Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Умуман, моддаи хориш андар миёни ду пӯст фароҳам ояд ва агар чизе аз ин андар тан ҷой дошта бошад, пас, ин хушкгар бувад. Шириниҳо модари хоришу табишҳоянд.
Гар аз баҳри он аксар вақт андар миёни ангуштон падид ояд, ки он ҷой аз ҳама камқувваттар аст. Гари беандоза бузург ҷароҳат аз худ ба ҷой гузорад ва ба парюну саъфа табдил ёбад. Равғанҳо инҳоро зиён доранд ва агар бими реш шудан набошад, сикангубин суд бахшад.
Фасли даҳум андар илоҷ

Ба ҳангоми муолаҷаи гар нахустин ва беҳтарин илоҷ ва он чизе, ки аксар вақт кифоят кунад, истифроғ намудан бо доруҳоест, ки хилти тези сӯхта ва балғами шӯрро берун оваранд. Сипас ғизоро ба ислоҳ оранд ва тадбири тарифизоянда ба кор бибаранд, чунонки инро андар (291) бобҳои ба ҳамин боб монанд донистӣ. [Низ] чизҳои обакии бемазаеро истеъмол кунанд, ки аз зуд гандидани онҳо эминӣ бошад. Мисоли онҳо тарбуз, коснӣ, коҳу ва монанди он бувад ва инҳоро аз берун низ [ба кор баранд]. Ҷимоъро бехӣ тарк кунанд, зеро он моддаҳоро ба сӯи берун равона кунад ва бухори гарми гандандаеро ба шӯр оварад, ки он ба ноҳияи сатҳи пӯст омада, андар он ҷой бигандад. Бинобар ин бӯи тан низ бад бигардад ва бинобар он фармудаанд, ки ба ҳангоми ғусли ҷанобат танро бояд молиш дод.
Доруҳои хуби истифроғоварандаи ҳар гуна моддаҳои гар аз ҷӯшонидаи афитимун бо ҳалилаи зард, шоҳтара, сано, баспоя ва афсинтин иборатанд. Гоҳе андар инҳо гул, тухми коснӣ ва монанди он биафзоянд, гоҳе ба иллати дорои хосият будан момирон ҳамроҳ кунанд ва гоҳе дигар андар онҳо маҳмуда биафзоянд. Инчунин, чилғӯза ва маҳмуда ба ғоят хубанд.
Як ҷӯшонидаи хуб: бист дирамӣ ҳалилаи зард ва мавизро гирифта, бо се ратл об то сеяки он боқӣ мондан биҷӯшонанд ва биполанд. Сипас аз маҷмӯи оби он ду сеяки як ратл гирифта, даҳ [дирам] хиёршанбарро андар он тар кунанд ва инро низ полида, андар он як дирам ғориқун афзоянд.
Як ҳабби хуб, ки он ҳабби шоҳтара бувад: панҷ дирамӣ ҳалилаи сиёҳ, ҳафт дирам сабри асқутарӣ ва [147] панҷ дирам маҳмударо гирифта, онҳоро пайваста бо оби шоҳтара маъҷун созанд, бигузоранд хушк шавад, сипас бори дигар об диҳанд ва боз бигузоранд, то хушк шавад.
Ин кор се бор такрор кунанд ва ҳар боре онро ба сони ошом гардонида, сипас бигузоранд, то қивом ёбад ва баъд аз он ҳабб созанд.
Як доруи қавӣ аз барои гари куҳан: як дирамӣ ҳалилаи зард, балила, омула ва баранги сафедкардаи кобулӣ ва ду дирам турбидро гирифта, бо фониз сиришта кунанд ва қурс созанд. Як ошомиданӣ аз ин аз барои исҳоли пурра овардан аз даҳ то понздаҳ–бист дирам ва бо оби гарм бувад. Бошад, ки ба ҳангоми ошомидан андар он маҳмуда биафкананд.
Агар ошомидани сабрро пайваста давом диҳанд, бошад, ки аз гари бади куҳан раҳоӣ бахшад, лекин онро се рӯз ва ҳар рӯзе як мисқолӣ думодум биошоманд, сипас

се рӯз рӯз андар миён афканда, биошоманд, ё се рӯз тарк кунанд ва боз пайваста биошоманд. Агар саҳҷ рӯй диҳад, онро бо ҳуқна муолаҷа кунанд. Ин судбахш буда, гарро аз бун бибарад. Агар онро андар оби гандано тар кунанд ва бо он каме оби бодиён (ба шарте аз барои ин ягон монеае набошад) ҳамроҳ карда, биошоманд, хуб аст ва бояд миқдори сабр андар ин [таркиб] аз як дирам то як мисқол бошад. Агар пайваста истеъмол кардани он таҳаммулнопазир бошад, онро тарк кунанд.
Обҳои олу таркарда низ судбахшанд. Ё рубби ҳалилаи зардеро ба кор баранд, ки аз тариқи оби андар он [ҳалила] ҷӯшонидаро андар офтоб хушконидан ҳосил кунанд. Аз барои гари тар аз панҷ то даҳ дирами онро бо шакар бигиранд ва ин миқдор барои гари сафровӣ ва гари тар [кифоят бошад]. Ба ҳамин монанд метавон аз ҳамаи исҳоловарандагони донагӣ аз тариқи ба якдигар омехтани онҳо руббҳову ҳаббҳо омода сохт.
Оби панирро агар ҳар рӯзе ба тарзе, ки андар боби пешомада ёд шуд, бо афитимун ба кор баранд, хуб аст ва [истеъмоли он] бо ҳалила ва афшураи шоҳтара якчанд рӯз пай дар пай ба ғоят хуб бувад. Яке аз доруҳои ба равиши доруҳои ба нармӣ поксозанда ин аст, ки ҳабби сабрро бо маҳмуда ва заъфарон ба кор баранд ва ба ҳар як ошомидан ба қадри панҷ нахӯд аз он бигиранд. Нусхааш чунин аст: як дирамӣ ҳалилаи зард ва сабри асқутарӣ, як дирамӣ касиро ва гул ва сеяки як дирам заъфарон. Инчунин, аз доруе, ки андар он баранг бидарояд ва мо онро ёд кардем, як-ду рӯз аз ду то се дирамӣ истеъмол кунанд.
Гурӯҳе гуфтаанд, ки агар истифроғҳоро бисёр ба кор бибарӣ ва ҳеҷ раҳоию судбахшӣ ҳосил нагардад, беҳтар он аст, ки [тадбирро] сабук сохта, ба худованди иллат ҳар рӯз пагоҳӣ ва шомгоҳӣ танҳо писти гандум бо шакар ва оби бисёр бидиҳӣ.
Гуфтаанд, ки яке аз тадбирҳои барои худованди гари хушк ва хориши дуруштиоварандаи пӯст судбахш чунин аст: се рӯз ва ҳар рӯзе як саду сиҳ дирам равғани кунҷидро бо (292) ним чанди он аз сикангубин ва ё монанди он биошоманд. Бархе аз одамон бо ин оби унноб биомезанд. Мо инро чун санҷидем, онро доруи ба ғоят [хуб] дарёфтем, вале меъдаро сустӣ оварад.
Яке аз доруҳои мураккаби муносиби ин доруҳо [доруи] зерин аст: рими сим, мурдосанг, қанбил281 ва зардчӯбаро [гирифта], бо сирко ва равағни гул маъҷун созанд ва тило кунанд. Ин аз барои [гари] қавист. Инчунин, [доруи дигаре] сабуктар аз он ним дирамӣ гили арманӣ, кофур ва заъфарон бо сиркост. Оби унсул ва равғани гул ба таври умум барои намуди сабуки [беморӣ] буванд, вале аз барои [бемории] каме қавитар тухми розиёнаро282 бо сирко ва равғани гул совида, андар гармоба ба кор баранд. Оби анори туруш, равғани гул ва бура низ ҳамчунин аст ва аз ҳама беҳтар оби анорест, ки андар он қувваи дилааш ҷой дошта бошад. Ҳамчунин орди наск, гили сурх ва сиркоро ба ҳам омехта, андар офтоб биниҳанд, то битафсад ва сипас тило кунанд.
Маъҷунҳое, ки ба истеъмоли онҳо эҳтиёҷ аст, мисли маъҷунҳоеанд, ки худовандони парюн, саъфа ва баҳак ба ошомидани онҳо эҳтиёҷ доранд, яъне ман нарми онҳоро дар назар дорам. Мисоли ин итрифали хурди бо кишмиш сохта ва ё маъҷуни зерин мебошад: ду дирамӣ сано ва шоҳтара, чаҳор дирам ҳалилаи зард ва ду чанди ҳамагон кишмиши ангубинзада бигиранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ