Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Мақолаи дуввум

АНДАР муолаҷаи намудҳои гуногуни шикамрав, ки баъд аз
фориғ шудан аз баёни муолаҷаи ҳамагонӣ ёд карда шаванд
Фасли нахустин
андар илоҷи исҳоли ҷигарӣ

Сабабҳои исҳоли ҷигариро донистӣ ва илоҷи ҳар як сабаби онро низ донистӣ. Бинобар ин боистӣ бад-он ҷой муроҷаат кард74 ва ҳар як аз бадмизоҷии [ҷигар], нотавонӣ,
омос, судда ва пурии онро бо ёрии он чизҳое муолаҷа намуд, ки андар боби хеш гуфта шудаанд. Агар ту чунин кунӣ, [исҳолро] низ муолаҷа карда бошӣ. Яке аз хатоҳое, ки
андар ин боб биафтад, ин аст, ки ба каси исҳоли ҷигарии
суддавӣ дошта аз барои бастани табиат доруҳои гиранда
бидиҳанд ва онҳо суддаро афзоиш дода, онро тақвият бахшанд ва ин боиси хатари бузург бигардад. Бисёр вақт [пизишки] нодон ҳангоми ин гуна исҳол бар ҷигар доруҳои
хунро афсурдасозанда бимолад, онҳо аз он рӯй, ки сарданд, гармии ҷигарро хомӯш кунанд. Ин ҳалокатовар буда, боиси уфунат бигардад. Баръакс, ҳар гоҳ бидонӣ, ки сабаби [исҳол] суддаҳои ҷигар ва ё мосориқост, бояд ба кушодани судда бипардозӣ. Мавизи фарбеҳро андар ин бобат сутудаанд ва ҳатто гурӯҳе гуфтаанд, ки он исҳоли ба оби
гӯштшуста монанди хеле душворро беҳ кунад. Мо онро
чун санҷидем, сурати ҳол аз гуфтаи эшон чандоне тафовут надошт. Андар оғози исҳоли ҷигарӣ беҳтар он аст, ки
[бемор] ба гирди нон нагардад, зеро ҷигар онро намепазирад, балки беҳтар он аст, ки бо истеъмоли оби пист рӯзе ду-се бор кифоят кунад. Агар [бемор] андар поёни [беморӣ] таҳаммул кардан битавонад, ки то бо он говарси
ҷӯшонида ва полида биомезанд, низ чунин кунанд. Агар
ҷӯшонидаи онро аз ғайри полидан хӯрдан битавонад, бояд
бихӯрад. Як сукарраҷа пистро бо бист сукарраҷа об, то ситабр шудан биҷӯшонанд. Агар андар пешоб ҳеҷ ошуфтагие набошад, [ба кор бурдани] пиҳи мурғ беҳ кунад. Агар
исҳол хунии ҷигарии мисли сайлон бошад, набояд онро
аз зер баст, то ки ягон чизе (435) аз боло баста шуда, боиси офат нагардад, балки тадбири [ғизо] ва муолаҷаро аз
боло беҳ кунанд.75
Фасли дуввум
андар илоҷи исҳоли меъдавӣ ва рӯдагии
бе саҳҷ

Аз ҷумла мо бо исҳоли лағжишӣ оғоз кунем. Андар боби меъда донистӣ, ки лағжонии [224] меъдаро бо ҳамаи
гунаҳояш чӣ гуна муолаҷа кунанд. Муолаҷаи лағжонии
рӯда низ бад-он наздик буда, муносибате бо он дорад. Изофа ба он мо доруҳои ошомиданӣ, зимодҳо ва қонунҳоеро
биоварем, ки муносиби ин бобанд. Қонуни [муолаҷаи исҳоле], ки решӣ нест, ин аст, ки бояд доруҳои сахт гирандаи чи молиданӣ ва чи ошомиданиро бо доруҳои гирандаи гармифизоянда омехт ва бояд доруҳоеро ба кор бурд,
ки мисли тарёки форуқ, мисли амрусиё ва асоносиё табиатро ёварӣ намуда, рӯҳро қувват бахшанд. Бояд доруҳои
пешобтозонандаро ба кор баранд, зеро онҳо аз барои ин
иллат сахт судманданд. Агар далелҳо бар бисёрии балғам

гувоҳӣ диҳанд, ба истифроғи он бипардоз. Агар доруҳои қувваташон камтар ва ё ба таври миёнабуда суд набахшанд, мумкин аст эҳтиёҷ ба харбақ барин доруҳо афтад. Аз тариқи қай истифроғ намудани моддаи ин иллат душвор ва бад аст ва бисёр кам бошад, ки қай балғами ба сӯи рӯдаҳо фурудомадаро берун орад. Ҳар қадар ки мумкин бошад, набояд об ошомид. Сипас, агар [бемор] онро ошомиданӣ бошад, қатъиян раво нест, ки ба шакли гарм биошомад.
Миқдори каме аз шароби куҳани тунуки холис чунин [беморонро] судбахш аст ва акси ин эшонро зиён дорад. Агар нуқл гирифтанро дӯст доранд, бигузор, масалан, аз писти санҷид ё писти хурмои қасб, писти харнуб, писти анор ва писти самари кунор нуқл бигиранд. Аммо кашниз аз барои бастани таом андар меъда таъсири қавӣ дорад.
Яке аз доруҳои мураккаби аз барои эшон хуб чунин аст: аз тухми «забони барра» ва анисун як дирамӣ ва аз пӯсти анор ва хуни сиёвушон ним дирамӣ бигиранд. Ин миқдор як ошомиданӣ буда, бояд онро бо шароби тунд, вале агар андар ин миён таб бошад, бо оби борон биошмид. Дигар аз доруҳои мураккаби аз барои чунин [беморон] судманд гувориши мозу, гувориши кундур ва гувориши харнуб бувад. Аз зимодҳо эшонро, масалан, зимоди тухми катон бо хурмо суд дорад ва онро, масалан, бо бахшҳои баробаре аз фишурдаи биҳӣ, шибити тар, таросис, ақоқиё, гулнор, мастако, гул, авсаҷ ва мӯрд қавӣ созанд. Гоҳе аз ин доруҳо бо мум, равғани мастако, ё равғани биҳӣ ва ё равғани гул марҳамҳо созанд. Агар ҳарорат ҷой дошта бошад, зимоди Антулус, зимоди Дуриюс76 ва зимоди фуфил77 [ба кор баранд].
Илоҷи исҳоле, ки аз сабаби решҳои рӯдаҳо ба амал ояд, ин аст, ки решҳоро муолаҷа кунанд ва доруҳои хушксозандаю қабзкунандаеро бисёр ба кор баранд, ки мисли ғӯрабо ва тутумво аз ҷумлаи доруҳои сард буванд. Низ бо илоҷи зусанториёе муолаҷа кунанд, ки мо онро ёд хоҳем кард. Агар андар ин ҳол ягон сабаби заҳравие ҷой дошта бошад, ки маҳз бо рехтани он реш падид ояд, беҳтар он аст, ки ин [зарда] аз тариқи қаи сахт истифроғ карда шавад, на аз тариқи реш. Агар сабаби [шикамрав] балғам бошад, туро лозим аст, ки балғамро бо ёрии доруҳои78 андар боби он ёдшуда берун орӣ, [ба бемор] ғизоҳои сабук ва гарм бидиҳӣ, хӯрдани таомҳои бирён ва қаляҳоеро бифармоӣ, ки аз гӯштҳои сабук сохта бошанд ва ошомидани обро бикоҳӣ. Сипас, агар ба доруҳои аз ин ҳам қавитар туро ниёз бошад, масалан, харбақро ба кор бар: харбақи сафедро аз барои меъда ва сиёҳашро аз барои рӯдагони фурӯсӯвин. Харбақ низ баробари истифроғ овардан мизоҷро ҳам бигардонад.
Нусхаи доруе, ки аз барои лағжонии тари [рӯдаҳо] хуб буда, ҳамчун ғизо бувад: Зайтуни сиёҳро гирифта, биҷӯшонанд, бо донааш бисованд ва бо он пӯсти анор, мурчи сафед ва равғани зайтуни норасид омехта, бо нон бихӯранд. Бояд андар ҳар чи ки аз доруҳои қабзкунан даи сард ба кор бурда мешавад, мастако ва кундур омехт ва агар [бемор] тоби мурч дошта бошад, мурч низ ҳамроҳ кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ