Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар туро ба поксозӣ эҳтиёҷ биафтад, бо ҳуқнае оғоз бикун, ки аз оби ангубин ва каме намаки бо он омехтакарда иборат бувад ва бояд ин ҳуқна тавре бошад, ки аз тариқи рӯдаҳо ба барсӯ наравад. Ё ин ки аз ангубин ва бура шиёф сохта, онро ба кор бибар, сипас ба муолаҷаи реш бипардоз. Агар [заҳир] аз сабаби бавосир, решҳои равон ва кафидагиҳо падид омада бошад, сабаби онро бо доруҳое муолаҷа бикун, ки андар боби хосси он ёд хоҳем кард.
Фасли шонздаҳум андар шиёфҳое, ки аз барои заҳир ба зер баргиранд

Беҳтарини шиёфҳое, ки аз барои заҳир ба зер баргиранд, шиёфест, ки беш аз ҳама қабзкунанда бувад. Аз ҷумлаи ин гуна [шиёфҳо] шиёфи маъруфи Искандар, шиёфи сандарус ва бисёр дигар шиёфҳоеанд, ки дорои хусусияти карахткунандагӣ буда, мо онҳоро андар боби илоҷи решҳо ёд кардаем.
Нусхаи шиёфе, ки аз барои заҳир аст: афюн, кундур, гунди бедастар ва заъфаронро гирифта, аз онҳо шиёф созанд ва ба зер баргиранд. Низ, аз мозуи норасид, сафедаи арзизӣ, кундур, хуни сиёвушон ва афюн [шиёф созанд]. Аммо зимодҳои [ин беморӣ] он зимодҳоеанд, ки аз зардии хоя, мағзи нони сафед, бобуна ва ё аз оби фишурдаи бобунаи тар, аз шибити хушк, хитмӣ, луоби за

ғир ва монанди инҳо бисозанд. Яке аз зимодҳои хубе, ки онро бар мақъад зимод кунанд, ганданои шомиест, ки бо равғани гов ва андаке муми равшанкарда ҷӯшонида бошанд.
Аммо бахурҳо ҳамон бахурҳоеанд, ки аз барои ин гуна беморон бисозанд ва онҳоро ҳангоми шиддат ёфтани дард бад-ин гуна ба кор баранд, ки [беморро] бар курсии сӯрохкарда нишонда, мақъадашро ба он сӯрох баробар доранд ва аз зер кулоҳакеро ниҳода, аз тариқи он бахур кунанд. Аз он ҷумла кабар, донаҳои зайтун ва саргини гавазн бахур карда шавад. Агар гӯгирди бисёреро якбора бахур кунанд, суд хоҳад дошт.
Обҳое, ки андар онҳо [беморро] нишонанд, ё аз барои фурӯ нишондани дард буда, мисоли онҳо обҳоеанд, ки андар онҳо панирак, шибит, бобуна, хитмӣ ва шоҳафсарро ҷӯшонида бошанд ва ё аз барои бастани [моддаи] сайлонкунанда буда, мисоли онҳо обҳоеанд, ки андар онҳо доруҳои қабзкунандаро ҷӯшонида бошанд. Бояд ин обҳо ба ҳасби ҳоҷат бо ҳам омехта шаванд.
Ҳар гоҳ мақъад берун ояд, онро шуста, пок бикун ва ба ҷояш баргардон. Худованди онро андар обҳои сахт қабзкунанда бинишон ва ё мақъадро баъд аз баргардондан бо доруҳои қабзкунандаи қавие зимод кун, ки онҳоро совида бо бархе аз фишурдаҳои қабзкунанда ҷамъ сохта бошӣ.

(450) Мақолаи севвум
оғози гуфтор андар баёни дардҳои рӯдагон

Фасли нахустин
АНДАР БАЁНИ ПЕЧИШИ НОФ

Сабабҳои печиши ноф ё бодҳои бандгардида, ё фазлаҳои тези сӯзонанда, ё бурагии шӯри сӯзонанда ва ё ситабри часпаке, ки ронда нашаванд, ё реш ё омос, ё морҳо ва ё [кирми] «кадудона» буванд. Бархе аз печиши ноф ба тариқи буҳрон ба амал омада, яке аз нишонаҳои он бошад. Ҳар гуна печиши нофи сахт қулинҷро монад ва илоҷи он чун илоҷи қулинҷ бувад, вале печиши нофи заҳравӣ чунин нест ва андар муолаҷаи он бо ин гуна илоҷ хатари бузург ҷой дорад. Баръакс, печиши нофи бидуни исҳол буда ҳар гоҳ шиддат ёбад, ба қулинҷ ва ё иловус табдил хоҳад ёфт. Печиши ноф ҳар гоҳ боиси кузоз, қай, ҳукак ва тирагии ақл бигардад, ин нишонаи марг аст.
Нишонаҳо: Печиши нофи бодӣ бо қароқур, дамиш ва азҳамкашидагии бидуни гаронӣ падид ояд ва бо баромадани бод ором бигирад. Аммо бар печиши нофи аз сабаби хилти заҳравӣ падидомада камии гаронӣ далолат кунад ва ба изофаи он сӯзишу афрӯхтагӣ ва ташнагии шадид ҷой дошта, ҳамроҳи бироз [зарда] берун ояд.
Ин ба қулинҷ монанд аст, вале агар бо илоҷи он муолаҷа карда шавад, хатои бузург хоҳад буд. Нишонаи печиши нофе, ки аз сабаби хилти бурагӣ бихезад, сӯзиш ва гаронии зиёд буда, ҳамроҳи бироз балғам берун ояд.
Нишонаи печиши нофи аз сабаби хилти ситабри часпак

баамалоянда гаронӣ, андар як ҷой боқӣ мондани дард ва бо бироз берун омадани ин гуна хилт бувад. Нишонаҳои печиши нофе, ки аз сабаби решҳо падид ояд, нишонаҳои маълуми саҳҷ буванд ва нишонаҳои печиши нофе, ки аз сабаби омос рӯй диҳад, айни нишонаҳои омосеанд, ки андар боби қулинҷ ёд шудаанд. Нишонаи печиши нофи аз сабаби кирмҳо ба амал омада он нишонаҳоест, ки андар боби кирмҳо ёд шудаанд.
Илоҷ: Ба ҳангоми печиши нофи моддӣ, ки моддаи он рӯ ба афзоиш аст, бояд худованди онро нахуст қай оваранд ва сипас исҳол. Печиши нофи бодиро нахуст бо ғизоҳои мувофиқ додан ва дур сохтан аз ғизоҳои бодангез, бо кам хӯрдан, аз болои таом кам об ошомидан ва баъди он кам ҳаракат кардан муолаҷа кунанд, сипас агар бод боқӣ монда бошад, рӯдаро бо ҳуқнае муолаҷа созанд, ки хилти ба сӯи он кашидашударо берун орад. Аз барои ин ҳуқна пиҳи мокиён, равғани гул ва мум ба кор баранд. Агар беморӣ аз сӯи боло бошад, бо ягон доруи ошомидание аз қабили [гувориши] шаҳриёрон, [гувориши] хурмоӣ ва ёра бо оби донагиҳо ва инчунин бо [гувориши] биҳӣ муолаҷа кунанд. Сипас [ба бемор], масалан, тарёк, саҷазаниё ва монанди инҳо ва [инчунин] тухмиҳои бодҳалкунанда бидиҳанд.
Сифати як ҳуқна: аз баспоя, қантуриюн, зира, шибит, судоби хушк, ҳулба ва тухми карафс бахшҳои баробар гирифта, андар об нарм биҷӯшонанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ