Қонуни тиб

Умуман, то даме ки омос боқист ва ҳол ҳанӯз ислоҳ нашуда бошад, хоҳони муолаҷаи худи ярақон набош. Аммо агар таб набошад ва қувват қавӣ бошад, ки ин далели набудани омос аст ва агар афрӯхтагӣ ҷой дошта бошад, бар ту воҷиб аст, ки масусҳо, қариси моҳӣ, қариси [гӯшти] гов ва бузғола, оби мева ва фишурдаи онҳо, хусусан оби ҳар ду намуди анорро ношито, сикбои моҳӣ ва фишурдаи тараҳои сардро ба кор барӣ, аз баҳри он ки бисёре аз инҳо, ҳарчанд аз ҷумлаи ғизоҳоянд, вале дорои хосиятеанд, ки аз ҷиҳати судмандӣ ва ислоҳ сохтани мизоҷ аз доруҳои андар ин бобат буда қавитар бувад. Яке аз дармонҳои аз барои ин гуна ҳолат хуб ин аст, ки аз фишурдаи барги турб ва фишурдаи тут баробар гирифта, аз ҳар ду ба андозаи сиҳ дирам биошоманд. Ин дору бар зидди худи ярақон низ амал кунад ва агар андар заҳрадон афрӯхтагӣ ҷой дошта бошад, онро низ [суд бахшад]. Ин гуна [беморонро] шири хар, ки онро бо андаке аз сирко ҷӯшонида, ба бемор бидиҳанд ва ё фишурдаи афсинтин бо оби сард судманд бувад. Агар ба бемор ҳафт рӯз нони фатир, намаки нимкӯфта, коснии зиёд бихӯронанд, гоҳе суд бахшад, зеро [ин гуна дармон] заҳрадонро бишӯяд, гандагии онро бибарад ва чизи андар он тунук бударо ситабр созад.
[Беморони ярақонро] нагузоранд, ки шароб биошоманд, магар ба шакли сахт омехта ва ба эшон аз гӯштҳо ҷуз гӯшти сабук ва оби шӯрбои гӯшти парандаҳо чизе надиҳанд. Ҳар киро ярақон аз сабаби гарме падид омада бошад, бояд аз бехобӣ, хашмгинӣ, ҳаракати зиёд ва гармоба парҳез кунад. Агар гармӣ андар тамоми тан ҷой дошта бошад, ҷигар ва обгаҳро42 сард кунӣ ва хусусан агар гармоба кардан бо обҳои нимгармеро ба кор барӣ, ки андар онҳо доруҳои сарди тар ҷӯшонида бошанд, боиси сард гардидани рагҳо хоҳад шуд. Оби билфеъл сард ва обе, ки дорои қувваи доруҳои қабзкунанда аст, гоҳе ярақонро аз ҳал шудан боз доранд. Ба ҳангоми дармони ҷигар ва заҳрадоне, ки ҳар ду гарм бошанд, гоҳе зимодҳоро ба кор баранд ва гоҳе ба бемор қурсҳо бидиҳанд, ки яке аз онҳо қурси аз [доруҳои зерин] таркибёфта бувад: аз донаи бодранг, тухми коснӣ, тухми коҳу, донаи каду, сандал, табошир ва гули сурх бахшҳои баробар гирифта, бар ҳар як аз ду дирами онҳо як қирот кофур ҳамроҳ кунанд ва аз онҳо қурсҳо сохта, биошоманд. Судмандии [дармони зерин] санҷида шудааст: ҷигар ва маҳалли бад-он пайвастаро бо фишурдаҳои бар болои барф сардгардонида ва бо ҳарду намуди сандал ва кофур зимод кунанд ва онро то замоне нигоҳ доранд, ки сард гардидани андарун ба ҳис дарёфта шавад. Ин [дармон] ярақонро бибарад ва худи ҳамон рӯз ранги обро сафед бигардонад. Агар сабаб нотавонии ҷигар ва заҳрадон бошад, ин гуна [ярақонро] бо тадбирҳое дармон кунанд, ки андар боби заъфи ҷигар ёд шудаанд ва худи илоҷи заҳрадон низ айни илоҷи ин бувад. Оид ба тадбири омос мо андар ҳамин ҷой ба он ишора намудем ва андар боби (406) ҷигар сухан ба таъкид гуфтем.
Аммо ярақони суддавӣ бошад, [илоҷи] он бахш аз он, ки барои ҳама гуна судда умумист, ҳамон гуна дармони суддаест, ки андар боби ҷигар ёд карда шуд ва ба ҳасби
ҳоҷат аз қабили раг задану пешоб тозондан ба ҳангоми андар бари кужӣ ҷой доштани омос ва аз исҳол овардан ба ҳангоми андар бари фурӯрафтагӣ будани он иборат бувад. [Низ бояд] аз ҳар гуна чизи қабзкунандаву хушксозанда парҳез намуд. Агар ин гуна [чиз] гарм бошад, маҷроро танг намуда, суддаро қавӣ созад. Роҳи савоб он аст, ки нахуст нармсозию тариоварӣ, сипас суддакушоӣ ба кор бурда шавад ва бояд ба ҳасби тақозои ҳолат [доруи] нармсозанда боре гарми тар ва бори дигар сарди тар бошад. Ҳар гоҳ ки ба анҷом ва ё ба оғоз судда кушодӣ, беҳтар он аст, ки баъди он ба ҳасби бардошт ва ба ҳасби он гуна исҳоле, ки пеш ёд карда шуд, исҳол оварӣ.
Бидон, ки ҳар гоҳ [муолаҷаро] аз исҳол сар кардӣ ва он таъсире накард, бояд нахуст доруҳои суддакушояндаи қавӣ, сипас доруи исҳоловарандаи қавиро [ба кор барӣ].
Онро ба ҳасби қувват ба бемор якбора бидиҳанд. Агар судда аз сабаби чизест, ки аз қабили гӯшти зиёдатӣ буда, андар маҷро рӯида бошад, ман гуфта наметавонам, ки аз барои ин ягон дармоне бошад. Бархе аз пизишкон аз барои он доруеро ёд карда, гуфтааст: «Фишурдаи хурфаи норасид, фишурдаи барги турби норасид ва оби барги турушаро, ки ҳар яки онҳоро аз тариқи кӯфтан ҳосил карда бошанд, гирифта, ҳамаро якҷоя биҷӯшонанд ва равшан кунанд. Андар он фишурдаи турушаро бо андаке аз говдонаи кӯфта ҳамроҳ кунанд». Ӯ гӯяд: «Андаке аз ин доруро низ бо тухми турб ва тухми харбуза, ки ҳар дуро муқашшар сохта, бо онҳо ба миқдори чаҳоряки ҳар ду мурр ва қуст омехта бошанд, ба бемор бидиҳанд».
Агар судда аз сабаби хушкмизоҷӣ ва хушкандомӣ ба амал омада бошад, ки аз ин ҳолати тан гувоҳӣ диҳад, бояд аз доруҳои нармкунанда ва доруҳои сафроронанда, масалан, луобҳо, сапистон ва монанди инҳоро бо равғани бодом ба кор бурд. Агар судда аз сабаби омоси гарм падид омада бошад, илоҷи он илоҷи [ин омос] бувад. Ҳар гоҳ [омос] пухт, ба додани доруҳои пешобтозонанда аз қабили анисун ва бодиён бе бим иқдом намо ва низ сафроро ба исҳол берун овар. Агар омос сахт бошад, кори [муолаҷаи] он душвор хоҳад буд, зеро боистӣ омоси сахтро муолаҷа намуд ва пеш аз он, ки ба ин кор пардохта шавад, бояд бо доруҳое, ки мо онҳоро ёд хоҳем кард, қасди муолаҷаи худи ярақон намуд.
Доруҳои содаи андар ин бобат ба кор баранда андар боби суддаҳои ҷигар ёд шудаанд. Бархе аз доруҳои суддакушояндаи хуби хоси ин бобат унсул, асорун ва қурсҳоест, ки аз бодоми талх, афсинтин, асорун, анисун ва ғориқун сохта шудаанд. Яке аз доруҳое, ки ба изофаи суддакушоӣ хусусиятҳои дигар [низ] дорад, [доруи зерин аст]: се дирам чилғӯза, панҷ дирам мавизи донааш ҷудо карда, ним мисқол гӯгирди зард ва ду дирамӣ аз афитимун, тухми карафси кӯҳӣ, нахӯди сиёҳ ва кундури сафед гирифта, бикӯбанд ва бибезанд. Сипас аз ҳамаи онҳо якуним дирам гирифта, ҳамин гуна бо оби бодиён якчанд рӯз истеъмол кунанд. Ин шифову офиятбахшанда аст ва мо инро борҳо санҷидаем. Шингор яке аз беҳтарин доруҳои ярақон бувад.
Аз ин ҳам душвортар он ярақонест, ки ба ҳангоми он судда андар маҷрои зарда биафтад, лекин хуқнаҳову доруҳои исҳоловаранда аз барои ин созгортаранд. Дору ҳои исҳоловарандаи онро, масалан, аз афитимун, баспоя, ғориқун, қуртум, намаки нафтӣ ва монанди он омода созанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор