Қонуни тиб

Аммо қаи сиёҳ ҷуз ба ҳангоми омосҳои испурч ва охири таби чаҳоррӯзӣ бад аст ва қаи бадбӯй [низ] бад бувад. Хусусан, агар кадоме аз ин ду намуд ҳангоми табҳои вабоӣ ба амал оянд, [ниҳоят бад бошанд]. Ҳар гоҳ андар рӯзи чаҳоруми бемориҳо таҳаввуъ дарёфта шавад, бигузор бемор бигардонад, зеро ин судманд аст.
Фасли панҷум андар баёни нишонаҳое, ки аз падид омадани қай огоҳӣ диҳанд
Маниши гаштан ва таҳаввуъ муқаддимаи қаянд. Ҳар гоҳ лабҳо паридан гиранд ва сарҳои паҳлуҳоро ба боло кашида ёфтӣ, ҳукм кун, ки қай ба амал хоҳад омад. Агар хилти бади гандаи падидоварандаи маниши гаштану қай гарм бошад, нишонаҳояш ташнагӣ, таъми бади даҳон ва уфунати ошкоро буванд. Аммо он қае, ки ба сабаби хилти зардобист, нишонааш ин аст, ки андар қай он [хилт] дарёфта шавад ва ҳангоми он меъда бо вуҷуди сабукии хеш сахт дард кунад, зеро ин [хилт] бо кайфияти худ дард оварад, на бо камияти худ. Нишонаи хилти хуби ғайри баде, ки бо каммийяти худ боиси қай бигардад, ин аст, ки андар ин миён бадбӯии даҳон, гандагӣ, бадтаъмӣ ва қаи бад овардан ҷой надошта бошанд. Агар [хилт] тунук бошад, доруҳои тунд ва агар ситабр бошад, доруҳои латифифизой [қайро] фурӯ нишонанд. Бар [тунукии хилт] бисёрии рутубат, бисёрии қаи ғайри бад, бисёрии бироз, бисёрии луоб ва хусусан хоммонии пеш аз ин баамаломада далолат кунанд. Нишонаи он қае, ки ба сабаби бадмизоҷии даҳони меъда падид ояд ва [даҳони меъда] таҳаммули ба сӯяш даромадани ягон чизро надошта, балки барои рондани он ҳаракат кунад, нишонаҳои яке аз намудҳои бадмизоҷии ёдшуда мебошад.
Он қае, ки ба сабаби анбозии мағз, ё ҷигар ва ё заҳдон падид ояд, нишонааш нишонаҳои бемориҳои мағз, ҷигар ва ғайра буванд.
Фасли шашум андар баёни хун қай кардан
Хуне, ки бо қай берун ояд, ё аз меъда аст ва ё аз сурхной. Сабаби он ё кафидани раг, ё реш шудани он ва ё
канда шудани он мебошад. Ин аксар вақт баъди қаи бисёр, ё исҳол овардан бо доруҳои гарммизоҷ, ё кафидани
омоси нопухта ва ё хуни биние, ки ба сӯи меъда шорида, (339) аз он хабаре наёфта бошанд, ба амал ояд. [Хуноӣ мумкин аст] ба он сабаб бошад, ки аз ҷигар ва ё андомҳои дигар ба сӯи меъда хун рехта бошад ва ин хусусан ҳангоме рӯй диҳад, ки хуни истифроғ шуданаш лозим банд гардида бошад, ё ягон андомеро порашавӣ
ориз гардида, ғизои он ба наҳве, ки мо пеш аз ин андар
[боби] аслҳо баён кардем, ба таври фазла ҷудо шуда бошад, ё варзиши одаткарда тарк карда шуда бошад, ё
девча ошомида бошанд ва он ба меъда ва ё сурхной даровехта бошад ва ё андар меъда бавосир ориз шуда бошад. Сабаби кафидан ва реш шудани рагҳо он чизест,
ки онро андар Китоби [умури] ҳамагонӣ донистӣ ва
[низ] он чизе бошад, ки андар оғози ин мақола ёд кардем. Вале аз инҳо бояд он [кафиданеро] бидонӣ, ки аз
тариқи ковокшавии рагҳо ба сабаби тунукию сустии онҳо ба амал ояд ва [низ] он [кафиданеро] бидонӣ, ки аз тариқи шиддат ёфтани хушкии рагҳо ва дигар чизҳо ба сабаби ситабрии онҳо рӯй диҳад. Бисёр вақт қаи хун аз сабаби дурустии қувват ба амал ояд ва он хунро ба он сӯе биронад, ки ҳангоми рондан аз ҳама беш созгор ёфта бошад. Бинобар ин бисёр бошад, ки бо қай кардани, масалан, ду ратл хун осудагию манфаат дарёбанд.
Ин ҳангоме бошад, ки фазлаҳои испурч ва ё ҷигар ба сӯи меъда рехта, [худованди] он онҳоро қай кунад ва бигардонад. Оне, ки аз сӯи испурч омада бошад, сиёҳранги тира аст ва гоҳе мумкин аст туруш бошад. Ҳангоми ин ду намуди [қай] дард ҳис карда нашавад. Бисёр бошад, ки одам пораи гӯшт қай кунад. Сабаби ин гӯшти зиёдатии озахӣ ва ё босуриест, ки андар меъда бирӯяд ва пайвандаш канда шуда, табиат онро ба берун рондааст. Ҳар гуна [174] қаи хунии бо таб бад аст, вале агар таб набошад, мумкин аст, ки бад набувад.
Нишонаҳо: Онеро, ки аз меъда аст, аз оне, ки аз сурхной ояд, бо маҳалли дард фарқ кунанд, вале агар рагҳо на аз сабаби хӯра ва решҳо боз шуда бошанд, андар ин ҳол дард нахоҳад буд. Бар [хунпартоие], ки аз сабаби хӯра бошад, нишонаи реше далолат кунад, ки пеш аз ин рӯй дода бошад ва хун андар оғоз аз он андак-андак берун ояд, сипас мумкин аст ба миқдори бисёр ояд. [Хун қай кардане], ки аз сабаби дурустии қувват аст, нишонааш ин аст, ки худованди он андар ҳоли хеш ҳеҷ нороҳатӣ наёбад, баъд аз гаронӣ сабукӣ ҳис кунад ва хун хуни дуруст буда, тези зананда ва ё гандидаи решӣ набошад. Нишонаи [хуне], ки ба сабаби девча ояд, ин аст, ки хун тунуки зардобӣ бошад ва [худованди] он аз оби девчадор ошомида бошад. [Нишонаи хуне], ки ба сабаби бавосир аст, ин аст, ки гоҳ-гоҳе ояд, аз он суд бинанд ва ранги [худованди] он зард бошад. Хуне, ки ба сабаби ҷигар буда, аз он ба сӯи меъда рехта аст ва хуне, ки ба сабаби испурч аст, аз хуне, ки ба сабаби худи меъда аст, чунин фарқ кунанд, ки ҳангоми дуи аввал дард набошад ва оне, ки аз меъда ояд, аз дард холӣ нахоҳад буд. [Дигар ин ки] оне, ки аз испурч ояд, сиёҳи тираранг аст ва гоҳе туруш бошад. Бисёр бошад, ки пораи гӯшт қай карда шавад ва сабабаш он чизест, ки пеш аз ин ёд кардем.
Фасли ҳафтум андар илоҷи қай ба таври мутлақ
Гуфтори ҳамагонӣ андар баёни муолаҷаи қай бад-ин
гуна аст, ки агар қай аз сабаби нодуруст истеъмол кардани ғизо падид омада бошад, ғизоро ба ислоҳ оварда,
хуб кунанд ва аз он доруҳои қавигардонандаи меъдае
ёрӣ бигиранд, ки хушбӯй ва ба ҳасби ҳоҷат гарм ё сард
буда, мо онҳоро баъд ёд хоҳем кард. Он қае, ки сабабаш
моддаи бад ва ё бисёрии [модда] аст, онро мувофиқи
қонунҳои ёдшуда бо ёрии доруҳои ошомиданӣ ва хуқнаҳо истифроғ бикун, ғизоро коҳиш дода, латиф соз ва
рӯзадорию варзишҳои латиф ба кор бар. Ҳуқнаҳои ба
ҳасби иллат муносиб бад-ин гуна судманданд, ки бахше
аз моддаро ба фурӯсӯ бикашанд ва бисёр бошад, ки
хуқнаҳои тез қайро қатъ кунанд. Қай агар аз модда бошад, ба ёрии қай овардан низ қатъ бигардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор