Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бисёр зимод кардани он бо туфолаи фуққоъ низ ҳамин гуна бувад ва он рост шудани нохунро осон бигардонад. Ҳамчунин, агар даст таҳаммул кунад, онро бо мум тафсонда, рост кун. Сирешуми сарв аз барои нарм сохтани он зимодвории хубест.
Зағир низ аз барои ташаннуҷ хуб бувад. Агар пиҳи гудохтаи гӯсфандро якчанд рӯз бар [нохун] баста доранд, онро нарм бигардонад. Агар нарм нагардад, ин корро то нарм шудан ва аз барои рост шудан омода гардидани нохун якчанд бор такрор кунанд.
Фасли дувоздаҳум андар баёни ҳилаҳои кандани нохуне, ки аз ҷиҳати ҳайъат, ранг ва дигар нуқсонҳо баднамуд аст, то ба ҷои он нохуни хуб бирӯяд

Сирешуми сарвро гирифта, якчанд рӯз бар нохуни палиди дардманд зимод кунанд, то нарм гардад. Сипас буни онро сӯзан бизананд, то хуни бисёре аз он биравад.
Баъд, бар вай як шабу як рӯз сири кӯфта барбанданд ва сирро ба шаб ва ба рӯз [якборӣ] ду бор дигар кунанд. Ин нохунро биафтонад. Агар пайваста бо мавиз зимод кунанд ва хусусан агар бо он говшир ва ё гӯгирди кӯфтаи бо пиҳ совида ҳамроҳ карда бошанд, низ нохунро барои бо андак тадбире афтидан омода созад.
Яке аз доруҳои қавӣ аз барои кандани нохун кабикаҷ мебошад. Инчунин, мавизаки асалии булут, софсиё, зирних ва коғнаҳоро бо сирко якҷоя сохта, бо он пайваста нохунро зимод кунанд ва ҳар чанд рӯз як бор бикушоянд.
Инчунин, ҳар ду навъи зирних, гӯгирди зард ва сақизи хинҷакро бо сирко зимод кунанд ва ҳар ҳафтае як бор бикушоянд.
Фасли сездаҳум андар муроот кардани нохуни рӯянда

Бояд ба ҳила онро пинҳон кард, аз расидани даст, ҳаво ва ғайра паноҳ дошт ва онро бипӯшид. Созгортарин чизе, ки аз барои ин ғараз маълум аст, [тадбири зерин бувад]: барои сари ангушт як чизе шабеҳи кулоҳак аз сим бисозанд, ки он дорои панҷараву сӯрохҳо бувад, то роҳи ҳаво тамоман баста нагардад. Агар ба сабаби гармӣ, ё сардӣ ва ё ғайри он боз доштани ҳаво лозим ояд, ӯро бо ягон чизи дигаре бипӯшанд. Бояд шакли ин кулоҳак тавре бошад, ки аз сӯи нохун кушода буда, ба ангушт нарасад, вале аз сӯи дигар ангуштро бифишорад ва расида истад.
[Кулоҳакро] ба муддати як моҳ бар ангушт бипӯшанд ва андар ин муддат нохуни хуб ҳар қадар ки мумкин аст, бирӯяд.

Фасли чаҳордаҳум
андар баёни
барасе, ки бар нохунҳо падид ояд

Гавзи сарвро гирифта, бикӯбанд ва бо сирко, орд ва хусусан орди боқилии мисрӣ сиришта, зимод кунанд, барасро биравонад. Зағир бо сипандон ва инчунин дурди сӯхтаи омехта бо зирнихи сурх ва ротиёнаҷ ҳамчунин буванд. Зифти тар хусусан бо зирнихи сурх шигифтовар аст. Сирешуми моҳӣ ба ғоят аҷиб аст ва бехи туруша аз тариқи тило кардан бо сирко ҳамчунин бувад.
Фасли понздаҳум андар баёни зардие, ки нохунҳоро ориз бигардад

Онҳоро бо мозу ва замч ва ҳамроҳи пиҳи мурғобӣ ва заҳраи гов ва ё бо тухми таратезаке тило кунанд, ки нарм кӯфта, бо сирко сиришта бошанд.
Фасли шонздаҳум андар баёни кӯфтагии нохунҳо

Нахуст бо барги мӯрд ва ё барги нарми анор ва сипас бо доруҳои нармкунанда зимод кунанд. Агар сарҳои асабҳои андар нохунҳо ба охиррасандаро парешонӣ ориз гардида бошад, барои онҳо пиҳҳои маъруф ва мумравғанҳои нармкунанда ба кор баранд.
Фасли ҳафтдаҳум андар хуни мурдае, ки андар зери нохун аз кӯфта шудан падид ояд

Инро аз тариқи бо орди омехта бо зифт зимод кардан муолаҷа кунанд. Агар аз ин бениёзӣ ҳосил нашавад, балки агар ба дасткорӣ эҳтиёҷ биафтад, бояд нохунро бо афзори тез бо эҳтиёт ба вуреб бишикофанд, то хуни андар зери он буда берун ояд. Агар нохунро аз он сабаб канда шудан ориз бигардад, бигузор хун биравад ва баъд нохунро бо эҳтиёт бар чизи андар зераш буда бичаспон, то он ҳамчун пӯшише бошад ва [гӯшт] озор наёбад. Сипас баъди якчанд рӯз бинигар, ки агар ягон зардобе падид омада бошад, нохунро бе ҷой кун ва ё бо эҳтиёт шикофта, дубора ба ҷояш баргардон ва бибанд. Гӯштро кушода надор, ки аз он дарди азиме бузургтар аз нохунхора бархезад, балки онро пӯшида дор. Бар нохун (309) об ва равғани нимгарм бирез ва баъд аз он ба охири кор бар вай марҳами босалиқун бинеҳ.
Китоби оростагӣ поён ёфт ва бо ҳамин чаҳорумин китоб аз китобҳои ал-Қонун ба анҷом расид.
Сипос мар-Парвардигори ҷаҳониёнро ва дуруди Ӯ бар хоҷаи мо Муҳаммади Мустафо ва бар хонадону ёрони поки ӯ бод.

пешина
аз 1215
навбатӣ