Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳоли асаб низ ҳамчунин аст.
Бархе аз ташаннуҷе, ки мансуб ба ягон модда нест, мумкин аст ба сабаби чизи озордиҳандае падид ояд, ки асабро писандида набошад ва асаб барои рондани он андар хеш ҷамъ ояд. Ин гуна сабаб ё дардест, ки аз ягон сабаби дардоваранда хеста бошад ва аксар вақт ин аз хилти гарми газанда падид ояд, ё кайфияти заҳрие бошад, ки ба сӯи мағз ва асаб гузарад, чунончи бар асаби каси каждумгазида чунин ҳолат рӯй диҳад ва ё кайфияти ғайри заҳрӣ бувад, чунончи аз сардии сахт ташаннуҷ падид омада, асабу мушакҳо ҷамъу фишурда шаванд ва ба сӯи саргаҳи хеш кашида гарданд. Чунонки истирхои андомҳо ба ҳасби саргаҳҳои асабҳои онҳо гуногун буд, ташаннуҷ ҳам ҳамин гуна аст. Қиёси ҳар ду аз ҷиҳати будан андар барсӯи гардан ва аз сӯи пеш як аст128 Сабаби зотии ташаннуҷи тари аз пурӣ баамаломада ё тарӣ ва сардиест, ки боиси фишурдаю ситабр гардидани [мушакҳо] гардида, онҳо боз шудан натавонанд ва ё хушкию гармие бошад, ки аз тариқи ҳал кардани рутубат бар бештар [фишурда гардидани мушакҳо] кумак кунад. Моддаи ташаннуҷ фақат ташаннуҷ оварад, на истирхо, зеро он ситабр аст ва на ба таври сироят намудану тар сохтан андар гавҳари лиф бидарояд, балки аз тариқи музоҳамат овардан ба шикофтагиҳо андар он бидарояд.
Ташаннуҷ чун саръи як андом аст, чунонки саръ ташаннуҷи тамоми тан бувад. Фарқи миёни ин ду чун фарқи умуму хусус аст. Аксар вақт саръ зуд кушода бигардад, даврагӣ бувад ва низ дигар фарқҳое дорад, ки онҳоро ҳамедонӣ.
Навъе аз ташаннуҷи тан андар занони ширдор ватарҳоро ба сабаби ҳамҷавории пистон ва тарӣ овардану баста гардидани шир андар пистон падид ояд. Навъе аз он мастонро ориз гардад ва навъе дигар андар бачаҳо ба сабаби рутубати эшон падид ояд. Ташаннуҷ аксар вақт бачагонро ҳангоми табҳои тез, ҳангоми гирифтани шикам, ҳангоми бедорхобӣ кашидан ва гиряи зиёд ба амал ояд. Эшонро ҳатто ҳангоми сабук будани табҳояшон низ ташаннуҷ ориз бигардад. Умуман, кӯдакон ба сабаби сустии қувваҳои мағзу асаб ва нотавонии мушакҳо ба осонӣ гирифтори ташаннуҷ шаванд ва (96) ба сабаби қавӣ будани қувваҳои ҷигару дилашон ва азбаски хилтҳои эшон саркаш ва чандон ситабр нестанд, зуд аз он шифо ёбанд. Кӯдакон ҳамчунин аз ташаннуҷи хушк ҳам ба сабаби тарии мизоҷу ғизои хеш зуд шифо ёбанд. Аммо калонсолонро ҳеҷ як аз ин ду амр ба осонӣ нагузарад. Вале кӯдаконро гоҳе аз паси табҳои тез ташаннуҷи бад падид ояд ва ҳамроҳи он нишонаҳое зоҳир бигарданд, ки мо онҳоро ёд хоҳем кард.
Эшонро кам тасодуф биафтад, ки аз ин гуна [ташаннуҷ] раҳоӣ ёбанд. Ҳар бачае, ки аз ҳафтсолагӣ бигузарад, ҷуз ба ҳангоми таби ниҳоят мушкил дигар ба ташаннуҷ гирифтор нахоҳад шуд.
Гунае аз ташаннуҷ ба иллати тарс ориз шавад, аз баҳри он ки рӯҳи густаришёфта якбора андарун биравад ва мушакҳо ба сӯи саргаҳҳои хеш ҳаракат карда, [рӯҳро] пайравӣ кунанд ва бар ҳамин ҳайъат сахт шуда, [боқӣ бимонанд].
Гунае аз ташаннуҷ бад-он сабаб ба амал ояд, ки ба бархе андомҳо ба ҳоле такя карда шавад, ки он дарҳамкашида аст ва бар асари он модда андар он рехта, банд бигардад ва он андом бар ҳайъати худ ва бар шакли дарҳамкашида [боқӣ бимонад]. Гоҳе мумкин аст аз сабаби кӯфтане, ки боиси чунин ҳолат бигардад, ё бардоштани бори гароне ва ё хобидан бар ҷойхоби сахт [ин гуна ташаннуҷ] падид ояд. Инҳо худ ба худ беҳ шаванд. Гоҳе ин гуна карахтӣ андомро аз он сабаб бирасад, ки моддаи рехташаванда пурӣ ба вуҷуд оварда, ҷои рӯҳи ҳаракатдиҳандаро танг кунад, ӯро гузаштан нагузорад ва бинобар ин ҳаракати кушодашавӣ номумкин бигардад. Ҳар гоҳ қувват боз омада, моддаро пароканда кунад, [андом] кушода шавад. Гоҳе ҳамин гуна ҳол ба сабаби аз ҳам кашида шудан ба амал ояд ва аксар вақт баъд аз хоб ҳангоми бархостан андомҳо дарҳамкашида бимонанд ва боз нагарданд, зеро рӯҳ низ ҳангоми хоб беҳавсалатар гардида, ба сабаби майли ба андарун рафтан доштан барои густариш чандон кӯшиш накунад.
Аммо ташаннуҷи хушк гунае аз он ташаннуҷест, ки баъд аз истеъмоли доруҳои шикаморанда (ин сахт бад аст) ва ҳамчунин баъд аз истифроғ ба амал ояд. Гунае аз он низ баъд аз табҳои сӯзон, хусусан агар табҳои сарсомӣ бошанд ва баъд аз ҳаракатҳои сахти баданӣ ва нафсонии аз қабили бехобӣ, андӯҳ ва бим буда, ориз бигардад. Ин аз он ташаннуҷест, ки кам касон аз он раҳоӣ ёбанд.
Гунае аз ташаннуҷ, ки ҳангоми табҳо ориз бигардад, бо вуҷуди он сахт бад набошад. Ин ҳамон ташаннуҷест, ки аз сабаби моддаҳоро андар асабу мушак равона кардан ва хусусан ҳангоми пур будани тан ба амал ояд. Гоҳе [ташаннуҷ] ба анбозии даҳони меъда ба вуҷуд ояд ва қай онро бартараф кунад. Ин гуна ташаннуҷ, ки аз табҳо бархоста бошад, начандон душвору бад бувад. Балки ташаннуҷи мушкилу бад ҳангоми табҳои сӯзон ва сарсоме ба амал ояд, ки асабу мушакҳоро хушк ва мағзро бирён карда бошад. [Низ ташаннуҷи мушкилу бад] ҳангоми табҳои деринае ориз бигардад, ки асабу мушак ва гузашта аз он мағзро бихушконанд, рутубатҳои модарзодиро нест кунанд ва саранҷом боиси ташаннуҷ бигарданд.
Гоҳе навъе аз ин ташаннуҷи хушк чунин бошад, ки падид ояду зуд бигузарад. Сабаби ин хушкии мағз аст, ки ба иллати сустӣ бошад ва аз паси он хушкии асабҳо падид ояд. Чунки ҳар гоҳ мағз ба камтарин сабаби хушккунанда гирифтор ояд, аз асабҳову ҳароммағз рутубатро пас гардонда бигирад ва бинобар ин асабҳо дарҳамкашида шаванд. Сипас чун табиат ғамхорӣ намуда, ба мағз рутубати кофие баргардонад, асабҳо дубора бо такаллуфи зиёд ба густариш гардан ниҳанд. Чунонки [ташаннуҷ] аз шиддати сардӣ ба амал ояд, ҳамчунин бисёр бошад ки аз сардии мағз ва анбозии мушакҳо бо мағз низ падид ояд.
Ташаннуҷе, ки озордиҳанда аст, аз сабаби хушкӣ бувад. Навъе аз ташаннуҷе, ки ба сабаби хушкӣ ба амал ояд, ташаннуҷест, ки ба гунае аз фишурда шудани рутубат вобаста аст. Бинобар ин ҳаҷми рутубат хурд гардида, ниҳоят зич шавад ва оқибат андом ба ташаннуҷ гирифтор ояд, чунонки аз шиддати сардӣ [низ чунин ҳолат рӯй диҳад] ва [ё] чунонки каси доруҳои карахткунандае аз қабили афюн ошомидаро ҳамин гуна бошад.
Аммо [50] ташаннуҷе, ки ба сабаби озурдагӣ ба амал ояд, мисли ташаннуҷи касест, ки харбақ ошомида бошад, зеро [харбақ] баъд аз шикам овардан ба сабаби хушкӣ ташаннуҷ [низ] оварад ва пеш аз ин ҳам ба иллати зидд будан ва хосияти заҳрӣ доштани худ низ ташаннуҷ оварда, асабро чунон сахт озор бидиҳад, ки баробари он асаб ба худ кашида шавад.

пешина
аз 1215
навбатӣ