Қонуни тиб

Андар таркиби чарбҳои эшон борзад, зифт, уша ва фурбиюн дароваранд, вале аз ҳама беҳтари онҳо зимоди муқли маккист. Беҳтарини равғанҳо равғани каждум аст, ки онро ҳамчун зимод, чакониданӣ ва бо обдуздак пошиданӣ ба кор баранд ва бо ягон доруи қависозанда биомезанд. Зимодҳои эшон аз бехи сақулуфандариюн, бехи бедгиё (сил), гесугуна, созаҷ, хитмӣ ва пари сиёвушон иборатанд ва андар инҳо [доруҳои дигаре] аз қабили барги садпайванд ҳамроҳ кунанд.
Гунҷишке, ки андар боби санги гурда ёд шудааст ва ҳар чи ки аз табақаи он андар он ҷой оварда шудааст, аз барои [санги обгаҳ] ниҳоят судманд буванд. Яке аз тадбирҳои хосси муолаҷаи эшон ин аст, ки доруҳои зидди сангро бо ёрии обдуздак ба кор баранд ва аз ин ниҳоят суд бигиранд.
Агар ба сабаби санги обгаҳ пешоб ба душворӣ ояд ва ё банд бигардад ва аз бимнокӣ имконияти шикофтан набошад, бархе касон андар ин ҳолат ҳила ба кор бурда, миёни мақъад ва хоя як шикофии хурде кунанд ва андар он найча биниҳанд, то аз тариқи он пешоб берун ояд ва пеши марг гирифта шавад, вале ин зиндагии нохуш бувад.
Агар доруҳо суд набахшанд ва шикофтан бихоҳанд, бояд аз барои шикофтан пизишкеро ихтиёр кунанд, ки аз ташреҳи обгаҳ бохабар бошад, он бахш аз гарданро бидонад, ки бад-он ҷой мӯриҳои манӣ пайваста аст ва маҳалли шараён ва маҳалли бахши гӯштии обгаҳро низ бидонад, то чизеро эҳтиёт кунад, ки эҳтиёти он лозим аст ва ягон офате андар кори насл, ё хунравӣ ва ё реши равони фароҳамнаоянда падид наоянд. Бояд пеш аз ин кор рӯда ва обгаҳро рӯ ба фурӯсӯ гармибандӣ кунанд.122 Фасли ҳафтум андар тадбире, ки аз барои ин кор фармудаанд
Яъне як курсӣ омода сохта, бар вай беморро нишонанд ва хидматгорро ҳозир кунанд, то дасташро аз зери зонуҳои ӯ бидарорад ва сипас, [пизишк] ба шикофтан бипардозад. Пеш аз ин сангро ҷуста, ба маҳалле биоваранд, ки шикофтани он ҷой лозим аст, бад-ин гуна ангушти миёнгинро [ҳангоми муолаҷаи] мардон ва дӯшизагон андар мақъад ва [ҳангоми муолаҷаи] занони пардаи дӯшизагӣ бардошта андар даҳони фарҷ дароварда, сангро дарёбанд ва бо дасти дигар аз боло фишор дода, сӯи мароқ ва ноф фуруд оваранд, то санг ба наздики даҳони обгаҳ омада бирасад.
Бикӯш то сангро ба андозаи як ҷав аз назди дарз дур биронӣ. Зинҳор дарзро нашикофӣ, ки ин бад аст ва дарз ба ростӣ маҳалли марг бувад. Набояд андар дур рондани санг тақсире биафтад, зеро андар ин ҳол чоки васеъ ба амал омада, беҳ нахоҳад шуд. Ҳар гоҳ сангро рондӣ ва дидӣ, ки шикофтагӣ аз он сӯй намегузарад ва ин корҳоят боиси дарди сахт, печидагии гардан, афтидани қувват, бекор шудани ҳаракату гуфтор ва шикастагии пилку чашм нагардидааст, нештар бизан, вале агар боиси зуҳури чунин ҳолатҳо шуда бошанд, нештар назан, зеро агар бизанӣ, бемор зуд бимирад. Сипас [ҷирми] болои сангро каме ба вуреб чок карда, эҳтиёт кун, ки ба асаб нарасад ва бикӯш, ки чок андар гардани обгаҳ биафтад, зеро агар андар ҷирми обгаҳ биа
фтад, ҳатман фароҳам нахоҳад омад. Ҳар қадар ки битавонӣ кӯшиш кун, ки чок хурдтар бошад. Агар санг хурд бошад, мумкин аст онро аз тариқи фишурдан берун овард, вале агар бузург бошад, ба чоки васеътаре эҳтиёҷ афтад ва бисёр бошад ба чангаке эҳтиёҷ афтад, ки бо он [сангро] бикашанд. Гоҳе санг ниҳоят бузург буда, баробари ҳаҷми он чок кардан номумкин бошад. Андар ин ҳол бояд онро бо анбӯр газида, кам-кам шикананд ва бояд ҳар чи, ки шикаст, ҳатман берун оваранд ва ягон чизро андар обгаҳ ба зинҳор набояд гузошт, зеро агар онро бигузоранд, бузург ва азимҷусса бигардад.
Бисёр вақт чунин рӯй диҳад, ки санг андар гардани обгаҳ ва моил ба сӯи нара падид ояд. Андар ин ҳол бояд пайваста зиҳорро сила карда фишор дод. Бояд андар барат ягон дастёре бошад, то агар санг андар ягон ҷой дар монад, аз зери он чок карда, санг берун оварда шавад. Гоҳе агар маҳалли паси сангро ба сӯи пеш бо ришта сахт бибанданд, (511) то пас баргаштан натавонад, хуб хоҳад буд. Ҳар гоҳ санг ба наздики сари нара расид, набояд барои берун овардан аз он сангро сахт фишор дод, зеро ин кор гоҳе боиси падид омадани реше бигардад, ки беҳ нахоҳад шуд. Баръакс, бояд онро рост карда, пасашро сахт бибандӣ ва аз зери сари нара бишкофӣ, то санг берун ояд. Ҳар гоҳ бо санг ҳамаи корҳои андар ин бора фармударо кардӣ ва сангро берун овардӣ, гоҳе мумкин аст аз сабаби фишори сахти шикам ва аз сабаби дарди чок омос падид ояд, ки ин ҳолати бимноке хоҳад буд. Яке аз тадбирҳои бартараф сохтани ин ҳолат чунин аст, ки бояд беморро ҳуқна рехта, бирозашро берун оварда бошӣ. Сипас, баъди он ба вай ягон чизи нармкунандаи табиат бидеҳ ва таом ҷуз андак ва нармкунанда мадеҳ. Агар туро аз барои эҳтиёт ба раг задан ҳоҷат афтад, чунин бикун. Агар бихоҳӣ, ки бештар эҳтиёткорӣ кунӣ ва ё агар нишонаҳои омос падид омада, дард ниҳоят шиддат ёфта бошад, бояд беморро андар обзани об ва ё ташти обе нишонӣ, ки андар он об аз доруҳои нармкунанда, мисли малухиё, тухми катон, хитмӣ ва сабӯсро ҷӯшонида бошанд ва бояд бо он об равғани зиёде омехта кабча зада бошӣ. Бояд ин об нимгарм бошад. Ҳар гоҳ беморро аз обзан берун орӣ, гирдогирди андомро бо равғанҳои нармкунандае аз қабили равғани бобуна ва шибит чарб кун ва бар ҷароҳат равғани зарди нимгарм рехта, аз болои он пунбапорае бинеҳ, ки андар равғани гул ва каме сирко оғушта бошӣ. Сипас, доруҳои решсабзонандаро ба кор бибар. Агар омос бузург бигардад, пайваста андар обзани оби ҷӯшонидаи ҳулба ва тухми катон нишастанро давом бидеҳ. Агар дард шиддат ёбад, беморро ба рӯзи дуввум ва севвум андар об ва равғани нимгарм бинишон. Ҳар киро чок ва ҷароҳат агар ба таври қобили эътибор дард накунад, андар рӯзи севвум [бастаро] бикушоянд. Бояд обгаҳро пайваста бо равғани судоб гарм кунанд, зеро агар он гарм бигардад, ҳолаташ беҳтар ва дарду пешоб камтар шаванд. Пешоб касони обгаҳшикофтаро сахт ранҷовар аст. Бинобар ин бояд ба эшон об кам бидиҳанд ва ҳар бор, ки пешоб кунанд, бояд хидматгор бо дасташ маҳалли бастаро муҳофазат намуда, бифишорад, то пешоб ба маҳалли чок нарасад. Сипас, аз эҳтимол дур нест, ки ё мумкин аст [аз ҷароҳат] ба қадри боиста хун нарезад, пас, андар ин ҳол ва хусусан агар ранги андом аз сӯрхӣ ба сиёҳӣ гароида бо шад, бими омос ва фосид шудани андом хоҳад буд ва ё мумкин аст [263] хун ба ифрот омада, бими хунравӣ ҷой дошта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор