Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бояд андар ин зимодҳо бунафша ва пиҳҳои нармкунанда афканӣ. Гоҳе ба сабаби дард мумкин аст туро эҳтиёҷ бад-он бошад, ки андар онҳо миқдоре аз хашхош биандозӣ. Пӯсти луффоҳ аз барои ин созгор аст.108 Яке аз зимодҳои қавӣ барои пазонидани кафгираки андар гурда падидомада анҷири бо оби ангубин пухта мебошад. Агар туро ба қавӣ сохтани он эҳтиёҷ бошад, онро бо мозариюн ва бехи савсани осмонгун қавӣ соз. Яке аз доруҳои ошомидании санҷидашуда ду мисқол тухми катон ва як мисқол нашоста аст, ки ин миқдорро ду бор биошоманд.
Ҳар гоҳ пазиш ба охир бирасад, доруҳои чи ошомиданӣ ва чи ҳуқнавии пешобтозонандаро ба кор бибар.
Аз зимодҳо зимодеро [бигир], ки аз камофитус, гесугуна, фатросолиюн, шукуфаи изхир ва сунбул сохта шудааст. Бояд ба ҳолати дард диққат дод ва нооромии аз он ба амал омадаро бо доруҳои дардфурӯнишонандае, ки мо онҳоро борҳо ёд кардаем ва бо обзанҳои тавсифшуда ором сохт. Гоҳе ҳуқнаи бирозберуноваранда боиси осудагӣ ва паст шудани дард бигардад, чунки он музоҳаматро бибарад ва нармӣ оварад. Агар [ҳуқна] таъсир накунад, эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки бо ёрии, масалан, раг задан ва ё ба нармӣ ниҳодани миҳҷама андар миёни думғоза ва устухони пушт ва сипас бо буриш [дардро] сабук созӣ. [Низ бояд] ин маҳал бо пашминаи андар равғани гарме оғушта гармибандӣ карда шавад, ки андар он, масалан, хитмӣ, қайсум ва бобуна ҷӯшонида бошанд.
Бояд бо ёрии, масалан, тухми катон ва монанди он зимод ниҳод. Гоҳе туро эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки зимодро, масалан, бо гесугуна, кундур, говдона, мум ва равғани савсан қавӣ созӣ. Гоҳи дигар туро лозим ояд аз барои дору бад-ин гуна гузаргоҳ бисозӣ, ки миҳҷама ниҳода, буриши сабук созӣ (495) ва сипас онро бо доруҳои ёдшуда гармибандӣ кунӣ. Гоҳе туро эҳтиёҷ бад-он бошад, ки ба бемор тухмиҳои пешобронандаи сардро бо каме аз доруҳои гарми латиф ва андаке аз доруҳои карахткунанда бидиҳӣ аз қабили анисун бо говдона, андаке афюн ва ё филуниё, ки беҳтарин дору аз барои ин маҳал бувад.
Аммо илоҷи хосси кафгирак ин аст, ки агар бидонӣ, ки аз рим кардани он чора нест, бояд бо доруҳои пазонандае онро ёрӣ диҳӣ, ки ёд кардем ва ин доруҳоро, масалан, бо сақизи хинҷак, газна, афсинтин, бехи савсани осмонгун ва орди говдона қавӣ бисоз. Гоҳе андар онҳо масалан, бехи ҳазоргашон, мозариюн ва саргини кабӯтар биафзоянд. Баъзан ҷӯшонидаи анҷир бо ангубин кифоят кунад.
Бояд андар таркиби ҳуқнаҳо ва доруҳои ошомиданӣ чизҳое ба кор бурда шаванд, ки ба таври қавӣ пазонандаанд.
Низ доруҳои аз барои гармибандӣ ёдшудаеро ба кор баранд, ки бо чизҳои лозимӣ қавӣ гардонида шудаанд. Бисёр бошад, ки сабаби дер пухтан бадмизоҷии гарми афрӯхта бошад ва чун онро муътадил созӣ, [реш] бипазад. Инро, масалан, бо ёрии ширҳое, ки биошоманд ва ё ҳуқнарезӣ кунанд ва бо ёрии зимодҳо ба амал оранд. Аз барои пазиш бо чизҳои ба табъ сарду ба араз гарм ҳилаҳо созанд ва масалан, беморро андар оби гарм нишонанд.
Агар [кафгирак] на кафад, доруҳои кафонанда, ҳуқнаҳои тез ва ҳатто он доруҳоеро ба кор бибар, ки андар таркиби онҳо харбақ, хиёри даштӣ ва сир бидароянд ва бо

ниҳодани гармибандиҳо ва зимодҳо аз берун ва ба кор бурдани доруҳои пешобтозонандаи қавие аз қабили ваҷ ва тухми панҷангушт, ки ҳар ду барои ин ғараз хосиятноканд, онҳоро ёрӣ бидеҳ. Аз ҷумлаи доруҳои кафонандаи хуб дорчинӣ ва тухми сипандон ба шумор бираванд. Ҳар гоҳ кафгирак кафид, доруҳоеро ба кор бибар, ки пешобро сахт битозонанд, то [гурда] пок шавад. Сипас, аз миёни доруҳои аз барои решҳои гурда омодасохта, ки мо баъд ёд хоҳем кард, доруҳои гӯштрӯёнандаро ба кор бибар.
Фасли дуввум андар баёни омоси балғамии гурда

Ин омос бад-он сабабҳое вобаста аст, ки балғам падид оранд.
Нишонаҳо. Гаронӣ, азҳамкашидагӣ ва андар корҳои гурда нуқсон ба амал оянд ва ба ҳангоми ин омос афрӯхтагӣ рӯй надиҳад. Гоҳе ба ҳангоми он андар рӯй, чашм ва дигар бахшҳои тан фурӯҳиштагӣ мушоҳада шавад. Манӣ ниҳоят тар, тунук ва сард буда, ба изофаи он нишонаҳои хосси [омоси] сахт дида нашавад.
Илоҷ. Инро бо зимодҳои тафсонанда ва бо доруҳои пешобтозонандаи поксозанда [муолаҷа кунанд]. Бояд ба ҳангоми муолаҷаи ин бештар ба истеъмоли даҳмаст ва баргу равғани он ва ба судоб такя намуда, онҳоро андар таркиби ҳуқнаҳо, доруҳои ошомиданӣ ва зимодҳо ба кор баранд.
Фасли севвум андар баёни омоси сахти гурдаҳо

Ин гоҳе аз оғоз худ ва аксар баъд аз омоси гарм падид ояд.Сабаби ин бисёрии моддаи савдовиест, ки ба сӯи [омоси гарм] таровида бошад ва ё сангшавии омоси гармест, ки ба сардии ӯро сангсозанда ва ё гармии ӯро ситабрсозанда вобастагӣ дорад. Ҳар дуи инҳо сабабгори ба амал наомадани пазиш бошанд, зеро пазиш ба гармии муътадил вобаста аст.
Нишонаҳо. Бар омоси сахти гурда гаронии зиёде далолат кунад, ки ҳамроҳи он дарди қобили эътиборе ҷуз ба ҳангоми омоси сахти баъд аз омоси гарм падидомада ҳис карда нашавад. Гоҳе ба ҳангоми ин [омос] дард авҷ бигирад. Яке аз нишонаҳои омоси сахт он аст, ки тиҳигоҳ (маҳалли банди эзор) лоғару карахт ва сурин карахт шаванд. [255] Гоҳе мумкин аст ҳар ду соқ карахт шаванд, вале аз нотавонӣ ҳеҷ холӣ набошанд. Андар ҳамаи ин андомҳои фурӯсӯвин лоғарию харобӣ ориз бигардад ва пешоб тунук ва миқдоран кам шавад, зеро гурда ба иллати нотавонии қувват бахши обиро кам бикашад ва онро суст биронад. Пешоби нопухта чун тунук ояд, сабаби он судда бувад, аз баҳри он ки судда бахши тира ва бештари бахши тунуки пешобро гузаштан намонад, балки гоҳе пешобро тамоман бибандад. Заъфи [гурда] бошад, қувватро нагузорад, ки пазиш ба амал орад.
Гоҳе аз сабаби [омоси сахт] бодгирифтагӣ падид ояд ва бисёр бошад, ки ба сабаби бастани роҳи бахши обии хун ва баргаштани он ба сӯи тан боиси истисқо бигардад.
Бинобар он ҳангоми ин гуна иллат бояд пайваста пешоб битозонд.

пешина
аз 1215
навбатӣ