Қонуни тиб

Сипас [меъда] ғизоро ба тадриҷ раҳо ва берун кардан натавонад. Ин ба сабаби заъфе бошад, ки аксар вақт ба бадмизоҷии сард ва гоҳе ба [бадмизоҷии] гарм, тар ва хушк вобаста аст. Хато кардааст касе, ки ҳамаи инро аз сабаби балғам, на чизи дигар, пиндорад ва гӯё [танҳо] ба мизоҷи сарди тар вобаста будааст, ҳарчанд ағлаби сабаб ин буда ва ҳамин аст, ки ба иллати тӯл кашиданаш (422) боиси истисқо бигардад. Умуман, агар ин [беморӣ] устувор гардад, муолаҷаи он душвор хоҳад буд.
Аксар вақт сабабгори [шикамравӣ] бақияи қувваи доруҳои шикаморандаест, ки бар сатҳи рӯдагон, меъда ва даҳонаҳои рагҳои меъдаву рӯдагон монда бошад. Гоҳе ин давраҳои [хуруҷи худро] нигоҳ дорад ва бисёр бошад, ки ба саҳҷи бад ва решҳо бурда бирасонад. Ин шикамрави меъдавӣ мумкин аст ба сабаби заъфи гуворише ба амал ояд, ки [ғизоро] табоҳ намуда, тақозои рондани он кунад, вале гоҳе мумкин аст ба иллати лағжонии меъда аз сабаби рутубатҳое ба амал ояд, ки [ғизоро] имконият надиҳанд, то ба андозаи гуворида шудан биистад. Ин ба ҳақиқат хориҷ аз он чизе нест, ки ёд кардем, вале мо инро аз барои огоҳӣ ба таври махсус муфассал баён кардем. Ин [беморӣ] аксар вақт боиси истисқо бигардад. Буқрот оруғи туруш заданро ба ҳангоми он сутуда аст, аз баҳри он ки ин далели пароканда шудани гармӣ буда, ин [гармӣ] ҳарчанд ки баъд аз мурдан пурра нагардидааст, вале то андозае бухор ба амал оварад.
[217] Низ, аз баҳри он ки турушӣ гоҳе [хилтҳоро] бибурад, меъдаро дибоғат бидиҳад ва ба ӯ то андозае [қувваи] нигоҳдорандагӣ бахшад. Бинобар он [оруғи турушро] ҳам аз ҷиҳати далел будан ва ҳам аз ҷиҳати сабаб будан ситоянд. Гоҳе ин гуна лағжонӣ аз сабаби решҳое ба амал ояд, ки андар меъда ва ё андар рӯдаҳои ҳамҷавори меъда ҷой дошта, меъда андар дард ва ангехта шудани решҳо бо ин [рӯдагон] анбозӣ кунад. Ин андар худи меъда кам рӯй диҳад.
Гоҳе исҳоли меъдавӣ ва лағжонандагии меъда ба сабаби он хилтҳои бади андар меъда будае падид ояд, ки аз тан ба сӯи он бирезанд ва таомро агарчи хубгавҳар бошад ҳам, табаҳ карда, ба гаштан ва ё фуруд омадан маҷбур созанд. Агар ноҳияи барсӯвини [тан] қавитар бошад, бад-он сӯй ронда нашавад ва на аз тариқи қай, балки аз тариқи исҳол берун ояд. Гоҳе мумкин аст ба исҳол омадани он хилтҳо на бад-он сабаб бошад, ки онҳо таомро табаҳ сохта, меъдаро ба гардонидани он маҷбур кардаанд, балки мумкин аст андар таом ягон қуввае бошад, ки барои меъда нохуш бошад ва онро ҳамроҳи ҳар чизи ҳамроҳаш буда биронад. Ё мумкин аст андар худи [хилтҳо] ягон қувваи исҳоловаранда, ё лағжонанда, ё буранда ва ё харошандаи рӯда ҷой дошта бошад, чунонки ба даҳони меъда рехтани савдои зиёд низ боиси чунин кор шуда ва он сабабгори исҳоли меъдавӣ бигардад. Гоҳе ин ба сабаби бодҳо ва дамише рӯй диҳад, ки зода шуда, гуворишро табаҳ кунад ва он чизе ориз бигардад, ки ёд кардем. Бисёр бошад, ки лағжонӣ на ба сабаби ягон чизи ғайри хӯрдашуда аз қабили нотавонии қувваи нигоҳдоранда ва ё омехтагии ягон чизи табаҳсозанда падид ояд, балки ба сабаби чизи хӯрдашуда падид омада, он
на ба кайфияти ин [чиз], балки ба камийяти он вобаста бувад.Чунки агар [таом] зиёд буда, қувваи нигоҳдорандаро мағлуб кунад, чӣ гунае ки андарун рафта буд, ҳамон гуна берун ояд. Гоҳе [шикамрав] бад-он сабаб ба амал ояд, ки [таом], чунонки донистӣ, ё ба иллати бисёрии хеш, ё ба иллати камии хеш ва ё ба иллати бадтартибие, ки пайдарпай [таом хӯрда бошанд], табоҳ бигардад.
Гоҳе мумкин аст исҳоли меъдавӣ ба сабаби дардҳое вобаста бошад, ки андар меъда ва ё андар [андомҳои] ҳамҷавори меъда ба амал оянд ва аз онҳо қувваи нигоҳдорандаро нотавонӣ бирасад. Ин гуна дардҳо мумкин аст аз сабаби бодҳо, аз сабаби омосҳо ва аз сабаби бадмизоҷии гуногуне ба амал оянд, ки ҳамаи инҳо ё андар меъда ҷой дошта бошанд ва ё аз [андомҳои] ҳамҷавор бадон гузашта бошанд.
Аммо шикамраве, ки аз сабаби испурч ба амал ояд, ё ба қувваи ронанда ва зиёдии савдо, ё ба пажмурда шудани сахтӣ ва ҳалшавии моддаи он ва ё ба кафидани омосҳои он вобаста бувад.
[Андар баёни] шикамрави аз сабаби рӯдаҳо буда мо нахуст ҳамон қисме аз онро бояд баён кунем, ки аз сабаби панҷ рӯдаи барсӯвин падид ояд. Мо бигӯем: Исҳоле, ки аз сабаби онҳо ба амал ояд, ё бо саҳҷ бошад ва ё бе саҳҷ. «Саҳҷ» дардест, ки аз сабаби пӯстрав шудани сатҳи рӯдагон ба амал ояд. Ин чизи пӯстравонанда ё моддаҳои сафровӣ, ё моддаҳои хунии тез, ё [моддаи] зардобӣ, ё [моддаи] хунобамонанд ва ё [моддаи] дурдиест, ки аз худи рӯдаҳо ва ё аз [андоми] бар фарози онҳо буда фиристода шаванд ва онҳо ба сӯи рӯдаҳо оянд. Андар баёни шикамрави ҷигарие, ки аз ҳамин қабил аст, мо ба тафсил гуфта гузаштем. Шикамрави ҷигарии омосӣ беосебтар аз шикамрави ҷигариест, ки аз сабаби нотавонӣ ба амал омада бошад ва дармонро зудтар бипазирад. Саҳҷ ва исҳоли испурчӣ, заҳрагӣ ва суддавӣ ва он исҳоле, ки аз решҳои меъдаву сурхной вобаста аст, ҳама аз қабили он [шикамравеанд], ки ба ҳангоми он модда ба сӯи рӯдаҳо фиристода шаванд, вале гуфтори мо ҳоло на андар баёни он, балки андар баёни [шикамравест], ки аз худи рӯда ояд. Ин гуна [шикамрав] ё ба сабаби омоси рӯдаҳо, ё ба сабаби сӯзандагии заҳра ва ё хуне, ки аз ҷигар рехта, ниҳоят гарм бошад, ё ба сабаби кафидани ягон раге андар [рӯдаҳои] барсӯвин ва ё фурӯсӯвин ва ё ба иллати доруи исҳоловарандае аз қабили дилаи ҳанзал, ки рӯдаҳоро захмӣ кунад, ё аз сабаби қулоъ ва решҳои уфунатноку хӯранда ва ё решҳои бе уфунату хӯрандагӣ, ё аз сабаби решҳои пок ва ё решҳои чиркнок падид ояд. Ин гуна [решҳо] ё андар рӯдаҳои ситабр ба амал омада, беосебтар бошанд ва ё андар рӯдаҳои борик ба амал омада, хусусан агар андар рӯдаи «рӯзадор» бошад, мушкилтар бувад. Чунин ба назар бирасад, ки решҳои он шифо намеёбанд, чи ҷои он, ки агар пора шуда бошад, (423) аз баҳри он ки рагҳои ин [рӯда] зиёд ва бузурганд, ҷисмаш тунук аст ва талхаи холиси беомезиш аз заҳрадон ба сӯи он бирезад. Низ, аз баҳри он ки ба иллати наздик будани он ба андоми сарвар, яъне ҷигар, азоби ранҷурии он ниҳоят бузург аст. Ҳеҷ як аз рӯдаҳо мисли рӯдаи «рӯзадор» ин қадар ба [ҷигар] наздик нест. Инчунин, дору андар он таваққуф намекунад, балки аз он лағжида би равад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор