Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бояд шикамро нарм дошт ва нагузошт, ки бироз сахт бигардад. Агар пешоб банд бигардад, онро аз тариқи нарм сохтани омос муолаҷа кунанд, вале як шабу як рӯз, хусусан баъд аз сахт рафтани хун, набояд бемор ба халоҷо биравад.
Агар бавосирро на бо афзор ва на аз тариқи шикофтан, балки бо ёрии дору буридан бихоҳанд, бар вай ягон доруи тезеро бипошанд, ки онро бихӯрад, пора кунад ва гӯшти солимро зоҳир намояд. Агар ин боиси дард бигардад, [беморро] андар обҳои қабзкунанда нишонанд ва пеш аз он бавосирро бо ниҳодани равғани зарди бисёр муолаҷа кунанд. Сипас, бо ёрии масалан, марҳами сафеда ва мурдосанг ва бо ёрии марҳамҳое муолаҷа кунанд, ки аз ҳар ду [доруи мазкур] ва обҳои рӯбоҳразак, кокана ва кашниз сохта бошанд. Мумкин аст дард нагузорад, ки доруи тез ба якбор ба кор бурда шавад. Андар ин ҳол [низ] эҳтиёҷ ба истеъмоли доруи тез биафтад. Вале агар дард наравад, нахуст онро бо илоҷи ёдшуда муолаҷа кунанд, сипас дубора [доруи тезро] ба кор баранд, чунки ба такрор кор фармудани доруи тез ҳамроҳи хушккунӣ осонтар аст ва андар поёни кор [бавосирро] сиёҳ карда, биафтонад. Доруи тез дегбардег, фалдафиюн ва монанди инҳост. Ҳар гоҳ бавосир сиёҳ шавад, каранбро бо равғани зайтун пухта, бар вай биниҳанд ва дард ором гирад. Сипас [муолаҷаро] аз нав то афтидани бавосир давом диҳанд. Аммо бавосири «тутӣ» ва монанди онро [илоҷ] ин аст, ки пошидани зогҳо онро бихушконад ва бирезонад ва инчунин аз ин роҳ онро бибуранд. Раг задану исҳол овардан андар ин ҳангом бештар воҷиб оянд ва доруҳои пошиданӣ, бахурҳо ва тилоҳо аз ҳама бештар таъсир кунанд.
Фасли чаҳорум андар тадбири кушодани бавосири сарбаста ва рехтани хуни он

Бояд нахуст бо ёрии гармобаҳо онро нарм кунанд ва барои кушодани он аз задани раги софин ва раги зери зону ва аз равғанмолӣ кардан бо равғани мағзи шафтолу ва мағзи зардолуи талх, пиҳи кӯҳони шутур, мағзи устухони гавазн, муқл ва ғайра чи ба тариқи танҳо ва чи якҷоя истифода баранд. Сипас аз болои он оби фишурдаи қавии пиёзеро ба кор баранд, ки андар он фишурдаи бахури Марям ҳамроҳ карда бошанд ва гоҳо ба изофаи он миқдоре аз исфидакширҳо ва аз мавизаку саргини кабӯтар андар он афкананд, зеро инҳо [бавосирро] ночор бикушоянд. Гоҳе дигар онро бо талхаи гов маъҷун созанд. Борзад ва инчунин барги судобу равғани бобунаи говчашм аз ҷумлаи чизҳоеанд, ки андар таркиби ин [доруҳо] бидароянд. Хӯрдани худи бобунаи говчашм хунро битозонад ва масомро фарох созад. Доруи ҳалилаи бо тухмиҳо сохташуда ба изофаи он, ки бавосирро суд бахшад, хуни бавосирро низ битозонад, аз баҳри он ки андар таркиби он тухмиҳои латифсозанда ҷой доранд. Яке аз чизҳое, ки хуни бандгардидаро битозонад, доруи зерин аст: се дирам дилаи ҳанзал ва чаҳор дирам бодоми талхро гирифта, аз ҳар дуи инҳо фатилаи дарозе бисозанд ва андар мақъад бидароранд. Инро ҳар соате иваз карда, андар панҷ соат панҷ фатила ба кор баранд.

Агар дард шиддат ёбад, аз равғани гул фатила сохта, андар мақъад бидароранд. Гоҳе мумкин аст задани раги софин худ ба худ [бавосири сарбастаро] бикушояд.
Фасли панҷум гуфтор андар баёни доруҳои бавосирӣ– бахурҳо102 ва хокаҳо

Беҳтар он аст, ки пеш аз доруҳои хокаи қавӣ [мақъадро] анзарути андар об гудохта бимоланд. Агар бемор пуртоқат бошад, даруни мақъадро оҳаки гармобагӣ молида, андаке сабр кунанд ва сипас бо шароби қабзкунанда шуста, баъд аз он доруи хокаро бипошанд. Яке аз хокаҳое, ки бар бавосир бипошанд, пӯсти судаи мис ё танҳо ва ё бо арзизи сӯхта бувад. Инчунин, бар вай зирних, коғна ва навшодир пошида, (482) бо чизҳое аз қабили равғани зард ва монанди он, ки пеш ёд карда шуданд, чораҳои эҳтиётӣ бибинанд.
Қавитарини ин хокаҳо онест, ки бо пешоби кӯдакон маъҷун сохта бошанд. Ҳамаи онҳо ба равиши доруҳои тез амал кунанд. Аз миёни онҳо беш аз ҳама созгор ва нармтар, масалан, хокистари гавзи сарве, ки бо шароб шуста бошанд, хокистари пӯсти хояи мурғ, хокистари донаи хурмои сӯхта, боқилии мисрии талхи хушки сӯхташуда ва инчунин донаҳои сӯхтаи хурмо буванд. Яке аз доруҳое, ки ба ҷои доруҳои хос гузарад, доруи зерин аст: сари моҳии шӯрро гирифта, ба наздики оташ хушк кунанд, бо якчанди он аз панири куҳан биомезанд ва бар ҳалқаи [мақъад] бипошанд. Хокистари думи моҳии шӯр, низ чунин бувад.
Сиёҳдона аз ҷумлаи хокаҳои аҷиб ва бисёр судманд аст.
Аз ҷумлаи онҳо доруҳои бахуршаванда аст, ки қавии онҳо инҳост: доруи балозур, ки онро ё танҳо, ё бо дигар доруҳо ва хусусан бо зирних [ба кор баранд]; зирнихи танҳо; ва каранби танҳо. Аммо доруҳои дигар ба монанди инҳост: бехи ангудон; бехи харзаҳра; уштурғоз; [248] бехи савсан; бехи кабар; бехи карафс; бехи ҳанзал; бехи испанд; бехи рангрезон; тухми гандано; хардал; саргини шутур; ишхор; ушнон; борзад; анзарут. Ҳамаи инҳоро ё танҳо-танҳо ва ё якҷоя ба кор баранд. Андар онҳо андаке балозур ҳамроҳ карда, бо равғани ёсамин бисириштанд ва қурсҳо сохта, аз барои бахур кардан нигоҳ доранд. Он бахурҳое, ки андар таркиби онҳо ушнон, борзад, анзарут ва саргини шутур бидароянд, хеле судманданд. Гоҳе якчанд бор бо газ пайдарпай бахур кардан кифоят бошад.
Як нусха аз бахури мураккаб. Аз бехи кабар, бехи карафс, барги харзаҳра, бехи хоре, ки онро «ҳоҷҷ» гӯянд,103 бехи ангудон (маҳрус), бехи савсан ва балозур бахшҳои баробар гирифта, аз онҳо бо равғани занбақ фундуқҳо созанд ва ба тариқи бахур ба кор баранд. Гӯянд, ки бахур кардан бо барги мӯрд сахт суд дорад. Бо пӯсти сиёҳи пӯсткарда ва навшодир бахур кардан низ чунин бувад. Ин гуна бахур карданро гоҳе бо ёрии кулоҳаке ба амал оранд, ки як сӯяш андар мақъад ҷой карда шуда, сӯи дигараш бар миҷмар бувад. Гоҳе дигар бо ёрии пангони таҳсӯрохе бахур кунанд, ки бемор бар вай нишаста бошад. Беҳтарин лахча аз барои ин кор лахчаи саргини шутур аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ