Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Яке аз доруҳои аз барои ин судманд сикангубини бузурии ангубиниест, ки ба изофаи дигар чизҳо андар он як ман ангубин ва се уқия сабр афкананд. Ҳар рӯз аз ин [ба бемор] се кафча бидиҳанд.
Низ зайтуни андар намакоб парварда бо анисун ва кабари андар сирко хобонда бо ангубин [судманданд]. Гоҳе мумкин аст ба кор бурдани обҳои гармчашмаҳо, мусофаратҳо ва ҳаракатҳои гуногун низ ин гуна камиштиҳоиро бибаранд. Онро баъд аз поксозӣ бо доруҳое муолаҷа кунанд, ки андар тадбири афтидагии иштиҳо ба сабаби сардӣ ёд карда шудаанд.
Ҳангоми он [афтидагии иштиҳое], ки ба сабаби хилти заҳравӣ ва ё хилти тунук падид омадааст, бо он доруҳои ҳалилагие истифроғ оваранд, ки онҳоро медонӣ. Сикангубин бо сабр беҳтар аз сикангубинест, ки бо маҳмуда ба кор бурда шавад, зеро маҳмуда душмани меъда аст.
Инчунин [ин гуна беиштиҳоиро] бо қае муолаҷа кунанд, ки хилтҳои тунукро берун оварад. Ҷӯшонидаи афсинтинро низ ба кор баранд ва он ба ғоят хуб аст.
Ҳангоми [беиштиҳоие], ки ба анбозии асаби расонандаи ҳис ва ё ба анбозии худи мағз ба амал омадааст, бояд оҳанги муолаҷаи мағз ва тақвияти он кард.
Ҳангоми оне, ки ба сабаби фишурдагӣ ва кам [ғизо] кашидани рагҳо аз ҷигар ба амал ояд, бояд аз тариқи ба кор бурдани гармоба, варзиши муътадил, арақоварӣ ва доруҳои кушоянда тан ковок гардонида шавад.
Оне, ки ба сабаби савдост, ҳангоми он боистӣ савдоро ба истифроғ берун кунанд ва сипас чизҳои намакин, обкомаҳо ва чизҳои буранда ба кор баранд, то ки боқимондаи он бурида бигардад. Баъд аз он ғизоҳои хубкимуси хушбӯй бихӯранд.
Илоҷи оне, ки ба сабаби қатъи савдост, муолаҷа кардани испурч, тақвияти он ва кушодани роҳҳои миёни испурчу меъда бо доруҳоест, ки хусусияти ба сӯи испурч ҳаракат кардан доранд. Мисоли инҳо, афитимун, пӯстҳои бехи кабар бо сикангубин ва инчунин кабари андар сирко хобонда буванд.
Аммо занони обистанро ҳар гоҳ (315) иштиҳо биафтад, аз тариқи масалан, ба иътидол роҳ рафтан, варзиши муътадил кардан, оҳанги маҳалли хӯрдану ошомидан намудан, шароби куҳани райҳоние, ки қувваи ронандаро қавӣ сохта, моддаҳои бадро ба таҳлил берун кунад ва намоиш додани ғизоҳои хушмаза ва чизҳое, ки тезу бурандаанд, иштиҳо биангезанд.
Ҳангоми [афтидани иштиҳое], ки ба сабаби афтидани қувваи иштиҳоовар вобастааст, бояд зуд ба ислоҳ сохтани мизоҷи иштиҳошикан, чи гунае ки набошад, бипардозанд ва онро бар мизоҷи зиддаш табдил диҳанд.
Ҳамчунин агар аз паси исҳолҳо ва реши рӯдаҳо чунин ҳол ба амал ояд, сабабаш марги қувваи иштиҳоовар бувад.
Ҳангоми [беиштиҳоие], ки ба сабаби нотавонии қувват аст, чунин беморон бояд бо ангушт қай оваранд, зеро агар қай наоваранд, ба шӯриши қувваи иштиҳоовар дучор хоҳанд шуд. Гоҳе эшонро эҳтиёҷ бад-он бошад, ки андар таркиби бархе аз шаробҳои меъдавӣ тарёк афканда биошоманд. Мисоли ин мувофиқи созоӣ ё шароби афсинтин ва ё шароби мӯрддона бувад.

Ҳангоми [беиштиҳоие], ки аз сабаби нотавонии ҳисси меъда падид омада бошад, бояд мағзро муолаҷа кунанд ва сабаберо беҳ созанд, ки андар кори [мағз] офат андаровардааст. Бидон, ки қаи ба нармӣ поккунандаи [меъда] аз барои касе, ки аз сабаби чизи ширин ва равғанӣ иштиҳояш биафтад ва танҳо чизҳои турушу тез истеъмол кунад, доруи шигифтоваре бувад. Яке аз чизҳое, ки барои бештари намудҳои беиштиҳоӣ судманд аст, зимод кардани кундур, мастако, уд, сукк, наи бӯё, гулнор ва оби биҳӣ бо шароби райҳонӣ бувад ва ин ба шартест, ки [беиштиҳоӣ] аз сабаби хушкӣ набошад. Дигар аз чизҳои судманд шароби афсинтин аст. [Низ] бояд ҳар рӯз як дирамсанг бехи гӯргиё ва ним дирамсанг сунбулро гирифта, ношито бо об биошоманд. Маъҷуне, ки мансуб ба Ибни Аббод аст ва андар Қарободин ёд шудааст, низ судманд бувад. Инчунин гуфтаанд, ки агар як мисқол говдонаи [162] совидашуда бо оби анори майхуш ба кор баранд, иштиҳоро биангезад.
Ҳар гоҳ афтидагии иштиҳо боиси беҳушӣ бишавад, илоҷаш он аст, ки ба назди бемор ғизоҳои бӯяшон дилкаш аз қабили барраву бузғолаҳои ширбози бирён, мурғбирён ва ғайра биниҳанд ва ӯро хоб рафтан нагузоранд.
Ҳар гоҳ ба ҳуш ояд, ба ӯ нони андар шароб таркарда бихӯронанд ва ошомҳои зуд ғизобахш бидиҳанд. Бидон, ки аксари зиёди равғанҳо ва хусусан равғани зард ба сабаби нармӣ овардан ва даҳони рагҳоро бастан иштиҳоро биафтонанд ва ё нотавон созанд. Созгортарини онҳо ҳамон равғанҳоеанд, ки як андоза гирандагӣ доранд. Мисоли инҳо равғани зайтуни норасида, равғани гавз ва равғани писта бувад.
Фасли панҷум андар табаҳ шудани иштиҳо

Ҳар гоҳ андар меъда хилти баде фароҳам ояд, ки андар кайфият мухолифи [хилти] одаткарда бошад, табиат хоҳони чизе бишавад, ки мухолифи он [хилт] бошад, вале чизи зидди чизи мухолифи чизи одатӣ буда низ мухолифи чизи одатӣ бувад, зеро чизҳои якдигарро инкоркунанда ин ду тарафи [инкори инкор] аст ва баръакс. Бинобар ин бархе гил, балки ангишт, хок, гач ва аз ҳамин қабил чизҳое бихоҳанд, ки андар онҳо кайфияти рутубатҷабӣ ва ё бурандагӣ буда, ин кайфият зидди кайфияти хилт бувад. Зани обистанро ба сабаби баста шудани хуни ҳайз иштиҳои фосид бештар аз афтидани иштиҳо рӯй диҳад ва сабаб он чизест, ки ёд кардем. Ин ҳол андар ӯ қариб ду-се моҳ давом кунад. Чунки хуни ҳайзи он аз барои ғизои ҷанин баста шавад ва агар он ҷорӣ шавад, бими он дорад, ки бача афканад. Сипас ҷанинро андар оғози баста гардидани хеш ба сабаби хурдии ҷисм эҳтиёҷ ба ғизои зиёд нест ва бинобар он хуни бандшудаи ҳайз аз андозаи ҳоҷат зиёд монда, табаҳ гардад ва андар заҳдону меъда фазлаҳо биафзоянд. Ҳар гоҳ ҷанин ба ғизои бештар эҳтиёҷ пайдо кунад ва ин андар моҳи чаҳорум ба амал ояд, ин фазла кам шавад ва инчунин иштиҳои [фосиде], ки онро «ваҳам» (сарторикӣ) ва ё «виҳом»
хонанд, паст бигардад. Созгортарин чиз ин аст, ки ҳангоми дигаргун шудани ин иштиҳо майл ба чизҳои турушу тез бошад ва бадтаринаш онест, ки майл ба сӯи гил, ангишт ва сафол барин чизҳои хушки хушкмизоҷ карда шавад.

пешина
аз 1215
навбатӣ