Қонуни тиб

Аз инҳо ё ба шакли ҳабб ва ё бо шароби ангубин ҳар рӯзе ба андозаи як дирам биошоманд. [Созгортарини обҳо барои эшон оби борон аст]126. Варзиши муътадил ва равғанҳои гарм [низ] суд доранд. Чизҳое, ки барои асабҳо зиён доранд, инҳоянд: ҷимоъи бисёр ва ба ифрот; бо шиками пур хобидан; ошомидани яхоби сард; оби бисёр шакарзада ва шароби зиёд.
Зеро шароб сахт сӯзонад, кайфияти сиркоӣ бигирад ва ба изофаи инҳо сардӣ оварад. Ҳар гуна чизи бодангез, туруш ва ниҳоят сардиоварданда ва инчунин раг задани зиёд барои [чунин беморон] зиёноваранд.
Мо ҳамехоҳем андар ин мақола ҳар чиро аз бемориҳои асаб, ки мизоҷӣ ва ё суддавиянд, ёд кунем. Аммо омосҳову решҳои асабҳоро то ба [навиштани] китобе, ки баъди ин китоб ояд, мавқуф бигузорем.
Бидон, ки оби сард асабро аз он ҷиҳат зиён дорад, ки онро аз гуворидани рутубатҳои доштааш нотавон бигардонад ва онҳо ба [хилти] хом табдил ёбанд. Бидон, ки ғориқун асабро қавӣ, гарм ва нек пок кунад.
Фасли севвум андар баёни фалаҷ ва истирхо
[Лафзи] «фалаҷ»-ро гоҳе ба маънои мутлақ ва гоҳе ба маънои таҳқиқшудаи махсус ба кор баранд. Лафзи «фалаҷ» ба маънои мутлақ бад-он далолат кунад, ки истирхои ҳар гуна андоме бад-он далолат дошта бошад. Аммо фалаҷи махсус он истирхоест, ки як нимаи танро ба дарозо фаро бигирад. Навъе аз он чунин аст, ки андар як нима аз гардан оғоз ёфта ва баробари он рӯй ва сар солим монда бошанд ва навъи дигари он чунин аст, ки тамоми як нимаро аз сар то пой фаро бигирад. [Лафзи] «фолиҷ»
андар забони арабӣ ба ҳамин маъно далолат кунад, зеро «фолиҷ» андар забони эшон маънои пора ва ду ним шуданро дорад. Ҳар гоҳ лафзи «фалаҷ» ба маънои истирхо ба таври мутлақ гирифта шавад, пас, навъе аз он [фалаҷе] бошад, ки ҳар ду нимро ғайр аз сар фаро бигирад ва агар сарро ҳам фаро мегирифт, он гоҳ сакта мебуд. Ҳамчунин навъе аз он [фалаҷе] бошад, ки танҳо махсуси як ангушт бувад.
Пайдост, ки бекор шудани ҳиссу ҳаракат аз баҳри он бошад, ки рӯҳи ҳассос ва ё ҳаракаткунанда ё бандгардида, аз гузаштан ба сӯи андомҳо маҳрум мондааст ва ё гузаранда асту лекин андомҳо ба иллати табоҳ гардидани мизоҷ аз он мутаассир нашаванд. Мизоҷи табаҳшуда [табаҳшудаи] ё гарм, ё сард, ё тар ва ё хушк бувад. Чунин ба назар бирасад, ки мизоҷи гарм то ба ғоят нарасад, монеи ҳис нагардад, чунонки [ин ҳол] андар худовандони лоғарию диққ дида шавад, зеро андар эшон (91) бо вуҷуди гармӣ ҳиссу ҳаракат бекор нагардад. Ҳукми [мизоҷи] хушк ҳам қариб ҳамин гуна аст. Мизоҷе, ки аксар вақт монеи ҳиссу ҳаракат гардад, [мизоҷи] сард ва тар аст. Ин [ҳукм] аз ҳақиқат дур нест, зеро сардӣ зидди рӯҳ буда, ӯро карахт кунад ва рутубат аз эҳтимол дур нест, ки андомро [47] барои кунд шудан омода созад. Пас, ба ҳақиқат яке аз сабабҳои бекор шудани ҳаракат сардӣ ва рутубати бе модда аст, вале инҳо аз ҷумлаи чизҳоеанд, ки нест карданашон аз тариқи гармиоварӣ осон бувад. Эҳтимол [ин
бекоршавӣ] на аз он гуна бекоршавиҳоест, ки бештари тан ва ё танҳо як нимро аз ғайри ними дигар фаро бигиранд, балки он агар ба амал ояд ва ҳатмӣ бошад, танҳо як андомро ба амал ояд.
Чунин ба назар бирасад, ки фалаҷ ва истирхои бештарӣ он [фалаҷу истирхоест], ки ба сабаби банд гардидани рӯҳ ба амал ояд. Сабаби банд гардидан ё басташавӣ ва ё аз тариқи буридан порашавии масомҳо ва гузаргоҳҳоест, ки [рӯҳро] ба сӯи андомҳо бигузаронанд. Баста гардидан ё ба тариқи дармондани хилти суддаоваранда ва ё ба тариқи ҳолатест, ки ҳар ду ҳолатро дарбар бигирад ва [ин гуна ҳолат] омос бувад. Пас, сабаби истирхо ва фалаҷе, ки ба иллати мунқатеъ шудани рӯҳ аз андомҳо ба амал ояд, фишурда шудани масомҳо, ё пурӣ, ё ягон омосе ва ё аз ҳам гусехтани фард бувад. Фишурда шудани масомҳо гоҳе мумкин аст аз сабаби бастани банде аз берун, ба тавре ки онро бартараф кардан мумкин аст, ориз бигардад.
Ин гуна истирхо ва ин гуна бекоршавии ҳаракату ҳис ҳолати аразие буванд, ки бо кушодани банд бартараф бигардад. Ё мумкин аст гоҳе ба сабаби фишори сахте ба амал ояд, чунонки ҳангоми кӯфт хӯрдан ва ё афтидан чунин бошад ва ё чунонки ҳар гоҳ муҳраро ба яке аз ду сӯй
– ё ба тарафи рост ва ё чап майл карда, бишикананд, чунин ҳолат ба амал омада, асаби аз муҳраҳо берунояндаи ҳамон тараф фишурда бигардад. Аммо агар ба пеш ва ё ба пас [хам шаванд], аз ин андар бештари ҳолатҳо азҳамкашидашавӣ ба амал ояд, на фишурдашавӣ, зеро ба ҳам дучор омадани муҳраҳо ба ду сӯйи пешу пас на бар маҳалли беруноии асаб рост ояд, аз баҳри он ки баромадгоҳҳои асабҳо, чунонки медонӣ, на аз тарафҳои пешу пас ҷойгиранд. Гоҳе масомҳо ба сабаби ситабрии гавҳари андом фишурда шаванд.
Аммо пурии суддаоваранда аз сабаби моддаҳои тари ҷоришавандаест, ки андом онҳоро ба худ бикашад. Бинобар ин, онҳо ё андар саросари тиҳигоҳҳои асабҳо ҷорӣ шаванд ва ё андар саргаҳи асабҳо ва ё шуъбаҳои онҳо расида, биистанд ва роҳи рӯҳи андар онҳо гузарандаро бибанданд. Омос низ бад-ин гуна аст, ки андар растагоҳҳо ва шохаҳои асабҳо падид омада, гузаргоҳҳоро бибандад. Аммо буридашавие, ки асабро рӯй диҳад, агар ба дарозо бошад, ҳиссу ҳаракатро зиён наоварад ва агар аз бар бошад, ҳиссу ҳаракатро аз андомҳое боздорад, ки аз тариқи маҷроҳои миёни онҳову лифи ҳоло буридашуда хобида об хӯранд.
Бидон, ки ҳароммағз мисли мағз бар ду бахш аст, вале ин ба ҳис андар наояд. Чӣ гуна чунин набошад, ки ӯ низ аз ду бахши мағз растааст. Бинобар ин, ҷои шубҳа нест, ки табиат як нимаи онро ҳимоят карда, моддаро бад-он нимае биронад, ки заифтар аст, ё моддаро пеш аз ҳама бипазирад, ё ӯро кӯфт ва бархӯрӣ рӯй додааст ва ё аз он нимаи мағз, ки бад-он пайвастааст, фазлае ба сӯи ӯ ронда шудааст. Набояд аз он дар шигифт буд, ки иллат ба як ним махсус гардида асту ба ними дигар не, зеро табиат ба фармони Офаридгори хеш аз ин ҳам дақиқтар ҳаметавонад имтиёз бидиҳад. Инро аз он аслҳое ба ёд ор, ки андар Китоби нахустин бароят овардем127.
Бидон, ки бисёр вақт моддаи тар ба сабаби ғалабаи гармӣ бар тан ва ё ба сабаби ҳаракати ногаҳонии аз бим, ё тарс, ё лаззат ва ё андӯҳ баамаломада ба атрофи [тан] ронда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор