Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Он [пизишкони] пешине, ки андар кори тиб ҳайрону сарсон буданд, каси ба қай гирифторро бад-ин гуна муолаҷа мекарданд: агар [бемор] ҷавони боқувват буда, меъдааш аз рутубатҳои бандгардидаи тунук пур мебуд ва луоби зиёд аз даҳонаш меомад ва агар табиаташ таҳаммул мекард, раги ӯро ба иътидол, на ба андозаи ба беҳушӣ расидан мезаданд, сипас ӯро як чанд рӯз роҳат дода, баъд раги зери забонашро мезаданд, сипас ба ӯ доруҳои пешобтозонанда медоданд, баъд бо доруҳои буранда ғарғара мефармуданд ва сипас истироҳат медоданд. Баъди он ба вай ёраеро меошомонданд, ки аз ҳанзал сохта шудааст ва ҳилаҳо мекарданд, то ёра андар меъдааш ба муддати кам боқӣ бимонад. Сипас ҳафт рӯз қай меоварданд, баъд бар шикамаш бидуни бурриш пайваста миҳҷама мегузоштанд ва сипас [175] нештар зада он маҳаллро бо равғани зайтуни гармкардашуда гармибандӣ мекарданд. Рӯзи дигар бо шанбалити кӯфтаи бо анубин сиришта ва бо тухми панираки бо равғани зайтун сиришта зимод мекарданд. Ин корро се рӯз давом медоданд. Агар инҳо кифоят намекарданд, [ба бемор] ёраи аз дилаи ҳанзал сохташуда медоданд ва меъдаашро бо софсиё ва доруҳои сурхсозанда тило менамуданд, то ҷое, ки андар маҳалли он табишҳову обилаҳо падид меомаданд. Сипас боз ба дорудиҳӣ пардохта, нахуст ёраи фиқро, сипас ҷӯшонидаи афсинтин ва баъд доруеро медоданд, ки аз гунди бедастару об сохта шудааст. Дубора бо доруҳои сабуктаре кори сурхгардониро аз сар мегирифтанд, баъд доруҳои ғарғаравӣ ва сипас доруҳои атсаоварандаро ба кор мебурданд. Ин буд тариқаи қадимаи тиб, ки дарҳамбарҳам буда, бар равиши натиҷабахше қоим нест.
Мо андар илоҷи қай он чизеро ёд кардем, ки ба равиши конун ҷорист ва акнун мо онро бештар тафсил дода бигӯем. Қайеро, ки аз сабаби гарм падид омада бошад, хӯрдани хусусан хурмои қасб, анор, тутум, санҷид ва биҳӣ, низ ошомиданиҳои аз инҳо сохта шуда ва ҳабби ба сифати зерин буда фурӯ нишонанд: як бахш тухми банг ва чаҳор бахшӣ аз тухми гул, тутум ва хурмои қасб гирифта, ҳамаро бо дучанди онҳо аз рубби биҳӣ якҷоя созанд. Аз ин маҷмӯъаи якҷоя карда ба ҳасби қувват ба миқдори аз ним мисқол то як мисқол [ба бемор] бидиҳанд. Ин дору хоб оварда, маниши гаштанро фурӯ нишонад. Агар андар ин ҳол табиатро бастагӣ ҷой надошта бошад, бояд руббҳои содаеро ба кор барӣ, ки аз ғӯраоб, чукурӣ ва хусусан турушаи турунҷ сохта бошанд.
Ба кор бурдани кофур ба тариқи ошомидан бо руббҳо, бӯидан ва бар меъда тило кардан аз барои боз доштани қай ва маниши гаштани гарм хосияти хуб дорад. Аммо барои касе, ки ба гумонаш агар аз паси таом хӯрдан ҳаракат кунад, мегардонад ва низ аз барои касе, ки таомашро на танҳо бидуни талхаи зард қай кунад, балки қаи ӯ ба сабаби савдо ва хилти сард бувад, беҳтарин илоҷ он бошад, ки бо доруҳои гармиоварандаи хушккунанда муолаҷа кунанд. Яке аз онҳо доруи зерин аст: аз тухми карафс, анисун ва афсинтин бахшҳои баробар гирифта, аз онҳо қурсҳо созанд. Як ошомиданӣ аз он як мисқол ва бо оби сард бувад. Низ аз барои эшон хӯрише аз зира, мурч ва андаке судоб сохта, онро бо сирко ва обкома

биомезанд.
Барои касе, ки таомашро аз сабаби дарди меъда қай кунад, хурмои қасбро гирифта, бисованд ва бар вай аз шароби мӯрддона ба қадре бичаконанд, ки сиришта шавад. Сипас онро бо андаке аз сиркои хамрӣ ва каме ангубин омехта биошоманд. Инчунин зардии хояро бирён карда, бо ангубин ва понздаҳ донаи судаи мастако биомезанд ва бихӯранд. Ин [доруро] се рӯз374 ба кор баранд.
[Низ] қурсҳое суд бахшанд, ки андар боби дарди меъда ёд шудаанд ва андар таркиби онҳо афсинтин ва мурр375 бидароянд. Бояд ба эшон ва касоне, ки бад-эшон монанд, баъд аз таом доруҳои гиранда ва пеш аз он доруҳои лағжонандае аз қабили печак бидиҳанд. Барои ин гуна [беморон] аз болои таом хӯрдани кӯфтае судманд аст, ки аз кундур, чилғӯза ва тутум бисозанд.
Доруи судманде аз барои маниши гаштан: аз кашнизи хушк ва судоби хушк ба миқдори баробар гирифта, агар турушӣ ҳис карда шавад, онро бо хамри омехта ва агар сӯзиш ҳис карда шавад, бо оби сарди сода биошоманд. Доруе, ки аз барои қаи ба сабаби сардӣ ва хилтҳои сард ориз шуда судманд аст, ба сифати зерин бошад: (342) аз зурунбод, даруна ва гунди бедастар ба андозаи баробар ва аз шакар якчанди ҳамагон бигиранд.
Як ошомидании он то ду дирам буда, якчанд рӯз ба кор баранд. Агар ин тадбир ва қурсҳои ёдшуда суд набахшанд, [ба бемор] равғани беданҷирро бо оби тухмиҳо бидиҳанд.
Аммо қае, ки аз паси хом мондани ғизо ориз шавад, онро бо илоҷҳои хоммондагӣ ва [бо маъҷуни] сутиро муолаҷа кунанд. Илоҷи қаи ба сабаби хилти зардобӣ падидомада ин аст, ки бо қай истифроғ кунанд ва меъдаро аз он пок сохта, бо кайфиятҳои [моддаҳои] латифи хушбӯй муътадил созанд. Аз барои ин тухмиҳои [гуногуне] аз қабили анисун, тухми карафс, сисолиюс, зира ва тухми газари даштӣ судманданд. Чунонки баён кардем, чунин тадбирро бояд пеш гирифт, ки пеш аз таом ғизоҳои лағжонандаи нармкунанда ва баъди он ғизоҳои гирандаи хушбӯе аз қабили биҳӣ ва ғайра хӯрда шавад, то ки таом аз даҳони меъда ба қаъри он рафта бирасад ва модда ба фурӯсӯ майл кунад, на ба барсӯ. Андар бархе аз ҳолатҳо гоҳе эҳтиёҷ бад-он афтад, ки [ба беморон] зира ва тутум бидиҳанд ва эшонро баъд аз хӯрдани таом эҳтиёҷ ба нарм роҳ рафтан биафтад. Доруи мушк барои эшон сахт судманд аст ва қурси «ситора» бо шаробе, ки андар он як ҳабба мушк гудохта бошанд, ба ғоят хуб бувад.
Аммо қаеро, ки аз савдо воқеъ шудааст, ҳар қадар мумкин аст, набояд бибанданд. Агар худованди онро пурии хунӣ бошад, раги босалиқ бизананд ва низ аз ахдаъайн ҳиҷомат кунанд, то ки пурии бахшҳои барсӯвини тан аз хун ва савдо бикоҳад. Ин гоҳе бархе аз пуриро кифоят бошад. Агар ба дараҷаи таҳаммулнопазир ба ифрот расида бошад, онро бо ҳуқнаҳои каме тезидоре, ки аз хасакдона, баспоя, хори хасак, афитимун, ҳошо ва бобуна бо равғани кунҷид ва ангубин сохтаанд, ба фурӯсӯ бикашанд. Испурчро бо зимоди шоҳафсар, мӯрд, лозан, ушна ва якҷоя бо шароби тунд зимод кунанд. Низ [ба бемор] шароби наъно бо оби анор ва дегафзорҳо бидиҳанд. Агар бақияи пурӣ ҷой дошта бошад, раги пойро бизананд ва ҳар ду соқро ҳиҷомат кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ