Қонуни тиб

Ба ӯ аз ошомиданиҳо аз қабили оби ҷав чизе бидеҳ, ки рутубат оварад ва чизе мадеҳ, ки аз қабили сикангубин бошад ва [на чизе бидеҳ], ки латифкунанда, хушкиоваранда ва буранда бувад. Ҳар бор бибинӣ, ки табиат бастааст, ҳуқна бирез, то ки аз бироз бухорҳои озордиҳанда бархоста ба сар назананд. Бояд андар обҳои меошомидаи [беморон] беху тухми розиёнаи даштӣ ва бехи токи сафед, яъне фошро афканда бидиҳанд, зеро инҳо суд доранд. Як ошомиданӣ аз инҳо рӯзе як мисқол бувад.
Агар эшон инҳоро наошоманд, бояд ба таври номаълум андар таомашон афканд.
Ба наздики бемор бояд касоне нишинанд, ки бемор аз эшон шарм дошта, эшонро гиромӣ дорад, ҳамеша ронҳову соқи пойҳои беморро бояд бифишоранд, то ки бухор ба фурӯсӯ кашида шавад. Агар бими он бошад, ки беморон аз сари девонагӣ бар хеш ҷинояте хоҳанд кард, эшонро бояд сахт бибанданд ва андар қафас дароварда, қафасро андар меълоқи баланде чун ғанова биовезанд. Бояд ғизоҳои онҳо ба ҳар ҳол тар бошанд, вале ба изофаи рутубат набояд аз қабили нашоста ва монанди он чизҳое бошанд, ки боиси судда гарданд, зеро инҳо барои эшон сахт зиён доранд. [Инчунин] набояд чизе бидиҳанд, ки пешобро битозонад, чунки ин [низ] барояшон зиёнвар аст. Дигар илоҷҳои эшон иборат аз он чизҳоест, ки бояд аз онҳо эҳтиёт ва парҳез кунанд ва ин айни илоҷи [34] молихулиё буда, андар боби худаш мо онро ёд хоҳем кард. Ҳар гоҳ беморӣ паст шавад аз додани шароби бисёр омехта ба эшон боке нест, зеро ин барои эшон тарӣ ва хоб хоҳад овард.
Туро бояд, ки [беморро] аз [истеъмоли] чизҳои гарми тафсонанда дур бидорӣ.
Фасли нуҳум андар баёни молихулиё
Гардидани гумонҳо ва фикрҳоро аз маҷрои табиӣ ба
сӯи фасод, тарс ва бадӣ «молихулиё» гӯянд, чаро ки мизоҷи савдовӣ рӯҳи мағзро аз андарун ба ваҳшат оварда,
бо торикии худ онро битарсонад, чунонки торикии берунӣ боиси ваҳшату бим аст. Вале мизоҷи сардию хушкӣ зидд ва заифкунандаи рӯҳ аст, чунонки мизоҷи гармию рутубат чун мизоҷи шароб барои рӯҳ созгору қувватбахшанда бувад. Ҳар гоҳ молихулиё бо доду фиғон,
дарафтидан ва рамидагӣ мураккаб гардад, [ба дигар беморӣ] гузашта, онро «мониё» номанд. Ба ҳақиқат «молихулиё» гуфта, он [бемориеро] гӯянд, ки пайдоишаш аз
сабаби савдои носӯхта99 бувад. Сабаби молихулиё ё андар мағз бувад ва ё аз беруни мағз. [Молихулиёе, ки сабабаш] андар худи мағз аст, аз сабаби бадмизоҷии сарду хушке бошад, ки ё бе модда буда, гавҳари мағзро гаронӣ оварда ва мизоҷи нуронии рӯҳро ба тирагӣ бикашад
ва ё бо модда бошад. Агар бо модда бошад, ин модда ё
андар рагҳо буда аз ҷойҳои дигар омада бошад, ё аз тариқи сӯхтан ва ё тира шудани чизи андар рагҳо буда падид омада, ба савдо мубаддал шуда бошад ва ин [ҳолат]
аксарият ё андар ҷирми мағз ҷабида шуда бошад ва ё бо
кайфият ва гавҳари хеш озордиҳандаи мағз буда, андар
шикамҳои он бирезад. Бисёр бошад, ки чунин [молихулиё] аз тариқи табдилёбӣ аз саръ падид ояд.
Он сабаби молихулиё, ки аз беруни мағз аст, ба анбозии чизи дигаре бошад, ки аз он хилте ва ё бухори торикиовар бархоста, ба сӯи мағз ояд. Ин чиз ё тамоми тан ба ҳангоме бошад, ки мизоҷи савдовӣ бар он фармонраво гардидааст; ё испурч ба ҳоле бошад, ки андар он савдо банд гардида, [испурч] онро пок кардан натавонад ва ё оҷиз омада, бар кашидани савдо аз [таркиби] хун қодир набошад; ё бад-он сабаб бошад, ки испурчро омосе падид омада бошад ва ё омос набошад, балки офати дигаре бошад; ё ин ки ба сабаби шиддати гармии ҷигар бошад; ё он чиз чунин ҳолати мароқ бошад, ки андар он фазлаҳои ғизо ва ё бухорҳои рӯдаҳо рӯи ҳам ҷамъ шуда бошанд ва хилтҳояш сӯхта, ба ҷинси савдовӣ табдил шуда бошад, ки он боиси падид омадани омос ва ё падид наомадани он бигардад ва аз он бухорҳои торикиовар ба сар бизананд. Инро «дамиши мароққӣ», «молихулиёи дамишовар» ва «молихулиёи мароққӣ» номанд. Аксар вақт ин аз сабаби омоси (66) даромадгоҳҳои ҷигар падид ояд, ки бар асари он хуни мароқ бисӯзад. Ин ҳамон чизест, ки Ҷолинус онро сабаби молихулиёи мароққӣ донад. Вале Диюқилис100 ва Руфус сабаби онро шиддати гармии ҷигар ва рӯдаҳо пиндоранд. [Гурӯҳе дигар сабаби онро ба шарти будани омос аз суддаҳое донанд, ки андар рагҳои бо номи «мосориқо» маъруф воқеъ шаванд]101 ва гурӯҳе дигар сабаби онро на ба шарти будани омос аз суддаҳои андар мосориқо воқеъшаванда донистаанд. Касоне, ки сабаби ин гуна [молихулиёро] андар суддаҳои мосориқо ҳисобидаанд, чунин далел овардаанд, ки ғизои ин гуна [беморон] ба рагҳо намегузарад ва бад-ин сабаб он табаҳ бигардад. Касоне, ки ин [молихулиёро] аз омос донистаанд, чунин далел овардаанд, ки таом аксар вақт андар [меъдаи] эшон хом ва ба ҳоли хеш дер бимонад. Ин омос аз баҳри он гарм нест, ки андар ин ҳол таб, ташнагӣ ва заҳра қай кардан мушоҳада намешавад.
Гоҳе мумкин аст сабаби падид омадани он аз беруни мағз ва сарчашмаи зодани он андар мағз бошад, чунонки агар андар меъда омоси гарм бошад, бухори он рутубатҳои мағзро бисӯзад ва ё [ин омос] мумкин аст андар заҳдон ва ё дигар андомҳои бо сар анбоз ҷой дошта бошад.
Сабаби [молихулиёе], ки аз сармо ва хушкии бе модда ба амал ояд, бадмизоҷии савдовии бе модда ва ё бо моддаи дил аст, ки андар он мағз анбозӣ дорад, зеро рӯҳи нафсонӣ бо рӯҳи ҳайвонӣ пайваста ва аз гавҳари ӯст. Бинобар ин, мизоҷи фосиди савдовии он мизоҷи мағзро табаҳ кунад ва савдовӣ бигардонад. Гоҳи дигар сабабҳои сардиоваранда ва хушкифизояндаеанд, ки танҳо аз дил нестанд, вале мумкин ҳам нест, ки бе анбозии дил бошанд. Балки шояд бахши бузурге аз сабабҳои ин [молихулиё] аз дил бошад. Бинобар ин, ҳангоми ин беморӣ аз якҷоя муолаҷа кардани мағз бо дил чора нест.
Бидон, ки агар хуни дил гарон, тунук, равшан ва фараҳфазо бошад, бо фасоди мағз бикӯшад ва онро ба ислоҳ оварад. Балки ҷои шигифтӣ нест, ки ҳарчанд ин гуна иллатҳо андар мағз устувор гардидаанд, вале саргаҳи онҳо ба бештари ҳолатҳо аз дил бувад, зеро чунин ҳодиса нав нест, ки нахуст мизоҷи дил табаҳ бигардаду сипас мағз ба он пайравӣ кунад ва ё мизоҷи мағз табаҳ бигардаду сипас дил бад-он пайравӣ кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор