Қонуни тиб

Фанни шонздаҳум
АНДАР баёни
ҳолатҳои рӯдагон ва мақъад,
ки аз панҷ мақола иборат аст
Мақолаи нахустин
АНДАР ташреҳи [рӯдагон ва мақъад]
ва андар шикамрави мутлақ
Фасли нахустин
андар баёни ташреҳи рӯдагони шашгона
Офаридгори бузург ба инояти собиқаи Худ нисбат ба инсон ва ба огоҳии собиқаи Худ оид ба беҳдошти ӯ рӯдагон, яъне афзорҳои фазлаи хушк ронандаро сершумор ва пурпечухам офарид, то ки таоми аз меъда фурудоянда андар он печухамиҳо ба андозаи лозимӣ боздошт шавад.
Агар рӯдагонро иборат аз як рӯда ва ё миқдоран кӯтоҳ меофарид, ғизо [215] зуд гузашта мерафт ва инсонро ҳама вақт лозим меомад, ки пайваста ғизо бихӯрад ва ба изофаи он ба бироз рондану қазои ҳоҷат кардан бархезад. Андар ин ҳол амали якум ӯро аз тасарруф ба корҳои зарурии зиндагӣ боз медошт ва амали дуввум ӯро ранҷи доимӣ расонда, [одамӣ] ба пурхорӣ гирифтор мешуд ва ҳамранги чаҳорпоён мегардид. Бинобар ин Офаридгори бузург аз барои ин манфаат шумораи рӯдагонро ва дарозии бисёре аз онҳоро миқдоран афзуд ва аз барои он манфаат хамгаштҳои онҳоро зиёд кард. Манфаати дигар ин аст, ки рагҳои миёни ҷигару афзорҳои ғизогуворандаро пайвасткунанда бахши латифи ғизоро на фақат бо даҳонаҳои андар сифоқҳои меъда доштаи худ, балки [бо даҳонаҳои] андар сифоқҳои рӯдагон дошта низ бикашанд.
Ин [рагҳо] танҳо он қисми бахши латифи ғизоро бикашанд, ки бо [даҳонаҳои] онҳо ҳамерасад, вале он қисми аз онҳо ғоиб мондае, ки андар зери ғизо аз расидан бо даҳонаҳои рагҳо дур аст, кашидани он ё номумкин аст ва ё душвор. Бинобар ин Офаридгор бо зиёд кардани печу хамҳо меҳрубонӣ кард, то ки он чи андар як бахши рӯда андар зер мондааст, андар бахши дигари он [ба даҳонаҳои рагҳо] бирасад ва тоифаи дигаре [аз рагҳо] имконият ёбанд, то бахши софии ин [ғизоро], ки аз тоифаи якумӣ ғоиб мондааст, бимаканд.
Шумораи рӯдагон шаштоанд. Нахустини онҳо бо номи «рӯдаи дувоздаҳангушта» ва баъди он буда бо номи «рӯдаи рӯзадор» маъруфанд . Сипас рӯдаи дарози печида ояд, ки бо номи «рӯдаи борик» ва «печон» маъруф аст. Баъд рӯдае, ки «кӯррӯда» ном дорад ва сипас рӯдае, ки бо номи «қулун» маъруф аст, ҳамеоянд. Баъди онҳо
рӯдае ояд, ки онро «рӯдаи рост» гӯянд ва он «сурм» бувад. Ҳамаи ин рӯдаҳо бо бандакҳое бар сутунмуҳра бастаанд, ки онҳоро бар ниҳодҳои лозима сахт баста бидоранд. Рӯдагони барсӯвин тунукгавҳар офарида шудаанд, аз баҳри он ки ҳоҷат ба пухтан ва нуфузи қувваи ҷигар (419) андар онҳо бештар аз ҳоҷати андар рӯдагони фурӯсӯвин буда бувад ва низ аз баҳри он ки чизи андаруни онҳо буда латиф аст ва аз гузаштану ҷорӣ шудани он бими пораю харошида шудани гавҳари рӯда вуҷуд надорад. Рӯдагони фурӯсӯвин аз кӯррӯда сар карда ситабргавҳар, зич ва аз дарун бо равған пӯшидаанд, то бо бирозе муқовамат кардан битавонанд, ки андар ин ҷо бештар сахту фишурда бигардад ва чун ба гандидан оғоз кунад, маҳз андар ин ҷой бигандад. Рӯдагони барсӯвин бо пардаи равғанин пӯшида нестанд, лекин андар офариниш сатҳи дарунии онҳо аз лағжонӣ холӣ нест ва он бо рутубати часпаки мухотие (хилмие) пӯшида аст, ки қоиммақоми пардаи равғанин бувад.
Рӯдаи дувоздаҳангушта ба қаъри меъда пайваст буда, аз сӯи меъда даҳоне дорад, ки онро «дарбон» гӯянд. Умуман, ин муқобили сурхной аст ва чуноне ки сурхной аз барои аз боло ба сӯи меъда кашидани [ғизост], ҳамчунин ин аз зер аз барои аз меъда рондан бувад. Вай тангтар аз сурхной аст ва аз фарох офаридани он ба сони сурхной ба ду сабаб бениёзист: якум ин, ки чизи аз сурхной гузаранда дурушттар, сахттар ва ҳаҷман бузургтар аст ва чизи аз ин рӯда гузаранда бошад, нармтар, ҳамвортар ва ҳаҷман бориктар бувад, аз баҳри он ки андар меъда гуворида шуда ва бо он рутубати обӣ омехта аст; дуввум ин, ки чизи аз сурхной гузарандаро аз қувваҳои табиӣ танҳо як қувва фаро бигирад ва қувваи иродӣ ҳарчанд онро ёрӣ бидиҳад, вале ин ёридиҳии он аз як ҷиҳат аст. Ин қувва қувваи кашанда буда, ба вай аз тариқи кушоду фарох сохтани роҳ ёрӣ дода шудааст. Аммо чизи андар рӯдаи нахустин раванда ба таъсири ду қувва гирифтор аст: яке қувваи ронанда, ки андар меъда аст ва дигар қувваи кашанда, ки андар рӯда ҷой дорад. Ин ҳар дуро гароние ёрӣ диҳад, ки ҷумлаи таом дорои он бу вад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор