Қонуни тиб

Ё аз барги марвиҷони тар, пӯсти бехи кабар, газмозу, сақулуфандариюн, унсули кабобкарда ва мурчи сафед бахшҳои баробар гирифта, қурс бисозанд. Як ошомидании он ду мисқол ва бо сикангубин бувад. Ё испурчи гӯрхар ва испурчи курраи аспро гирифта, хушк кунанд, бисованд ва аз он ба миқдори аз як мисқол то ду дирам бо шароби омехта биошоманд. Гуфтаанд, ки агар амсоли доруҳои [зеринро] якчанд рӯз ба хукҳо бидиҳанд, онҳоро испурч боқӣ нахоҳад монд: аз афитимун ва пӯсти бехи кабар нимгӣ гирифта, бо ангубин маъҷун созанд ва тақрибан панҷ мисқол аз он [213] биошоманд. Ё пӯсти бехи кабар, сақулуфандариюн, газмозу, пӯсти бед, рӯян, асорун ва ваҷро гирифта, бо сиркои тез биҷӯшонанд. Сипас онро полида, аз он сикангубини ангубинӣ бисозанд. Бо як ошомидании он як дирамсанг уша биошоманд, ки ин [таъсири] аҷиб дорад.
Агар дардманди испурч аз дарунраве шикоят кунад, ки бехун ва бе печиши ноф бошад, се ва ё чаҳор рӯз ва ҳар рӯзе се дирам доруи кӯфтаи донаи анор ба кор баранд ва ғизо ба андозаи ними ғизои ҳамеша мехӯрдаи он бидиҳанд, зеро дарунраваш испурчӣ буда, сабабаш ин аст, ки тан хунро намепазирад. Бидон, ки чизҳои гарм ба сабаби сахтию хушкӣ овардан ва ҳалшавиро манъ кадан аз барои испурч чандон созгор нестанд. Агар пешобро гармӣ бошад, беҳтар он аст, ки [ба бемор] қурсҳои зиришк ва монанди онҳо низ дода шавад.
Доруе, ки аз барои сахтии куҳани андар испурч оризшуда судманд аст: аз ҳар кадоми бехи говшир, уша, пӯсти бехи кабар, он навъи печак, ки бо номи «антурубиюн»49 маъруф аст, мағзи унсули бирёнкарда, (415) донаи бон ва сири даштӣ якбахшӣ гирифта, ҳамаро биомезанд ва аз он пагоҳиҳо як драхмигӣ бо сикангубин ва ё бо сирко омехта, ба кор баранд. [Доруи] дигар: се драхмӣ мағзи донаи бон, шаш драхмӣ сири даштӣ, чаҳор драхмӣ пӯсти бехи кабар, як драхмӣ қуст, шаш драхмӣ иструфиюн, се драхмӣ гесугуна, ду драхмӣ бехи растание, ки онро «қутулидун» номанд ва он навъи бо [номи] «сакарҷа» маъруф мебошад (чунин тасдиқ кунанд, ки ин навъ аз ҷумлаи сакарҷаҳост ва он растаниест, ки баргаш ба барги мӯрд шабоҳат дошта андар миёнҷо чун нигин чизе шабеҳ ба чашм дорад ва [худи он] ба ҳамешабаҳори бузург монанд аст), бисту панҷ дона тухми печаки бузург, чаҳор драхмӣ уша, як драхмӣ борзад, як драхмӣ тухми дарахти Марям ва ё се драхмӣ бехи он, якуним драхмӣ қардамоно ва шонздаҳ драхмӣ донаи исқили бирёнро, ки он унсул аст, гирифта, ҳамаро якҷоя биомезанд ва бо сикангубин ба кор баранд. Як ошомидании он якуним драхмӣ ва аксар вақт ду драхмӣ бувад.
Қурси дигар, ки айни ин гуна таъсирро дорост: чаҳор драхмӣ тухми савсан50 ва ду драхмигӣ аз мурчи сафед, сунбули суриягӣ ва уша гирифта, қурс созанд ва мисли доруи пеш аз ин омада ба кор баранд. Қурсҳои дигар, ки аз барои беморони испурч судманданд: аз ҳар кадоми уша ва самари авсаҷ ҳашт драхмигӣ ва аз ҳар яки пӯсти бехи кабар, газмозу, мурчи сафед, сири даштӣ ва унсули поку бирёнкарда ду драхмигӣ гирифта, бо
об сиришта қурсҳои як драхмигӣ созанд. Як ошомидании он як дона аз он бо шароби ангубин бувад. [Қурсҳои] дигар: ду ратл мағзи унсули бирён, ҳашт ратл бехи фошро, ки он бехи ток аст,51 аз ҳар кадоми мурчи сафед, фатросолиюн, газари даштӣ, орди говдона ва чилғӯза ҳашт уқиягӣ ва аз ҳар кадоми савсани осмонгун ва бехи говшир се уқиягӣ52 гирифта, маъҷун созанд. Ҳар гоҳ кадоме аз ин доруҳоро ба кор бурдӣ, беҳтар он аст, ки аз об дурӣ ҷӯӣ ва ё камтар биошомӣ, то ки қувваи дору маҳфуз бимонад ва ба иллати ёварии оби зиёд ба ноҳияҳои кужии ҷигар кашида нашавад.
Ба ҳангоми истеъмоли зимодҳо беҳтар аст, ки пеш аз онҳо ношито ба муддати дароз гармоба карда ва андар обзан бисёр нишаста шавад. Бемор ҳар гоҳ аз он берун ояд, бояд чизҳои бурандаи тези ташнагифизоянда аз қабили моҳии шӯр, қадид (гӯшти намаксудаи хушккарда), хардал ва моҳиоба бихӯрад, ба ӯ шароби омехта бо оби дарё бидиҳанд ва тадбири [ғизояшро] латиф созанд. Ин корро се рӯз давом диҳанд ва андар рӯзи чаҳорум варзиш фармоянд, то арақ кунад ва нафасаш думодум ояд, сипас зимод ба кор баранд. Ҳамаи ин ҳангомест, ки агар ҳолаташ вазнин бошад, вале агар ҳолаш сабуктар аз ин бошад, бо чизи аз ин сабуктаре кифоят кунанд. Аммо моддаҳои зимодҳоро аз он доруҳои содае бигиранд, ки мо онҳоро ёд кардем. Худи уша ва саргини гӯспандро агар бо сирко зимод кунанд, зимоди қавие хоҳад буд. Ё агар саргини гӯспандро сӯхта, бо сирко ба шакли зимод ба кор баранд, [низ чунин бувад]. Хокистари кӯраҳоро агар бо сирко сиришта, зимод кунанд, зимоди хубест. Бо бехи сафедтоку сирко, ё бо гӯгирду сирко, ё бо барги исфидакшир ва сирко ва ё бо судобу сирко зимод кардан низ ҳамин гуна аст. Агар саргини гови чарогоҳиро гирифта, нахуст хушк кунӣ ва сипас бо сирко биҷӯшонӣ, зимоди хубе хоҳад буд ва гоҳе бар вай гӯгирди зард пошанд. Бо шукуфаи намак зимод кардан [бисёр] аҷиб аст. Аз ин ҷумла фишурдаи донаи бон бо сирко ва инчунин испанд бо донааш ба шумор биравад, ки онро бо сирко то нек пухтан ҷӯшонида, сипас зимод кунанд. Яке аз чизҳои ба иътидол наздик чугундарест, ки бо сирко ҷӯшонида бошанд ва бехи хитмиест, ки бо сирко сиришта бошанд.
Аз доруҳои мураккаб марҳами босалиқун, марҳами Ҷолинус, марҳами Асқлибиёдус,53 зимоди тилоӣ, зимоди аз сабр сохташудае, ки аз Ҷолинус бувад ва зимоди зерин мебошанд: миқдоре аз пӯсти бехи кабарро гирифта, якчанд соат андар сирко то нарм шудан тар кунанд.
Сипас онро хушк карда, нарм бикӯбанд ва бо ёрии мум ва равғани ҳино онро марҳам созанд. Ё сиёҳии дегҳои мисинро гирифта, аз он ва аз орди ҷав, сирко ва сикангубин [марҳам] бисозанд, ки ин зимоди бағоят судманд бувад. Ё зимоди хардалро ба кор баранд, (416) ки он қавӣ бувад.
[Зимоди] дигаре, ки сахтиро ҳал кунад: аз ҳар кадоми уша, мум ва сақизи санавбар ҳашт драхмигӣ, аз ҳар яки сақизи хинҷак, муқл ва борзад54 шаш драхмигӣ ва аз ҳар яки кундур, мурр ва равғани хиёри даштӣ чаҳор драхмигӣ гирифта, гудохташавандаҳоро андар сирко тар кунанд ва ҳамаро бо ҳам омехта, ба кор баранд. [Зимоди] дигар: Аз ҳар кадоми шанбалит ва орди говдона ду уқиягӣ, аз уша ва самғи хинҷак панҷ уқиягӣ, аз пӯсти бехи кабар, тухми панҷангушт, бехи сири даштӣ ва рӯян як драхмигӣ ва ду ратл мумро гирифта, андар сирко тар кунанд ва андар равғани зайтуни куҳан сиришта, ба кор баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор