Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аразҳои дигари аз қабили тоса, андӯҳгинӣ, хафақон, маниши гаштан, бехобӣ ва сардии дасту пойҳо ҳама низ чунин буда, аз қулинҷ дида бештар ба ҳангоми иловус падид оянд.
Гаронӣ ба ҳангоми иловуси балғамӣ ва бирозӣ аз гаронии ба ҳангоми қулинҷ буда сахттар ҳис карда шавад, аз баҳри он ки иловус андар андоми аз ҳама баланд, ҷирмаш аз ҳама заифтар ва аз ҳама каморомтари тан падид ояд. Гоҳе бодгирифтагии чашмон ба ҳангоми он бештар аз бодгирифтагии ба ҳангоми қулинҷ баамалоянда бувад.
Сипас ба изофаи нишонаҳои [хосси] иловус аз қабили маҳалли дард, ҳаракатнокии он ва кам суд бахшидани ҳуқнаҳо, нишонаҳои тафсилӣ низ ҷой дошта онҳо мисли нишонаҳои тафсилии қулинҷанд, лекин бар иловусе, ки аз заҳрҳо ба амал ояд, ориз гардидани далелҳои дигаре пеш аз шиддат ёфтани он гувоҳӣ диҳанд. Он иловусе, ки ба сабаби заҳр ба амал омадааст, мумкин аст аз тариқи истирхову хафақон овардан андар оғози зуҳури хеш ва пеш аз шиддат ёфтану авҷ гирифтани ҳолаташ боиси заъф бигардад. Далели ин он бошад, ки ягон сабаби дигари намоёне дида нашавад. Бар иловусе, ки аз сабаби қавӣ будани қувваи нигоҳдорандаи рӯда ба амал меояд, ниҳоят сахт будани бироз ва зуд қаи бирозӣ овардан далолат кунанд ва андар ин ҳангом на таб ва на афтидагии бениҳояти қувва дида нашаванд.
(472) Илоҷ. Илоҷи иловус ба илоҷи қулинҷ наздик аст, вале қавитар буда, доруҳои ошомиданӣ ба ҳангоми он бештар суд бахшанд ва аз ҳуқнаҳо низ чора нест. Агар аз боло дору биошоманд ва он банд бигардад, аз фурӯсӯ ҳуқна бирезанд ва ин аз барои чизи ошомида кумаки хубе хоҳад буд. Агар ҳуқнаро ба ҳасби ҳоҷат хоҳ пеш аз он бирезанд ва хоҳ баъди он, фарқ надорад. Кадом як аз ин дуро, ки ба кор баранд, бояд дигариро баъди он ба таври заифтар ба кор баранд.
Бисёр бошад, ки як ҷуръа оби гарм дарди иловусро ором созад, аз баҳри он ки об ба иллати наздикии масофа зуд ба он ҷой расида, сабабгори дардро ҳал кунад. Гурӯҳе чунин ақида доранд, ки аз барои ба осонӣ ба ҷои дур рафта расидани ҳуқна агар ҳангоми иловус нахуст аз тариқи бар даҳон ниҳодани дам рӯдаро ба оҳистагӣ рост кунанд, хуб хоҳад буд. Раг задан андар ин ҳол бештар воҷиб аст, вале агар омос ҷой дошта бошад, аз он чора нест. Агар дарди сахте ҳис карда шавад, ки бими омосро дошта бошад, низ бояд аз раг задан истифода бурд.
Ба ғайр аз ин, гоҳе ба ҳангоми ин [беморӣ] хилтҳои баде ба сабаби баста шудани рондашавӣ андар тан паҳн гардида, кор ба ҷое бирасад, ки аз тан бӯи бад ояд. Ҳар гоҳ хилтҳои бад андар тан паҳн шуда, аз тариқи исҳол берун рондани онҳо душвор бигардад, раг задан воҷиб ояд. Молидани дасту пой низ яке аз тадбирҳоест, ки моддаи аз тариқи фурӯ рафтан дардоварандаро фурӯ рафтан нагузорад. Ба кор бурдани доруҳои лағжонандаи моил ба гармӣ ва луобҳои гарм бо равғани беданҷир қариб аз барои бештари намудҳои иловус, ба ғайр аз иловуси заҳравӣ ва иловуси омосии дорои ҳарорати баланд, судманд аст. Ҷӯшонидаи шибит бо намаку равғани зайтун, ки [шибитро] ҳамроҳи ин ду ҷӯшонида бошанд, низ судманд аст ва танро бо равғани зайтуни гармкарда равған кар

дан ҳамчунин бувад. Иловуси балғамиро, масалан, бо доруҳои ошомидании андар боби қулинҷ ёдшуда ва бо ҳабби сабр, ҳабби сакбина, ҳабби ёра муолаҷа намуда, ҳамаи инҳоро бо равғани беданҷир ба кор баранд. [Инчунин], бо ҳуқнаҳои муътадиле муолаҷа кунанд, ки [моддаро] ба фурӯсӯ бикашанд.
Иловуси бодиро ҳам масалан, бо доруҳои ошомидании андар [боби қулинҷ] ёдшуда ва аз барои бодҳо судманд муолаҷа кунанд ва барои ёрӣ додан ба чизи ошомида ҳуқнаҳо ба кор баранд. [Ба ғайр аз ин], бар бахши барсӯвини шикам миҳҷамаҳои зиёд гузоранд. Гоҳе маҳалли [миҳҷамаеро], ки ба наздики маҳалли дард аст, бибуранд ва гоҳе моддаро ба сӯи мароқ бикашанд. [Иловуси] аз мизоҷи сода бархостаро бо тадбирҳои бароят маълуме аз қабили дигаргун сохтани мизоҷ ва истифроғ намудани хилт ба тавре ки андар боби қулинҷ гуфта шуд, муолаҷа кунанд. Иловуси омосии гармро бо чизҳои андар боби қулинҷ муайянкардаи мо ва иловуси омосии сардро низ бо чизҳои андар боби қулинҷ гуфташудае, ки созгортарини онҳо ошомидани равғани беданҷир бо оби бехҳо ва ё бо хиёршанбар аст ва инчунин бо ёрии дигар дармонҳои маълум муолаҷа кунанд. Дигар ин ки аз ҳар кадоми ду намуди сунбул, шибит, донаи даҳмаст, тухми катон, шанбалит, тухми хитмӣ ва тухми марв як мисқолӣ, аз бехҳои сегона ҳафт мисқолӣ, панҷ дона анҷир ва даҳ дона сапистон гирифта, ҳамаро бипазанд ва бо равғани беданҷир ва ё бодоми талх ба бемор бидиҳанд. Иловуси зардавиро, масалан, бо он доруҳое муолаҷа кунанд, ки назири онро аз намудҳои қулинҷ бо он муолаҷа кунанд ва иловуси аз печидагии рӯда баамаломадаро низ бо чизҳои андар боби қулинҷ гуфташуда муолаҷа кунанд. Иловуси фатқиро ҳам аз тариқи ба вазъи муносиб гузоштани [бемор] муолаҷа кунанд, то чизи ба ҳангоми фатқ берун омада ба ҷои хеш баргашта мустаҳкам шавад. Он иловусеро, ки аз сабаби қавӣ будани қувваи нигоҳдорандаи рӯда ба амал ояд, бо ёрии чизҳои лағжонандаи равғанӣ, обҳои гӯшти мурғи фарбеҳ, чӯҷа ва барра муолаҷа кунанд. Ин обҳои равғаниро ба шакли сапедбо, зирабо ва хусусан андар онҳо шибит, бехи ганданои набатӣ ва равғани бодом ҳамроҳ карда, тановул кунанд ва баъд аз он ҳуқнаи тари нарми ба таври форам гарм ба кор баранд. Иловуси бирозиро нахуст бо ҳуқнаҳои нарм муолаҷа карда, сипас тадриҷан ба ҳуқнаҳои қавӣ бигузаранд. Баъди ин доруҳои шикаморандаи хосси [қулинҷи] бирозӣ биошоманд, то ҳар чи боқӣ монда бошад, фуруд оваранд. Ба ҳангоми муолаҷаи иловуси аз ошомидани заҳр руйдода нахуст бо ёрии, масалан, оби гарм ва равғани кунҷид қай оваранд.[243] Гоҳе эҳтиёҷ бад-он бувад, ки доруи ба бемор диҳандаро аз тариқи ҳамроҳ кардани турбид ва ё тухми турб қавӣ созанд. Сипас ба бемор тарёки бузург, подзаҳр ва монанди инҳоро бидиҳанд. Шароби ӯро аз оби шакар ва таомашро аз оби хомшӯрбои равғанӣ созанд. Агар қай пайдарпай рӯй дода, [меъдаи] эшон таомро пазируфтан натавонад, доруи андар мисли ҳолати қулинҷ ёдшударо ба эшон биошомонанд. Агар нонро андар оби ҷӯшонида истода тар карда, ба эшон бидиҳанд, ин тадбир мумкин аст қаяшонро баста, таомро андар меъдаашон нигоҳ дорад. Илоҷи он иловусе, ки аз ғизоҳои (473) тунд, гиранда ва часпак бархезад, ба илоҷи назири он аз қулинҷ наздик аст, вале ба ҳангоми ин ошомҳову чизҳои ошомиданӣ бештар судманд буванд.

пешина
аз 1215
навбатӣ