Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Мақолаи дуввум
андар баёни омосҳои гурда ва гусастагии
пайвастагиҳои он
Фасли нахустин
андар баёни омосҳои гарми гурда ва
кафгираки он

Омосҳои гарми гурда мумкин аст аз ҷиҳати модда гуногун бошанд. Бархеи онҳо аз хуни ситабр ва бархеи дигар аз хуни тунуки сафровӣ ба амал оянд. Онҳо мумкин аст аз ҷиҳати ҷойгоҳи хеш гуногун буда, бархе андар ҷирми гурда, бархе моил ба сӯи тиҳигӣ, бархе моил ба сӯи пардаи гурдаро пӯшида ва инчунин бархе моил ба сӯи маҷрои мезаной, бархе моил ба сӯи рӯдаҳо, бархе моил ба сӯи миён ва бархеи дигар ба сӯи маҷро ва рӯ ба боло ҷойгир шуда бошанд. Гоҳе мумкин аст омос андар ҳамаи гурдаҳо ва гоҳе мумкин аст андар (492) як гурда бошад. Дигар, мумкин аст омосҳо рим кунанд ва мумкин аст рим накунанд. Агар рим кунанд, ба ҳангоми кафидан мумкин аст ё ба сӯи обгаҳ бикафанд, ки ин аз ҳама беҳтар бошад ва ё мумкин аст ба сӯи рӯдаҳо бикафанд ва ин ба тариқи рондани табиат аз сӯи гурда ба сӯи рӯдагони бад-он наздик бувад, чунонки моддаи барсом низ аз тариқи устухонҳои паҳлу ба зоҳири тан ронда шавад. Ё мумкин аст ба тариқи пас гаштан сар оварда, [рим] ба сӯи ҷигар, сипас ба сӯи мосориқо ва баъд аз он ба сӯи рӯдагон бигузарад. Он риме, ки ба ҳар тариқе набошад, ба сӯи рӯдаҳо ронда бигардад, сахт бад аст. Ё мумкин аст [рим] ба фазои тиҳигоҳ ва ҷойҳои холӣ ронда шавад, ки андар ин ҳол ба шикофтану берун овардани он эҳтиёҷ афтад. Ё мумкин аст омос сар наоварад, балки [модда] андар он боқӣ бимонад ва инро низ гоҳе аз тариқи шикофтан муолаҷа кунанд. Ҳамаи омосҳои гурда ба санг шудан шитобанд ва чӣ гуна чунин набошад, ки гурда ошёнаи санг аст. Агар андар гурда омоси гарм бошад ва он аз таб холӣ набошад ва сипас шӯридагии ақл ба амал ояд, ин ба сабаби анбозии ҳиҷоб бувад, ки ба бузургии омос вобастагӣ дорад. Ин хусусан ба ҳангоми бо далелҳои бад ҳамроҳ будан ҳалоккунанда аст, вале агар далелҳои нек бо вай ёр бошанд, ба саломат мондани [бемор] аз тариқи сар овардани [омос] умед банд. Гоҳе андар ин гуна ҳолат пиҳи гурда ва гоҳи дигар чизи мӯймонанди сурх ва ба дарозии як ваҷаб ва ё бештар аз он берун оянд.
Сабабҳои омоси гурда пурии ҳамаи тан ва ё пурии андомҳое буванд, ки гурда бо онҳо анбозӣ дорад ва ин [пурӣ] ё ба камияти хун ва ё ба кайфияти он вобаста аст. Ё мумкин аст харошидани санг, ё дарди кӯфтагӣ, ё банд шудани пешоб ба наздики гурда, ки азҳамкашидагӣ оварад ва ё дигар чизҳо [сабабгори омос] буванд, зеро ин гуна чизҳо гурдаро гирифтори омос хоҳанд кард. Омосҳои гарми гурда гоҳе зуд ба сахт шудан шитобанд ва нишонаҳои сахтшавӣ зоҳир гарданд. Бисёр бошад, ки миёнро бо ҳамён (банди эзор) сахт бастан омосҳо ба амал оварад.
Нишонаҳо. Нишонаи омоси гарми гурда таби доимист, ки он инчунин нобасомон пасту баланд шуда, ҳамчун оғози таби чаҳоррӯзӣ бинамояд ва набз ба ҳангоми оғоз ёф

тани навбатҳои он на чуноне хурд бигардад, ки ба ҳангоми оғози дигар табҳо хурд бигардад. Ҳангоми ин таб андомҳои атрофӣ, хусусан дасту пойҳо сард бигарданд, фарошо ва андар миёни он афрӯхтагӣ ба амал ояд ва андар ноҳияи гурда пайваста азҳамкашидагию гаронӣ ҳис карда шавад. Ҳамагуна чизи пешобтозонанда, тез, шӯр ва туруш [беморро] зиён бирасонад, ба ҳасби модда афрӯхтагӣ ва дарде ба амал оянд, ки хусусан агар реши ғарбелак ҷой дошта бошад, ин [дард] гоҳе авҷ гирад ва гоҳе ором ёбад. Агар омос андар ҷирми гурда ҷой дошта бошад, ин дард оромтар хоҳад буд, вале агар омос ба наздики парда ва ба наздики меълоқ ҷой дошта бошад, дард авҷ гирифта, шиддат ёбад ва рост шудан ва сурфаю атса задан нагузорад. Ба тавре истодан душвор гардад, ки ба ҳангоми он омос бар ягон ҷой такя накунад. Дард ба ҳангоми ба пушт хобидани [беморон] сабуктар аз он бошад, ки ба ҳангоми бар шикам задан ва овехта мондани гурдаҳо ҳис карда шавад ва ин ҳол барои эшон аз ҳама созгор бувад.
Гоҳе таби ин гуна иллат ба сабаби бузургии омос шиддат ёфта, ба сабаби анбозии ҳиҷоб боиси ошуфтагии зеҳн ва ба сабаби анбозии меъда бо ҷигар боиси талха қай кардан бигардад. Гоҳе дард то ба рӯю чашм бирасад ва ба иллати рӯдаро фишор додани модда шикам баста гардад. Аммо пешоб андар ин ҳангом нахуст сафед, сипас зарди оташии ноомехта ояд ва баъд аз он сурх шавад. Агар пешоб ҳамеша сафед ояд, аз сахт шудани [омос] ва ё кафгирак гардидани он огоҳӣ диҳад. Умуман, агар пешоб ба ҳангоми ин иллат часпаки сафед буда, ин пайваста бад-ин ҳол бимонад, далели бад хоҳад буд. Агар об ба ҷудо кардани шини сутуда оғоз кунад, ин аз пухтани омос аз ғайри он ки ба чизи дигаре табдил шуда бошад, гувоҳӣ диҳад. Агар баъд аз гузаштани рӯзҳои нахустини омос пешоб софи тунук боқӣ монад, пас, омос андар роҳи рим кардан ва ё андар роҳи сахт шудан аст. Ту андар ҷирми гурда ва ё ба наздики парда будани омосро аз он гуфтаҳое хоҳӣ донист, ки андар бобҳои гузашта овардем. Андар гурдаи рост ва ё чап будани омосро бад-ин гуна бидонанд, ки бар паҳлуи дорои [омос] хобидан осонтар аз паҳлуи муқобили он аст, аз баҳри он ки [гурда] овезон хоҳад шуд. Инчунин, агар дард ба сӯи ноҳияи ҷигар бигарояд, андар гурдаи рост ва агар ба сӯи обгаҳ бигарояд, андар гурдаи чап ҷой дорад. Агар ҳар ду нишона якҷоя ҷой дошта бошанд, пас, омос андар ҳар ду гурда бувад.
Ҳар гоҳ омос кафгирак бигардад, гаронӣ ниҳоят афзоиш ёфта, гурда ҳамчун гӯи гароне андар шикам ҳис карда шавад, андар ҷойҳои тиҳӣ дамиш падид ояд, аразҳо (493) сахт шиддат ёбанд ва андар шикам дарди сахте ҳис карда шавад. Ба ҳангоми омоси [гурдаи] чап андар маҳалли болои хояҳо [дард] ҳис карда шавад. Андар ҳамаи ин ҳолатҳо дарди мушакҳои сутунмуҳра авҷ гирад.
Ҳар гоҳ омос бипазад, таб сабук ва фарошо афзоиш ёфта, пешоб ситабр бигардад ва андар он шини хуби би сёр мушоҳада шавад.

пешина
аз 1215
навбатӣ