Қонуни тиб

Умуман, ҳар киро, ки ҳисси мағзаш қавӣ бошад, аз ҳама гуна сабаби сардардӣ оваранда, агарчи суст бошад ҳам, гирифтори сардард бигардад.
Хулоса, мағз ё ба иллати нотавонии хеш (андар бахши умури ҳамагонӣ дониста шуд, ки нотавонӣ ба бадии мизоҷ вобаста аст) ва ё ба иллати қавӣ будани ҳисси худ, ки аз ҳар сабабе агарчи сабук бошад ҳам, азоб мекашад, [таъсири] сабабҳои сардардоварандаро зуд бипазирад.
Инчунин бархе сардард аразҳои [зоҳирӣ] надорад, бархе боиси падид омадани аразҳое бигардад, ки ба ноҳияҳои сар хосанд, чунончи мумкин аст он, яъне сардард, аз шиддати дард андар ноҳияҳои сар варам ба амал оварад ва бархе аразҳое падид оварад, ки ба андомҳои дигар бигузаранд, масалан, мумкин аст газанд, зиён ва варами [мағз] ба буни асабҳо гузашта, боиси ташаннуҷ бигарданд ва ё аз он ҷо ба меъда сироят намуда, афтидагии иштиҳо, ҳукак, маниши гаштан, сустии гувориш ва монанди он ба амал оварад. Бидон, ки сардарди дерина ё ба балғам, ё савдо, ё камқувватии сар, ё омоси ба сахт шудан оғоз карда ва ё омоси гарми сахтшуда, ки [чунин ҳол] бисёр рӯй медиҳад, вобастагӣ дорад.
Сардард ва ҳамаи аразҳо гуногун ҳамешаванд. Беморӣ гоҳе гарданниҳанда бувад ва гарданниҳанда онест, ки андар нафси худ боздорандае надорад, то монеи тадбири лозима бигардад ва гоҳе саркаш, балки бо қаринае бувад, ки мумкин аст пеши тадбири лозимаро бигирад.
Масалан, мумкин аст сардард ва назла [якҷоя] ба амал оянд ва назла сардардро андар амри муолаҷаи лозимаи он халал бирасонад. Сардард инчунин ба эътибори дигар ҳам тақсим бигардад. Навъе аз сардард гоҳе касони дуруст ва бенуқсонро падид ояд ва навъе аз он бисёр бошад, ки касони ба омосҳо ва осебҳо гирифторро рӯй диҳад.
Қисме аз баданҳо омодаи пазируфтани сардарданд ва онҳо баданҳоест, ки сар ва андомҳои гуворандаи онҳо нотавонанд. Бинобар он андар [чунин баданҳо] бухори зиёд падид омада, ба меъдаҳои онҳо хилтҳои заҳравӣ бирезанд ва бар асари он сардард ба амал ояд.
Ба ғайр аз ин бахше аз чизҳои тановулшаванда сардардоварандаанд, ки онҳо зимни ҷадвалҳои доруҳои сода ёд шудаанд. Ҳамаи дегафзорҳо, хусусан салиха, қуст, заъфарон, дорчинӣ ва ҳамомо ва тамоми доруҳои бухороваранда, чи гарм ва чи сард, сардард биоваранд. Лекин агар [доруҳои бухороварандаи гарм ва сард] паиҳам истеъмол шаванд, яъне агар чизи бо гармии бухори хеш озордиҳанда пештар истеъмол шаваду аз паси он чизи бухори сарддиҳанда ба кор бурда шавад ва ё баръакс, он гоҳ онҳо [зиёни] якдигарро бигардонанд. Аммо агар озордиҳӣ на танҳо ба кайфият, балки ба камият бошад, пайдарпайии онҳо суде надорад, балки зиён хоҳад овард.
Сардарди сард ва иҳтиқон бештар вақт ҳангоми зимистон ба амал ояд. Агар тобистон шимолии камборон ва хазон ҷанубии серборон оянд, ба зимистон сардард зиёд хоҳад шуд. Аксар вақт сардард ба сабаби он бошад, ки шараён бухорҳои палидро ба сӯи сар бигузаронад.
Фасли дуввум
андар тафсили намудҳои сардарде, ки
аз бадмизоҷӣ падид ояд
Мо акнун оид ба ҳар як [банди] ҳамагонӣ ба тафсил сухан биронем ва инак тафсили якум. Мо бигӯем: Банди мизоҷҳо чунин аст: аз мизоҷи гарм, мизоҷи сард, мизоҷи хушк ва мизоҷи тар ба гунае, ки андар аслҳои ҳамагонӣ баён кардем, дардҳо падид ҳамеоянд, ҳарчанд ки ҳол андар мизоҷи хушк, чунонки медонӣ, таврест ки барои падид овардани дард камтаъсир аст ва мизоҷи тар аз ҷиҳати он ки мизоҷи тар аст, танҳо ҳангоме дардангезӣ кунад, ки моддаи таре вуҷуд дошта бошад [ва ин модда] аз он ҷиҳат боиси дард бигардад, ки бухор ва ё бод падид оварда, [бад-ин восита] гусастагии пайвастагӣ ба амал ояд. Мизоҷҳои гарми хушк ва сарди хушк бо ду кайфият дард ба амал оваранд ва низ ба ёрии ҳаракате дард биангезанд, ки поракунандаи пайвастагист. Аммо мизоҷҳои гарми тар ва сарди тар танҳо аз он ҷиҳат дардоваранд, ки онҳо гарм ва сарданд, на аз он ҷиҳат, ки таранд, магар ҳолати ёдшуда андар миён ҷой дошта бошад.
Пас сабаби мизоҷи гарм ё ин ки моддаи гарми хунӣ, ё сафровӣ ва ё мураккаби тези афрӯзандаест, ки бо кайфияти хеш таъсир бикунад; ё ин ки сабаби он бод ва ё бухори гарм аст; ё ин ки сабаби он ҳаракати гармиоварандаи ҷисмонӣ ва ё нафсонист, ба тавре ки як қисм аз он ҳаракатҳоро зимни аслҳои ҳамагонӣ (26) донистӣ; ва ё ин ки сабаби он, масалан, [14] дучор шудан бо оташ, ё сӯхтан андар офтоб, ё тановул кардани ғизо ва ё доруи гармкунанда ва ё ҳамсоягӣ ва анбозӣ бо андомҳое бувад, ки гарм гардидаанд.
Сабабҳои мизоҷи сарди сардардоваранда акси [сабабҳои ёдшудаанд] ва ту худ метавонӣ аз он ҷой онҳоро баршумарӣ.
Сабабҳои мизоҷи хушк ё аз қабили бодҳои самум ва зимодҳои гарм чизҳои берунаест, ки аз тариқи ҳал кардану сӯзиш овардан хушкӣ физоянд; ё чизҳои хушккунандаи табиӣ ва ё аразиест, ки ногаҳонӣ ва ғайриногаҳонӣ буда, ғизоро аз гузаштан ба сӯи сар боз доранд ва саранҷом андомҳои сар бихушканд, зеро ошомидан қатъ ва тарии аслӣ ҳал бигардад; ё чизҳои даруниест, ки бо ҳал кардани худ, ё бо истифроғ овардани худ ва ё бо ёрии хушккунандагии қувваи худ хушкӣ биоваранд; ё [сабаб ин аст, ки] ғизои аз ин гуна чизҳо ҳосилшаванда хушк ва ё камрутубат аст; ё [сабаб] ҳамсоягӣ ва анбозии [мағз] бо андомҳоест, ки хушкидаанд; [ё] сабаб ҳаракатҳои нафсонӣ ва ҷисмонии беандозаест, ки аз тариқи истифроғу таҳлил хушкӣ физоянд. Ҷимоъ, тозондани пешоб, хунравӣ, варзишҳои қавӣ ва истифроғҳо низ чунин буванд. Навъе аз ин истифроғҳо мисли истифроғҳои ҳамагонии тамоми тан ва ё истифроғҳои ҷузъии баъзе андом истифроғҳои андомҳоест, ки ғайри андомҳои сар буда, вале сар бо онҳо анбозӣ кунад ва навъе аз истифроғҳо мисли зуком, назла, хуни бинӣ ва синфҳои мухталифи кашидани [моддаҳо], ки ба ёрии доруҳои андар бинӣ афканданӣ, атсаоваранда ва ғарғарашаванда ба амал оварда ҳамешаванд, ба андомҳои сар тааллуқ доранд. Дигар аз сабабҳои хушкӣ агарчи ба истифроғ вобаста нест, масалан, [аз тариқи] рӯза доштан ва тарки таом кардан ва ё наёфтани хӯрок нарасидани моддаҳои рутубат аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор