Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Буқрот гуфтааст, ки агар сакта қавӣ бошад, худованди он шифо наёбад ва агар сабук бошад, ба осонӣ сиҳат шавад.
Баста шудани [гузаргоҳи рӯҳ] ё ба сабаби пӯшида шудан аст ва ё ба сабаби пурӣ. Пӯшида шудан онест, ки ба сӯи мағз чизи дардовар ва озордиҳандае меояд ва аз он [мағз] ҳаракати кашидашавӣ ба амал меорад ва ё кайфияти ба сӯи мағз расида ба табъи хеш мисли сармои сахт қабзкунандаи зичкунанда аст. Аммо пурӣ ё варамангез аст ва ё ғайриварамангез. Пурии варамангез онест, ки андар мағз моддае ҳосил шавад, ки ё аз ҷиҳати пурӣ судда оварад ва ё аз ҷиҳати дамидагӣ. Ин аз ҷумлаи навъҳои душвори сакта аст, ки хоҳ модда гарм бошад, хоҳ сард, фарқ надорад. Пурие, ки ғайри варамангез аст ва андар бештари ҳол ҳамин [пурӣ] ба амал ояд, ё андар худи мағз ва ба наздикии роҳҳои аз мағз ояндаи рӯҳ падид ояд ва ё андар роҳҳои ба сӯи мағз равандаи рӯҳ.
Оне, ки андар роҳҳои аз мағз барояндаи рӯҳ падид ояд, ё хилти хушкест, ки якбора ба шикамҳои мағз бирезад ва ё хилти балғамӣ бувад, ки ин намуд ғолиб, бисёр ва бештарист. Аммо оне, ки андар роҳҳои ба сӯи мағз равандаи рӯҳ падид ояд, ин ҳангоме бошад, ки шараёнҳо ва рагҳо аз шиддати пурӣ ва зиёдии хун баста бигарданд ва рӯҳро гузаргоҳе боқӣ намонда, дамгир шавад ва аз ин (87) он гуна афтидагии ҳиссу ҳаракате ориз бигардад, ки ҳангоми фишурдани ду раги хоб ориз гардад.
Агар мисли ин гуна ҳол аз сабаби бадание воқеъ шавад, чунин корро ба амал хоҳад овард. Ин буд гунаҳои сакта ва сабабҳои он.
Гоҳе «сакта» гуфта, фалаҷи ҳамагонии ҳар ду нимро гӯянд, агарчи андомҳои рӯй солим бошанд. Гохе истирхои як нимро сактаи ҳамон ним мехонанд. Ин андар гуфтаи Буқрот омадааст. Гоҳе инсонро чунон сакта бигирад, ки миёни ӯву мурда ҳеҷ фарқе набошад ва аз ӯ на нафаскашӣ ва на чизи дигаре зоҳир нагардад. Сипас ӯ зинда монда, дуруст шавад. Мо аз ин гуна беморон мардумони зиёдеро дидем, ки ҳолашон чунин буд, нафаскашиашон зоҳир набуд ва набзашон тамоман афтида буд.
Чунин ба назар бирасад, ки гармии модарзодии [45] эшон ба шамол хӯрдан ва барои рондани бухори дудӣ аз хеш ба нафаскашии бисёр чандон майли зиёд надорад, аз баҳри он ки вайро сардӣ ориз шуда бошад. Бинобар ин, беҳтар аст гӯронидани аз сакта мурдагонро на камтар аз
72 соат ба таъхир гузошт, то ҳолашон маълум бигардад.
Андар бештари ҳолатҳо сакта кушода шуда, фалаҷ бигардад. Аз баҳри он ки чун табиат аз рондани модда аз ҳар ду ними тан оҷиз ояд, онро ба сӯи нимаи бештар пазирандаи офат ва заифтар биронад ва онро аз мағз ва шикамҳои он дур карда, андар сӯрохҳои гузаргоҳҳо ҷой кунад. Далели он ки судда ҳангоми сакта шомили ҳамаи шикамҳои мағз аст, ин аст, ки агар танҳо андар шиками пасин мебуд, бояд ҳис андар бахши пешини сар ва рӯй бекор намешуд. Буқрот гуфтааст: «Ҳар киро андар ҳоле, ки тандуруст аст, ногаҳон андар сар дарде падид ояд ва сипас сакта бишавад, ин гуна шахс пеш аз фаро расидани рӯзи ҳафтум бимирад, вале агар ӯро таб ориз

бигардад, умеди [дуруст] шудан бошад, яъне баробари таб умед аст, ки фазла ҳал шавад».
Бидон, ки бештари сактае, ки ориз бигардад, касонеро ориз бигардад, ки дорои синну сол, бадан ва тадбирҳои тармизоҷ буда, хусусан агар баробари тарӣ [андар эшон] сардӣ ҷой дошта бошад. Агар сакта каси гарммизоҷ ва хушкмизоҷро рӯй диҳад, кор ба мушкилӣ кашад, чунки бемории зидди мизоҷ ҷуз ба иллати бузургии сабаб ба амал намеояд. Гоҳе мизоҷ чандоне аз [беморӣ] дур бошад, ки онро таҳаммул кардан натавонад. Бисёр кам бошад, ки аз гармӣ сакта ба амал ояд. Ҳар гоҳ моддаи фалаҷ ба ду паҳлу густариш ёбад, боиси падид омадани сакта хоҳад шуд, чунонки агар моддаи сакта фишурда ба як бар биравад, фалаҷ падид ояд. Бештари сабаби сакта андар ду шиками пасини [мағз] ҷой дорад. Агар ҳамроҳи сакта таб ҳам бошад, пас, аксар вақт андар он ҷой омос ҳам вуҷуд хоҳад дошт. Касоне, ки ба иллати савдовӣ будани хунашон ба бисёр раг задан эҳтиёҷ доранд ва аз раг задани бисёр суд бигиранд, вале саранҷом хасорат дида, ба сакта ва монанди он гирифтор оянд.
Қобили сакта ва гижа будан122. Тановули ғизоҳои тез ба сабаби зуд ба амал овардани хилтҳои миронанда зуд [гижа] оварад ва мо чӣ гуна аз сакта огоҳӣ додани гижаро ёд кардем ва инро бояд аз он ҷой мутолаа кард.
Нишонаҳо: Фарқ миёни сакта ва субот он аст, ки каси гирифтори сакта хуррок бикашад ва нафасгирияшро осеб бирасад, вале каси ба субот гирифторро чунин ҳол падид наояд. Каси ба субот гирифтор тадриҷан аз хоби гарон ба субот гузарад, вале каси ба сакта гирифторро ин ҳол якбора ба амал ояд. Андар бештари ҳолатҳо пеш аз сакта сардард, дамидагии видоҷҳо, гижа, садар, сиёҳ задани чашм, паридани тамоми тан, дандон хоидан андар хоб, гаронӣ ва беҳавсалагӣ ба амал оянд. Аксар вақт пешоби [бемор] зангорӣ ва сиёҳ буда, андар он шини ба аррамайда ва сабӯс монанд мушоҳада шавад.
Он сактаеро, ки аз газанди омос, кӯфтагӣ, афтидагӣ ва анбозии дигар андом хезад, аз аслҳое метавонӣ бидонӣ, ки бароят такроран баён карда шудаанд. Аммо он сактае, ки аз омос ба амал ояд, аз падид омадани ягон табе ва аз нишонаҳои пешакие, ки мо барои омосҳо ёд кардем, холӣ нахоҳад буд. [Сактае], ки аз хун бошад, нишонаҳои хун, ки бисёрҳо ёд карда шуданд, аз он гувоҳӣ диҳанд. Ҳангоми он рӯй сурх, чашмон ниҳоят сурх, видоҷҳову рагҳои гардан дамидаи пур бошанд, вақти рагзании одатӣ ҳанӯз дур бошад ва бемор пеш чизе хӯрда бошад, ки хуни123 [зиёд] бизояд. [Сактае], ки аз балғам хеста бошад, намуди зоҳирӣ, ранги чашм, тарии бинӣ ва дигар нишонаҳои гуфташуда бар он гувоҳӣ диҳанд. Агар марди пирро гижаи доимӣ ва ё такрорёбанда падид ояд, ин ҳолат аз сакта огоҳӣ диҳад.
Илоҷ: Илоҷи (88) [сактае], ки аз газанди аз берун расида ба амал омадааст, чораи он сабаби беруна дидан бувад. Ҳангоми [сактае], ки аз анбозист, бояд андоми анбозро бо доруҳое тадбир кард, ки андар «Қонун» ва андар бобҳои дигар бароят оварда шудаанд. Тадбири оне, ки аз сабаби хун ба амал омадааст, зуд боз кардани раг ва рехтани хуни зиёд бувад, зеро [аз ин роҳ бемор] дарҳол ба ҳуш ояд. Баъди раг задан бо ҳуқнаҳое, ки худ медонӣ, ҳуқна бирезанд, то модда аз сар фурӯ хамад, ғизои [беморро] латиф сохта, танҳо бо гулоб, оби тунуки ҷав ва оби панир кифоят кунанд ва аз бӯиданиҳои медонистаат ба [бемор] чизҳоеро бибӯёнанд, ки мағзро қувват бахшаду вале гармӣ наоварад.

пешина
аз 1215
навбатӣ