Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Тадбири нахустини саръ бартараф кардани (84) он сабабҳоест, ки муҳаррики саръанд ва мо онҳоро ёд кардем.
Оромию осудагӣ барои [бемор] авлотар аст, вале агар баъд аз истифроғ ва пок кардани тан, ки зикраш пеш гузашт, ба варзиш эҳтиёҷ афтад, бояд на аз паси пурии шикам варзишеро ба кор бурд, ки [беморро] ба дараҷаи мондагӣ нарасонад ва баъди он дам бояд гирифт. Бояд кӯшид, ки сари [бемор] рост биистад, ба қадри имкон на хамида гардад ва на бисёр ҳаракат кунад, то ба сӯи он моддаҳо кашида нашаванд. Бояд бахши фурӯсӯ беш аз бахши барсӯ биҷунбад. Яке аз роҳҳое, ки моддаро ба поин бикашанд, ба тадриҷ аз сина ва наздикии он оғоз карда, то ба фурӯсӯви танро молидан аст. Бояд бо пораи дурушт молиш бидиҳанд, то тан сурх бигардад ва сипас [молишро] ба тадриҷ то ба соқ бирасонанд. Бояд ҳар молиши баъдина аз аввала сахттар бошад ва сарро андар [ҳама] ҳолатҳо рост бидоранд. Баъди ин беморро роҳ рафтан бифармой. Ӯро бояд андар маҳалли варзиш дам бидиҳӣ, то ки нафасаш боз ояд ва изтироби он хомӯш гардад. Баъд аз он аз маҳалли варзиш бираванд. Агар ҳамаи моддаҳо ба фурӯсӯ кашида шуда бошанд, беморро равост, ки сарро молиш бидиҳад ва шона кунад, то бад-ин роҳ, сурх гардида, мизоҷи сар дигаргун шавад. Яке аз чизҳои судманд гузоштани миҳҷама бар сар ва доғ ниҳодани он аст, то мағз гарм бигардад.
Баъд аз чанд рӯзи поксозӣ, исҳол ва дамгирӣ, агар ба гармоба равад, боке нест. Бояд бар зери сари паҳлуҳои [чунин беморон] миҳҷама ниҳӣ ва сарашонро бо доруҳое, ки донистаӣ, гарм созӣ. Гоҳе ба ҳангоми навбати [саръ] гӯйи нарми хусусан аз мӯй сохташудаеро андар миёни дандонҳои [бемор] бигузоранд, то ки даҳонаш боз монад. Бояд ба ҳасби модда ба истифроғи он оғоз кард ва сипас бо доруҳои ғарғарашаванда ва кашандаи модда ба пок сохтани сар бипардозанд. Агар саръ ба таври даврӣ зоҳир шавад ва бо афзоиши хилтҳо афзоиш ёбад, бояд баробари расидани баҳор барои эҳтиёт ва барои берун кардани хилте истифроғ карда шавад, ки чи навъе, ки ёд хоҳем кард, ғолиб аст. Агар ягон чиз монеи раг задан набошад, ӯро раг бизананд. Баҳорон раг задани [бемори саръ], хусусан аз пойҳо, яке аз корҳои судманд бувад, ба шарте, ки ин кор боиси сардии мағз нагардад, чунонки баъд ёд хоҳем кард. Агар вақти навбати [саръ] расида бошад, имконияти пари равғани савсанандударо андар гулӯяш дароварда, қай овардан бошад ва хусусан агар андар ин ҳолат меъдаро роҳи гардонидани рутубат ҷой дошта бошад, зуд [қай оварда, меъдаро] пок кунанд, вале қай зиёд ба кор бурдан саръи аз мағз падидомадаро зиён дорад.
Баъзе аз доруҳое, ки ҳангоми саръ ва ғайри он андар гулӯ бирезанд, ангужад ва гунди бедастар бо сикангубини ангубинист ва аз ҷумлаи доруҳое, ки аз барои саръ ба бинӣ бидаманд, дилаи ҳанзал, хиёри даштӣ ва фишурдаи он, навшодир, сиёҳдона ва монанди инҳост. Кундуша, харбақи сафед, мурч, занҷабил, мурр, фурбиюн, гунди бедастар ва устухудусро ё алоҳида ва ё ба шакли мураккаб ба кор баранд. Ангужад, зифт ва қатрон [низ аз ин ҷумла буванд]. Аз ҷумлаи доруҳои бахуршаванда фовониёст. Яке аз доруҳои бӯиданӣ судоб аст, ки ҳам вақти

саръ ва ҳам вақти оромӣ онро [бибӯянд]. Яке аз доруҳое, ки Ҳунайн ихтиёр кардааст, софсиёст, ки онро бо орди ҷав ва сиркои хамрӣ бисириштанд ва аз онҳо себчаҳо сохта, пайваста бибӯянд.
Аз ошомиданиҳо хусусан сикангубини унсулист, ки ҳар рӯз аз он ба [бемор] бидиҳанд. Шароби афсинтин, ҷӯшонидаи зуфо бо саътар ва ё сикангубини аз ҳар ду сохташуда низ чунин буванд. Инчунин, сикангубини унсулиро андар зимистон бо оби гарм ва андар тобистон бо оби сард ба [бемор] бидиҳанд Аз ҷумлаи доруҳои чарбкардании барои беморон хуб, чунонки гуфтаанд, ин мағзи пои гов119 аст, ки инро бо равғани гул бар гижгоҳиҳо, дарзҳо, сутунмуҳра ва сина [чарб кунанд]. Аммо овехтани фовониёро пешиниён чун санҷидаанд, барои саръ суд бахшидааст, вале шояд ин кор ба [фовониёи] румии тар хос бошад. Аз ҷумлаи доруҳое, ки ҳамеша бояд ба [бемор] дод, ғориқун, ангудони румӣ, суқурдиюн, бехи зарованди гирд ва фовониё буванд. Ҳар вақт аз инҳо ба [бемор] бо об бидиҳанд.
Ҳар рӯз ду бор – пагоҳӣ ва бегоҳӣ пеш аз хоб ба бемор додани сиёдаритусро мувофиқ дарёфтаанд ва ин яке аз доруҳоест, ки як олам [беморон] шифо ёфтаанд. Бархе аз барои [саръ] рӯзе ду бор ошомидани кафки дарёро беҳ донистаанд ва аз гесугуна ба сабаби хосияташ ва аз нармода низ [биошоманд]. Яке аз доруҳое, ки [беморони саръро] суд дорад, доруи исқил аст ва сифати он чунин аст:
исқилро гирифта, андар зарфи сафолине кунанд, ки андар он сирко гирифта бошанд ва даҳонашро бо даҳонбанд сахт бибанданд ва аз болои он чарми ғафсеро низ бибанданд. [Исқилро] андар он (85) бист рӯз пеш аз баромадани ситораи Шиъро ба муддати чиҳил рӯз нигоҳ доранд ва кӯзаро андар офтоб рӯ ба ҷануб ниҳода, ҳар дам кам-кам бигардонанд, то гармии бад-он расанда ба ҳамаи ҷузвҳои он баробар бирасад. Баъд кӯзаро чун бикушоянд, исқилро сахт пухта дарёбанд. Сипас онро фишурда, обашро бигиранд ва бо ангубин омехта, ҳар рӯз як кафча аз он ба бемор бидиҳанд. Агар шитоб дошта бошанд, исқилро андар об ва сирко пухта, аз он сикангубини ангубинӣ созанд.
Яке аз доруҳои барои [чунин беморон] хуб ин аст, ки се мисқол сисолиюс, се мисқол донаи даҳмаст, ду мисқол зарованди гирд, ду мисқол бехи фовониё ва як мисқолӣ аз гунди бедастар ва қурси исқил гирифта, ҳамаро бо ангубини кафкаш баргирифта бисириштанд ва ҳар рӯзе бо сикангубин аз он истеъмол кунанд.
Яке аз чизҳое, ки эшонро судманд аст, гардиш кардан андар кишварҳост, то ба ҳавои созгори нарми сабуке дучор оянд, чунонки дигар шудани синну сол ва гузаштан аз кӯдакӣ ба барноӣ аз ҷиҳати суд доштан барои касони гирифтори саръ низ чунин бошад. Ҳар гоҳ касони ба саръ гирифторро печидагии андом ва ташаннуҷе падид ояд, онро аз тариқи [44] бо равған ва оби нимгарм молиш додан ва сахт фишурдан рост кунанд. Агар саръ аз мағз бошад, беҳтар он аст ки бо харбақ чизҳои қоиммақоми он, дилаи ҳанзал, маҳмуда, ёраи фиқро ва ҷӯшонидани ғориқун пайдарпай андар як сол як чанд бор шикам оварда, истифроғ кунанд. Агар кадом хилте бошад, раг задан воҷиб ояд, андар ин кор кӯтоҳӣ накарда, бояд агарчи аз қифоли ҳар ду даст бошад ҳам, раг бизад ва баъди он раги зери забонро боз кард.

пешина
аз 1215
навбатӣ