Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

(469) Илоҷи қулинҷе, ки аз нотавонии қувваи ронанда бархезад. Аз барои ин намуд ба кор бурдани доруҳои қувватбахшанда, тарёк, масрудитус, сиёдаритус, саҷазаниё ва даҳмарсо судманд аст. Аз барои исҳол овардан, масалан, ёраи фиқроро бо оби дегафзорҳо ва равғани беданҷир ба кор баранд. Бояд ба [бемор] аз ғизоҳои хубе аз қабили сапедбо ва зирабои бо гӯштҳои сабуки сутуда сохта ғизо бидиҳанд.
Илоҷи қулинҷе, ки аз сабаби нотавонии ҳис ва аз байн рафтани он ба амал ояд. Аз барои ин намуд хӯрдани, масалан, луғозиё, анақардиё, фандодиқун, тарёк ва масрудитус судманд аст. Аз шаробҳо, масалан, хандиқун, майсавсан ва шароби холис ва аз равғанҳо чи ба тариқи ошомидан ва чи ҳуқна рехтан равғани калкалонаҷ, равғани беданҷир, хусусан равғани қуст ва [инчунин] қатронро андар равғани зайтун ва зифтро андар равғани зайтун ба кор баранд, чунонки инро андар бобҳои гузашта донистӣ.
Илоҷи қулинҷи аз печидагии рӯда бархоста. Беҳтарин дармон чунин аст, ки худованди онро андар ҷои боваринок нишонда, шикамашро аз тариқи совиши нарм ва сила кардане чора кунанд, ки рӯдаҳояшро рост намуда, ба ҷояшон баргардонад. Пушташро низ ҳамин гуна сила кунанд ва соқҳояшро сахт бибанданд.
Илоҷи қулинҷе, ки аз сабаби кирм бихезад. Ин ҳолат ва муолаҷаи онро бояд аз он ҷое донист, ки андар баёни кирмҳо сухан рондем.Агар дард бар забари ноф бошад, доруҳои ошомиданӣ ва агар ба наздики ноф ва ё фурӯсӯ аз он бошад, ҳуқнаҳои андар он [гуфтор] ёдшударо ба кор бибар.
Илоҷи қулинҷи фатқӣ. [Илоҷи ин] ислоҳ кардани фатқ бувад ва сипас агар бо ислоҳи фатқ аз байн наравад, худи қулинҷро тадбир кунанд.
Тадбири доруҳои карахткунанда. Мо андар боби тадбири ҳамагонӣ чигунагии зарурати дурӣ ҷустан аз доруҳои карахткунандаро ёд кардем. Агар зарурат шиддат ёбад ва аз он чорае набошад, созгортарини доруҳои карахткунанда филуниё, маъҷунҳое, ки андар Қарободин ёд кардем ва ҳар гуна доруе бошанд, ки андар таркиби он ба изофаи доруи карахткунанда гунди бедастар бидарояд. Яке аз онҳо қурсҳои карахткунандаи Астиро мебошад, ки нусхаи онҳо чунин аст: як дирамӣ аз заъфарон, майъаи моеъ, занҷабил, дорфилфил ва тухми банг ва чаҳор дирамӣ аз афюн ва гунди бедастар гирифта, аз онҳо ҳаббҳои хурд бисозанд. Як ошомидании он аз ду сеяк дирам то як дирам бувад.
Як доруи хуб: ду уқиягӣ аз бехи фовониё, заъфарон, қардамоно ва мушки замин, се уқиягӣ барги наънои хушк, қуст, мурр, дорфилфил, ҳамомо ва сунбули ҳиндӣ, чаҳор уқиягӣ тухми карафс, ангудон, занҷабил, салиха ва донаи баласон, як уқиягӣ афюн, тухми шавкарон ва пӯсти ябруҳ ва аз ангубин ба миқдори кифоят гирифта, [дору созанд] ва баъд аз шаш моҳ ба кор баранд. Инчунин, бархе аз ҳуқнаҳои маъруфи муътадилро ба кор бурда, андар онҳо ним дирам гунди бедастар ва ба миқдори як боқилло ва ё камтар аз он афюн биафзоянд. Гоҳо афюн ва монанди инҳоро андар равғанҳои ҳуқнаҳои қулинҷ афка

нанд ва гоҳе ба изофаи он сакбина, ангужад, равғани баласон ва андаке мушк ҳамроҳ кунанд. Гоҳе дигар аз афюн ва гунди бедастари андар равғани зайтуни тухмиҳо гудохташуда фатила созанд. [Яъне] фатиларо андар инҳо оғушта, андар мақъад бидароранд ва бо он думчаи риштагине бисозанд, ки берун бимонад ва ҳар соате онро берун оварда, доруяшро нав кунанд.
Ғизо додан ба беморони қулинҷ. Оид ба ин ки ба ҳангоми ҳамаи намудҳои қулинҷ ғизои лағжонандаю нармсозанда мавриди ниёзмандист, ҳеҷ ҷои шубҳа нест, вале муҳтоҷӣ ба ғизои қувватбахшанда як амрест, ки ба ҳангоми аз шиддати дард ва истифроғи бисёр зоҳир шудани нотавонӣ ба миён ояд. Ғизоҳои қувватбахшанда инҳост:
оби гӯштҳои сахт пухташуда; зардии хояи нимбиришт; мағзи ноне, ки андар оби гӯшти ҷӯшонида тар карда бошанд; ва шароб. Бехӣ тарки ғизо кардан аз барои қулинҷи балғамӣ, бодӣ ва ғайра судманд аст ва ин тадбире бошад, ба равиши (470) қонун. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки андар хомшӯрбо ва нони эшон турбид ва маҳмуда ҳамроҳ кунанд. Бояд нони эшон хушкор, бо хамирмоя, ғайри фатир, ковок ва ғайри фишурда бошад. Анҷир, ҷамиз, мавиз ва мавизи тар агар ширин бошанд, бештари ин гуна беморонро суд бахшида, ягон зиёне нахоҳанд дошт. Харбузаи ниҳоят ширини нек пухта [низ ҳамчунин бувад].
Баъд, ғизои беморони ба қулинҷи омосӣ ва сафровӣ гирифтор аз чизҳои лағжонандаи сард иборат буда, масалан, инҳост: оби ҷав; оби шӯрбои наск; сапедбо; оби шӯрбои исфонох ба шарте ки бими дамиш овардани исфонох набошад; олуво; ва ғайра. Аммо оби шӯрбои пирхурӯс, чаковак ва мурғчӯҷа аз барои ҳамаи намудҳои қулинҷи бирозӣ ва сард муштарак аст, вале хӯрдани гӯшти пирхурӯс иҷозат нест. Гӯшти чаковакро гурӯҳе иҷозат надодаанд, аз баҳри он ки ин гӯшти қувваташ андар об баромада эҳтимоли бастани табиатро дорад ва гурӯҳи дигар аз қабили Руфус ва Ҷолинус андар китобҳои хеш ва хусусан андар «Китоби тарёк» ҳукм бад-он кардаанд, ки он ҳатто ба шакли бирён ҳам судманд аст ва гӯшти ҳудҳуд низ чунин бувад. Пеш аз таом ҳафт қулт обкомаи набатӣ ошомидан ҳангоми ҳама гуна қулинҷе, ки ҳарорати зиёде надошта бошад, судманд бувад. Ҳамчунин, хояи нимбиришт низ аз барои эшон нофеъ аст. Он чи ки аз барои қулинҷи сард хос аст, бад-ин гуна аст: ҳангоми таом ба беморон обкома ва сир бидиҳанд, таомашонро бо гандано дуруст кунанд, онро намак зананд ва онро бо дорчинӣ, занҷабил, саътар, зира, газна ва хасакдона хушбӯй созанд. Бояд ин гуна [беморон] сапедбоҳоро бо кафки хардал бихӯранд. Намаки эшон бояд андаронӣ, дегафзорафканда ва омехта бо хасакдона, сиёҳдона, зира ва анисун бошад. Бояд аз ҳамаи тараҳо, ба ҷуз судоб ва чугундар парҳез кунанд. Наъно низ дорои хусусияти дамишоварандагист. Аз шаробҳо ба эшон шароби райҳонии холис ва шароби ангубиниро бо дегафзорҳо бидиҳанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ