Қонуни тиб

Хору харбақро андар об сахт биҷӯшон, андар он намакро ҳал кун ва онро полида, ба [бемор] бидеҳ. Ин буд тариқаи исҳол овардан ва бо чизҳои исҳоловар пок сохтан.
Агар раг задан воҷиб ояд, раг бизананд ва ҷигарро қавӣ созанд. Агар сабаби исҳол ба иллати ба сӯи меъда рехтани хилти савдовӣ меъдавии савдовӣ бувад, даҳони меъдаро қавӣ созанд ва бар испурч миҳҷамаҳо гузоранд, то ки чизи аз он ба сӯи меъдаву рӯдагон резандаро андар он банд созанд. Баъд аз ин бо [доруҳои] латифи қависозанда, масалан, бо таркиби зерине, ки аз мост, чорабинӣ кунанд: даҳ дирам донаи анор, як дирам баҳмани сурхи бирён, як дирам зурунбоди бирён, як дирам каҳрабо, як дирам тухми судоб ва як дирам тухми шоҳисфарамро гирифта, аз онҳо хока бисозанд. Як ошомидании он се дирам бувад. Низ донаи анор ва мавизи сиёҳро гирифта, бо сирко ва об бикӯбанд ва шираашро фишурда, равшан кунанд. Бар вай андаке намак ва саътар пошида, ҳамчун нонхӯриш ба кор баранд. Агар ба доруи аз ин ҳам қавитар эҳтиёҷ афтад, аз ҳар яки кундур, мушки замин, гавзи сарв ва сукк ним дирамӣ ва аз [нони] кок як дирам гирифта, бо шароби куҳани холис биошоманд.
Фасли панҷум андар илоҷи исҳоли хуни ғайри саҳҷ
Чунонки донистӣ, ин аз сабаби тан, аз сабаби ҷигар,
аз сабаби меъда, рӯдаҳои барсӯвину фурӯсӯвин ва аз сабаби мақъад падид ояд ва нишонаҳои онро донистӣ. Он
бахш аз онро, ки зардобӣ, ё дурдӣ ва ё ба оби гӯштшуста монанд аст, аз тариқи ҷигар, ислоҳ кардани мизоҷи
ҷигар ва кушодани суддаҳои он дармон кунанд. Тадбири пешакии муолаҷаи он аз риоя кардани ҳолати пурии
тан ва риоя кардани сабабҳои муҷиби он иборат аст. Модом ки дард нест ва ба ҳадс дарёбӣ, ки ин [исҳол] аз сабаби тан ва ё аз сабаби ҷигар падид омада, қувватро аз
по намеафтонад, ба бастани он напардоз, вале агар бими он дошта бошӣ, ки сайлони он мумкин аст боиси саҳҷ
ва ё боиси заъфи [қувват] мегардад, раг бизан ва аз сӯи
акси ҳаракати он [хилти зиёдатиро] берун кун, сипас доруҳои гиранда ва бандандаи хунро ба кор бар. Он хунравие, ки аз сабаби даридани рагҳои рӯдаҳо ба амал ояд,
гоҳе мумкин аст боиси зуд падид омадани саҳҷ бигардад. Бинобар ин бояд андар бастани он инояти зиёде ба
харҷ дод ва агар андар ин миён пурии хеле сахту бисёр
ҷой дошта бошад, [моддаро] ба акси равиши он бояд
равона намуд. Бидон, ки аз миёни доруҳои хунро банданда доруҳои ошомиданӣ аз барои он хунравие созгортаранд, ки аз рӯдагони барсӯвин, ҷойҳои бад-онҳо
пайваста ва аз [андомҳои] забари онҳо ояд. Хуқнаҳо аз
барои хунравие созгортаранд, ки аз рӯдагони фурӯсӯвин ояд. Аммо ҳангоми [хунравие], ки ба андомҳои миёни ин ду бахш вобаста аст, беҳтар он аст, ки ҳар ду намуди муолаҷа бо ҳам ҷамъ карда шавад. Ҳамаи (438)
доруҳои сарди қабзкунанда ва часпонандаи пеш ёдшуда
ва хусусан агар андар таркиби онҳо замч, шоданаи мисли гард суда, хуни сиёвушон, каҳрабо, буссад ва марво
рид бидароянд, чи ба шакли ошомиданӣ ва чи ба шакли ҳуқнарезӣ хунро бибанданд.
Гоҳе ба доруҳои карахткунанда эҳтиёҷ афтад ва гоҳе эҳтиёҷ бад-он бошад, ки онҳоро бо доруҳои ба изофаи қабзкунандагӣ дорои қувват тақвият бидиҳанд. Аз ҷумлаи доруҳои ошомидашаванда қурсҳои гулнор қувваи қавӣ доранд. Қурсҳои тухми туруша ва қурсҳои шодана аз ҷумлаи [доруҳоеанд], ки мо сохтаем.80 Шираи фишурдаи «забони барра», шираи фишурдаи аспғул ва шираи фишурдаи «риши буз» ва хусусан агар андар онҳо доруҳои содаи ёдшуда ва бархе аз қурсҳои ба аввал ёдшударо афканда бошанд, андар ин бобатҳо суди бузург доранд. Дигар ин ки аз себ, биҳӣ ва гули хушк ним ратлӣ гирифта, бо панҷ ратл об то боқӣ мондани якуним ратл об биҷӯшонанд. Сипас полида андар он ба қадри як чанди он равғани гул афкананд ва андар ҷогаҳи дучандӣ то рафтани об ва боқӣ мондани равған биҷӯшонанд. Баъд, ин равғанро ҳамроҳи доруҳои ошомиданӣ ба кор баранд.
Аммо ҳуқнаҳои исҳолбандандаро аз шираҳои фишурдаи ёдшуда ва аз обҳое бигиранд, ки андар онҳо доруҳои қабзкунандаи ёдшударо ҷӯшонида ва бар онҳо аз худи ин чизҳои ҷӯшонидашуда пошида бошанд. Равғани [хуқнаҳоро] аз пиҳи гурдаи буз ва аз равғани гули ба ғоят хуб бигиранд. Мо ин [ҳуқнаҳоро] андар Қарободин ва инчунин андар боби саҳҷ ёд хоҳем кард. Бояд аз миёни онҳо ҳуқнаҳои беосебтари муътадилеро интихоб намуд, ки андар онҳо доруҳо ва қурсҳои тез ҷой надоранд.
Мо бархе аз онҳоро андар ин ҷой оварем.
Яке аз ҳуқнаҳои хубе, ки мо таркиб додаем: аз ҳар яки қишрҳои анор, «забони барра», ҷинҷак, писти кунор ва писти гуринҷ ҳашт дирамӣ, ду дона мозуи норасид ва аз гулнор ва гул чаҳор дирамӣ гирифта, аз болои ҳамаи инҳо як мани хурд об бирезанд ва агар ба ҷои он оби садпайванд бошад, хуб хоҳад буд. Сипас онро нарм то боқӣ мондани тахминан сеяки он биҷӯшонанд ва равшан карда бигиранд. Ё аз замч ним дирам, аз хуни сиёвушон, ақоқиё, шодана, гулнор, шираи фишурдаи «риши буз», самғи бирён, сафедаи арзизӣ, садафи сӯхта ва гили арманӣ як дирамӣ, аз равғани гул шаш дирам ва аз пиҳи гудохтаи гурдаи буз шаш дирам бигиранд. Ҳар кӣ бихоҳад, андар ин аз як то якуним донг афюн афзуда, сипас ҳуқнарезӣ кунад. Агар ғараз аз ҳуқна бастани хун бошад, эҳтиёҷ бад-он нест, ки бо доруҳои часпакиоварандае аз қабили гуринҷ, говарс ва монанди инҳо онро ситабр бигардонанд. Агар мурод аз [ҳуқна] чораи саҳҷ ва ё ҳар дуро дидан бошад, ба чунин [доруҳо] эҳтиёҷ биафтад. Бояд бикӯшид, то андар ҷогаҳи ҳуқнарезӣ бод надарояд.
Яке аз шиёфҳои андар ин бобат қавӣ шиёфи зерин аст: аз ақоқиё, самғи арабӣ, тухми банг, афюн, сафедаи арзиз, гили арманӣ, каҳрабо ва мозуи норасид бахшҳои баробар гирифта, ҳамаро бисованд, бо ёрии доруи ҷӯшонидашуда гармогарм ба ҳам ҷамъ созанд ва аз он чилғӯзаҳо созанд.
Аз барои хунравие, ки аз мақъад ояд, истеъмоли доруҳои зерин кифоят аст: мурдосанг, гулнор, сафедаи арзиз ва садафи сӯхтаро гирифта, бар маҳалли [беморӣ] баъд аз он, ки он ҷойро шуста ва пок карда бошанд, барниҳанд.
Ҳар гоҳ ҳамаи ин корҳоро кардӣ, [226] вале беморӣ бар ту сар нафуроварад ва хун баста нагардад, ногузир бояд ҳар ду дасти [беморро] аз зери бағал сахт бандпеч кунӣ, дасту пойҳояшро молиш бидиҳӣ ва агар тобистон бошад, беморро андар оби сард ва агар зимистон, андар ҳавои сард бинишонӣ, ба ӯ оби сард биошомонӣ, бар маҳалли андомҳои дарунияш фишурдаҳои сардмизоҷи сардсохташударо бирезӣ ва шаробҳои хунбандандае аз қабили рубби ғӯра, рубби чукурӣ ва монанди инҳоро бо барф сард сохта, [бидиҳӣ].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор