори илмҳои биологӣ (ҳашарот)
– доктори илмҳои биологӣ (ҳашарот)
– номзади илмҳои биологӣ (ҳашарот)
– номзади илмҳои биологӣ (ҳашарот)
– номзади илмҳои биологӣ (ҳашарот)
– номзади илмҳои биологӣ (ҳашарот)
– номзади илмҳои биологӣ (ҳашарот)
– номзади илмҳои биологӣ (моҳиҳо)
– номзади илмҳои биологӣ (моҳиҳо)
– номзади илмҳои биологӣ (моҳиҳо)
– доктори илмҳои биологӣ (хазандагон)
– ходими илмӣ (хазандагон)
– ходими калони илмӣ (хазандагон)
– доктори илмҳои биологӣ, академики АИ ҶТ (парандагон)
– номзади илмҳои биологӣ (парандагон, ширхўрон)
– номзади илмҳои биологӣ (парандагон)
– номзади илмҳои биологӣ (парандагон)
– номзади илмҳои биологӣ (парандагон)
– ходими хурди илмӣ (парандагон)
– номзади илмҳои биологӣ (ширхўрон)
– ходими калони илмӣ (ширхўрон) Номгўи намудҳои олами ҳайвоноти нодир ва зери хатари нестшавӣ қарордошта, ки дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё