Қонуни тиб

Бинобар ин, набояд ба он фирефта шуд, балки бояд ба сабаб аз он ҷиҳате тааммул намуд, ки онро донистӣ.
Фарқи миёни реши [рӯдаи рост] ва решҳои рӯдагони барсӯвини он чунин аст, ки ҳар чи аз рӯдаи рост бирезад, ё камтар бадбуй аст ва ё бадбӯй нест. Ҳар гоҳ худованди решҳои рӯда ва худованди исҳоли хуниро чунин ориз бигардад, ки хун андар шикамаш баста шавад, он нишонаҳое падид оянд, ки мо андар боби сабабҳои ин иллат ёд кардем ва онҳо аз қабили дамиш овардани шикам, ба якборагӣ сард шудани дасту пойҳо ва афтидани қувват ва набз буванд. Ҳар гоҳ худованди ин иллатро ягон чизе аз ин [нишонаҳо] ориз бигардад, бидон, ки хунро [ҳолати мазкур] рӯй додааст. [221] Ҳар гоҳ ранги бирози сиёҳе, ки аз сӯзиш ба амал омадааст, рӯ ба сабз шудан ниҳад, бидон, ки табиат беҳбудӣ ёфта истодааст. [Андар ин ҳол бироз] нахуст сабз, сипас зард гардида, баъд аз он [шикамрав] биистад. Бидон, ки чизҳои ғуддамонанде берун оянд ва гумон кунанд, ки инҳо тарошаҳои рӯпӯши даруни рӯдаҳост. Ин танҳо бо печиши ноф ба амал омада, на тароша, балки фазлаи хилт аст. Бидон, ки агар касеро шикамрав буд ва онро боз доштанд, вале [бемор] ба ҳоли хеш боқӣ монда, қувваташ барнагашт, сабабаш ин аст, ки тани ӯ ғизо намепазирад. Бидон, ки ҳар ки аз шаб дида рӯзона бештар ба қазои ҳоҷат бархезад ва гузашта аз ин чун ҳар боре, ки рӯзона бо иштиҳои тамом ғизо бихӯрад, ӯро қазои ҳоҷат лозим ояд, сабаби ин ҳол нотавонии меъда аст, вале агар андар шаб бештар бошад, сабаби ин заъфи ҷигар ва ғизоро напазируфтани он бувад. Бидон, ки шикамрав аксар ба сабаби бахши латифро берун овардан ва бахши касифро ба ҷой гузоштан боиси падид омадани кулинҷи шадид хоҳад шуд.
Илоҷи исҳол ба таври мутлақ. Нахуст бигӯям: бояд аз чизе истифода бурд, ки андар боби ба ифрот исҳол овардани доруҳои ошомиданӣ гуфта шуд ва он бобро якҷоя бо ин боб бояд хонд. Сипас бояд бигӯем, ки исҳолро аз ҷиҳати исҳол будан бо ёрии доруҳои гиранда, доруҳои моддаҳоро ситабрсозанда ва бо ёрии доруҳои часпакиафзоянда боз доранд ва гоҳе ба истеъмоли доруҳои карахткунанда эҳтиёҷ афтад. Инчунин, мумкин аст исҳолро бо доруҳои пешобтозонанда, доруҳои арақовар, доруҳои фарохсозандаи масомҳо ва бо доруҳои қайоваранда муолаҷа намуд, зеро ҳамаи инҳо моддаро ба сӯе равона кунанд, ки бар хилофи ҷиҳати исҳол бувад. Агар ин ҳол бо ҳарорат бошад, ба инҳо доруҳои сардиоваранда ҳамроҳ кунанд ва ё аз миёни онҳо доруҳои сардиоварандаро интихоб намоянд ва доруҳоеро аз беруни тан ба кор баранд, ки масомҳоро фарох созанд ва арақ оваранд. Агар [исҳол] бо сардӣ бошад, ба ин [доруҳо] доруҳои гармифизоянда афзуда шавад ва ё аз миёни онҳо гармифизояндагонашонро ихтиёр кунанд. Аксар вақт ҳангоме ба доруҳои гармиоваранда эҳтиёҷ биафтад, ки агар қувваи гуворанда заиф бошад ва сипас ҳангоме, ки аз сабаби хилтҳои часпак судда ба амал омада бошад.
[Низ бояд] аз чизе истифода бурд, ки андар боби заъфи гувориш оварда шудааст. Бисёр бошад, ки ҳангоми заиф
будани қувваи нигоҳдоранда ба доруҳои сардиоваранда эҳтиёҷ афтад.
Ҳарорат62 гоҳе барои бастани табиат бад-ин гуна ёварӣ кунад, ки ғизоро зуд гузаронад, пешобро битозонад ва арақ оварад. Гоҳе шароби холис, қавӣ ва куҳан низ чунин кор кунад. Бинобар ин касе, ки гирифтори исҳол аст, ҳар гоҳ шароби бад-ин сифат бударо пайдарпай якчанд қадаҳ ошомида, ҳамеша ниммаст бигардад, аз ин гоҳе табиати ӯ баста хоҳад шуд. Бидон, ки хоб овардани касе, ки ба исҳол гирифтор аст, яке аз судмандтарин тадбирҳост. Агар баробари исҳол сурфа низ бошад, аз чизҳои ниҳоят турушу гиранда парҳез карда, танҳо бо таомҳо ва ғизоҳое кифоят кунанд, ки холӣ аз ин гуна [сифатҳоянд] ва [ғизоҳои] сарди (430) часпакифизоянда ва инчунин ҳар гуна ғизои ҷирмаш сахтбудаеро ихтиёр кунанд, ки аз қабили пистҳо буда, аз хӯрдани он тани кас нерӯманд бигардад. Чунин касонро ҳар гуна ғизоҳои равоне аз қабили ошомҳову оби шӯрбо зиёнваранд. Бидон, ки аксар вақт руббҳои ширин ба иллати ташнагиангезии худ зиён доранд. Яке аз тадбирҳои боздорандаи исҳол гармоба ва молиш аст, зеро инҳо масомҳоро фарох созанд.
Бисёре аз чарбҳо ва доруҳои барои молиш буда аз ҷумла равғанҳои гарме мисли равғани шибит ва ғайра моддаро ба зоҳири тан бикашанд. Дигар аз ҷумлаи тадбирҳои исҳолро боздоранда ин аст, ки бар шикам миҳҷама гузоранд. Бар шиками касоне, ки гирифтори исҳолу саҳҷанд, гузоштани миҳҷама санҷидашуда аст ва агар ин чаҳор соат давом кунад, табиат баста хоҳад шуд. Мо низ инро санҷидаем. Дигар аз боздорандагони исҳол зимодҳои меъдаву рӯдагонанд, ки ба ҳасби ҳоҷат аз доруҳои гармифизояндаи гиранда ва ё аз доруҳои сардифизояндаи гиранда сохта бошанд. Дигар аз боздорандагони исҳол [исҳол овардан аст], чаро ки агар сабаби исҳол хилте бошад, ки ба сӯи меъда ва рӯдагон бирезад, [исҳол овардан] таомро фуруд оварда, ба истифроғ берун кунад ва баробари истифроғи он хилтҳо низ ба мутобаат истифроғ шаванд. Ҳар гоҳ онҳо аз беху бун канда шуда, берун оянд, тариқи тадбир ҳамвор бигардад.
Ҳар гоҳ доруҳоро ба кор барӣ, нахуст доруҳои содаро ба кор бар ва агар онҳо суд набахшанд, сипас ба истеъмоли доруҳои мураккаб бигузар, доруҳои [исҳол]боздоранда ё хушксозандаи хушкмизоҷиоваранда, ё гиранда, ё сарду фишурдакунанда ва ё часпакиоваранда буда, масомҳоеро бибанданд, ки аз онҳо [моддаҳо] берун оянд.
Доруҳои содаи сарде, ки ба таври мутлақ ва ё ба ҳасби қувват боздорандаанд, масалан, инҳо буванд: гулнор; мозу; ақоқиё; гул; самғи арабӣ; гили набишта; гили арманӣ; таросис; табошир; хусусан муқл ва хусусан он муқле, ки бо кофур парварида бошанд; газмозу; марвиҷон; донаи анор; тутум; зиришк; рованд;63 тухми туруша; аспғули бирён; кашниз; тухми «забони барра»; ва фишурдаи «риши буз». Тухми гул ва низ меваи хоми тут хусусан ҳангоми саҳҷ хубанд. Фишурдаҳои қабзкунанда ва руббҳои онҳо хушкиоварандаанд. Агар як уқия аз фишурдаи тухми хурфаро биошоманд, судманд хоҳад буд ва дӯғҷӯшии тамоман бе кафк [низ чунин бувад].
Мисоли доруҳои содаи гарми боздорандаи [исҳол] инҳост: зираи бирён; нонхоҳ; анисуни бирён; қишрҳои кундур; мурр; майъаи хушк; доршишиғон ва худи лозан, ки аз он ба миқдори як дирам бо матбух [ба бемор] бидиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор