Қонуни тиб

Фасли даҳум
андар баёни доруҳое, ки
хунравӣ бибанданд
Бархе аз инҳо доруҳоеанд, ки сайлони ҳангоми буридан баамаломадаро банданд ва онҳо қавитар буда, сӯзонанда буданашон бештар муҳим аст. Бархеи дигар доруҳоеанд, ки хунравии аз кушодани [даҳони рагҳо] ба амаломадаро бибанданд. Доруҳое, ки хуни аз буридагӣ ояндаро бибанданд, зогҳо ва низ хокаҳои сабр, кундур, хуни сиёвушон ва гулнор, шиёфи момисо ва дигар чизҳое буванд, ки бар [бавосир] пошида, сахт бибанданд. (484) Инчунин, пашми харгӯш ва ошёни тортанакро ба сафедии хояи мурғ тар карда, бо хокаи Ҷолинус оғушта созанд ва бар [буридагӣ] то баста шуданаш бибанданд.
Доруҳои қавӣ, масалан, қалқатор бо ақоқиё ва мозуст ва сипас сахт бастан бувад. Агар ягон чиз суд набахшад, [маҳалли буридаро] бо пунбаи андар равғани ҷӯшон оғушта доғ кунанд ва ин хунро бибандад. Сипас аз болои он хокаҳои хунбанданда бипошанд, вале андар ин хатари ташаннуҷ бувад. Аммо доруҳои аз ин камқувваттар доруҳои қабзкунандаи маъруф ва обҳоеанд, ки андар онҳо чизҳои қабзкунанда ҷӯшонида бошанд ва ё шароби тундест, ки андар он пӯсти анор ва мозу ҷӯшонида бошанд.
Яке аз чизҳое, ки аз барои ин ғараз биошоманд, итрифали хурд аст, ки ба вай рими оҳан ҳамроҳ кардаанд. Ин [рими оҳанро пеш аз он] як ҳафта андар сирко тар кунанд ва сиркояшро полида, худи онро бар тоба то сурх шудан бирён кунанд ва сипас чун гард хурд созанд.
Фасли ёздаҳум андар баёни ғизоҳои касони ба бавосир гирифтор
Бояд аз ҳар гуна гӯшти ситабр, чизҳои ширӣ ва аз ҳар гуна чизи сӯзонандаи хун аз қабили дегафзорҳову гармдоруҳо парҳез намуда, ҷуз ба андозаи судманд аз онҳо истеъмол накунанд. Бояд чизҳое аз қабили гӯштҳо, [249] зардии хоя, сапедбоҳои равғанин, гӯдобҳо ва зирабоҳо хӯрд, ки зуд гуворида гарданд ва ғизои хуб бахшанд. Оби нахӯд бо равғани кунҷиди хуш аз барои чунин [беморон] судманд аст. Низ, эшонро гавзи ҳиндӣ бо пониз суд бахшад. Агар андар ин миён шикамрав ва сайлони беандозаи хун ҷой дошта бошад, гуринҷ ва норво бо мавиз судманд буванд. Ба эшон аз равғанҳо равғани гавз, равғани норгил, равғани бодом, равғани донаи зардолу, пиҳи кӯҳони шутур ва дигар пиҳҳои хубро бидиҳанд.
Хоягинаи аз зардии хояи мурғ, гандано ва андаке пиёз сохташуда ва пониз [судманд аст], вале анҷир барои эшон беҳтар аз хурмост.
Фасли дувоздаҳум андар баёни омоси гарми мақъад ва сурхбоди он, ки ҳар ду худ ба худ ва ё баъд аз дардҳои бавосир ва буридани он ба амал оянд
Омосҳои мақъад худ ба худ камтар, вале баъди даридану хоридани [мақъад], баста шудани даҳони бавосир
ва низ баъди аз тариқи буридан ва бо доруҳои тез муолаҷа кардани бавосир бештар ориз бигарданд. Агар ин
омосҳо рим карда, хуроҷ бигарданд, бими ба носурҳо табдил ёфтанро доранд. Бинобар ин фармудаанд, ки пеш аз пухтан нештар зада шаванд. Бояд андар оғози ин омосҳо раг бизананд ва бошад ки як худи ин дардро ором кунад. Бар онҳо марҳамҳои сафеда бимоланд ва ё сафедии хояеро тило кунанд, ки бо равғани гул андар ҳовани арзизӣ ва ё сурбӣ то сиёҳ шудан совида бошанд. Ё панҷ [дирам] мурдосанг, ҳашт [дирам] нашоста, ду дирам сафеда, се уқия мум, ду уқия равғани гов, як уқия пиҳи мурғобӣ ва ба миқдори кифоя равғани кунҷид гирифта, ба инҳо андаке мусаллас ва шароб ҳамроҳ кунанд. Пиҳи мурғобӣ сахт судманд аст. Агар нони бо об ҷӯшонидаро бо зардии хоя ва равғани гул зимод кунанд, низ чунин бувад. Ё як ратл нони покиза, як уқия заъфарон ва ним уқия афюнро андар майпухта гирифта, ба кор баранд.
Зимоди кокана сахт хуб аст. Низ, зимоди зерин чунин бувад: зардии хояи бирёнро гирифта, андар шароби қабзкунанда бисириштанд ва баъд бо мум ва равғани гул омехта созанд.
Ҳар гоҳ [омос] аз марҳилаи оғоз бигузарад ва агар он на аз сабаби буридагӣ бувад, бар вай марҳами диёхилуни бо равғани гул шикаста ва ё каме марҳами босалиқунро бо зардии хояи нимбиришт биниҳанд. Низ пиёз ва ганданои бо бобуна пухта ва ё марҳами сафедаи бо уша сохташударо [ба кор баранд]. Агар дард шиддат ёбад, барги тари бангро гирифта, бифишоранд ва миқдоре аз оби онро гирифта, низ бо об биомезанд. Сипас андар он нон тар карда, бар вай зардии хояи начандон баста ва ё равғани гул афзоянд ва марҳам созанд. Низ, гоҳо гармибандии муътадил ва нишастан андар обҳое суд бахшад, ки андар онҳо чизҳои дардоромкунанда, масалан, тухми катон, хитмӣ ва тухми хитмӣ ва малухиё ҷӯшонида бошанд. Андар ин [обҳо] луоби гандуми далида бирезанд. Бояд ба боби заҳир муроҷаат кард. Андар он ҷой дармонҳоест, ки андар ин бобат хуб бошанд. Агар омосҳои наздики мақъад аз ҷинси омосҳои римкунанда бошанд, бояд пеш аз пухтан зуд ба нештар задани онҳо шитофт, то модда ба андарун фурӯ рафта, омос ба реши равон табдил наёбад. Ин тадбирро аз забони Буқрот ҳикоят кардаанд. (485) Фасли сездаҳум андар баёни кафидагиҳои мақъад
Кафидагиҳои мақъад гоҳе ба хушкӣ ва гармие вобаста бошанд, ки онро ориз гардад ва сипас аз сабаби бирози хушк ва ё бо андак сабаби дигаре кафида гардад. Инчунин мумкин аст ба сабаби омоси гарм, ё ба сабаби ниҳоят ситабр ва хушк будани бироз, ё ба сабаби бавосире, ки бикафад ва ё ба сабаби ба даҳони рагҳои мақъад задани хун ба амал ояд.
Илоҷ. Бархе аз доруҳои кафидагӣ фароҳамоварандаю пайвасткунанда, бархе нармкунандаи тар, бархе аз барои муолаҷаи омос ва бархе ба равиши доруҳои ба хосият таъсиркунанда ва ё наздик ба онҳо буванд. Мисоли доруҳои решфароҳамоварандаи қабзкунандаю хушксозанда мозуи ношикофтаест, ки андар об ва каме шароби тунд ҷӯшонида, нарм созанд ва ҳамчун тило ба кор баранд. Қавитар аз он доруи зерин аст: шангарф, гулнор, сафеда, мурдосанг ва равғани гул. Инчунин, мурдосанг, арзизи сӯхта, рими сим ва иқлимиёро бо равғани гул ва каме мум ба кор баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор