Қонуни тиб

Гоҳе хусусан баъд аз истеъмоли доруҳои карахткунанда ба зимоде эҳтиёҷ биафтад, ки аз зуфо, гунди бедастар ва мум бисозанд. Бидон, ки мудом андар обзан нишастани ин гуна беморон сахт судманд аст ва ҳатто агар эшонро пешоб ояд, беҳтар он аст, ки андар он шоша кунанд. Беҳтарини обҳои барои обзан он обҳоест, ки чунонки борҳо ёд карда шуд, дорои хусусияти ковокиовариянд.
Гоҳе андар онҳо доршишиғон, мушки замин, қардамоно, сунбул, ҳамомо, гӯргиё бо шанбалит ва тухми катон афкананд ва онҳо дард ва омосро фурӯ нишонанд. Мисоли ин обҳои ковокиоваранда, ки онҳоро борҳо донистӣ, ҷӯшонидаи тухми катон ва шанбалит ва инчунин обест, ки андар он шалғам, хори хасак ва каранб ҷӯшонида бошанд.
Илоҷи кафгиракҳои [обгаҳ] ба илоҷи кафгираки гурда наздик аст, вале эҳтиёҷ ба доруҳои қавитар дорад. Гоҳе, хусусан агар пешоб ба сахтӣ ояд ва дардовар бошад, хашхоши сафедеро сутудаанд, ки якуним дирам аз онро (513) андар ҷӯшонидаи сунбул ва гӯргиё ба бемор бидиҳанд.
Агар дард шиддат ёфта, бими марг бошад, ногузир бояд ба намуди андуданӣ ва ё ба зер баргирифтан доруҳои карахткунанда ба кор бурда шаванд. Аз андуданиҳо, масалан, андуданиеро [ба кор баранд], ки аз банг, ябруҳ ва хашхош омехта, бо равғани зайтун сохта бошанд. Ё чаҳоряк дирам афюнро гирифта ва андар он равғани бунафша ва каме заъфарон омехта, бо латтапорае бикашанд ва андар шарми паси [бемор] баргиранд ва бисёр бошад, ки ӯ аз ин тадбир осудагӣ ёфта, ҷобаҷо хобаш барад. Гоҳе, агар бемор тоб овардан битавонад, бархе аз ин [доруҳоро] бо ёрии қосотир ба кор баранд. Аз берун андудани афюн ниҳоят карахтиовар аст. Аммо доруҳои ошомиданӣ ва дигар дармонҳо айни дармонҳои сарсом ва барсом буванд.
Фасли нуҳум андар баёни омоси сахти обгаҳ
Ин гоҳе ба иллати ҳамон сабабҳои омоси сахти гурда ба амал ояд. Аксар вақт ин [омос] оқибати омоси гарм ва оқибати кӯфтагӣ ва ё афтидагӣ бувад ва гоҳе аз паси шикофтан падид ояд.
Нишонаҳо: Ҳангоми он ҳам пешоб ва ҳам бироз ба сахтӣ оянд ва аразҳои сахтии гурда, аз қабили баста шудани бироз, карахтии соқҳо, нороҳатӣ ва заъф ориз бигарданд. Ин [омос] ҳарчанд ба андозаи камтар аз сахтии гурда бошад ҳам, боиси истисқо бигардад. Ин дуро бо ёрии он маҳалле, ки андар он гаронӣ дарёфта шавад ва бо ёрии он [маҳалле], ки сабабҳо нахуст андар он падид оянд, аз ҳам тавон фарқ кард.
Муолаҷаҳо: Ин айни муолаҷаи сахтии гурда буда, аз [тадбирҳои зерин] иборат аст: равғанҳои гарм молидан; бо онҳо гармибандӣ кардан; ба бемор додани обҳое, ки андар онҳо тухмиҳои пешобтозонандаро бо ангубину хиёршанбар ҷӯшонида бошанд; ва ба кор бурдани обзанҳо ба ҳамон сифат ва ба ҳамон тартибе, ки андар он ҷой ёд шуда аст.123 Он чи, ки ба ин [омос] хос аст, ин аст, ки агар имконият бошад, равғанҳои ёдшуда ва ё самғҳову обҳоро андар қосотир карда, ба кор баранд, яъне пешобдуздакро дар назар дорам.
Фасли даҳум
андар баёни решҳои обгаҳ
Инҳо гоҳе аз сабабҳои маълуми решҳо падид оянд, ки мо ин [сабабҳоро] андар боби решҳои гурда ёд кардем.
[264] Бештари решҳои обгаҳ аз сабаби харошидани санг ва ё реш сохтани хилти заҳравӣ ориз гардад ва гоҳе баъд аз омосе, ки кафида бошад ва ё баъд аз табишҳое, ки реш шуда бошанд, низ [реши обгаҳ] ба амал ояд. Ҳар киро пешоби тез давом кунад, оқибат ҷароҳату решҳо биоварад.
[Решҳои обгаҳ] хеле душвортар аз решҳои гурдаанд, зеро онҳо решҳои андоми серасаб буванд. Касони обгаҳашон дарида аксар вақт бимиранд ва [низ] агар онро шикофанд, беҳ нашавад, вале агар [даридагӣ] андар ягон бахши гӯштии он афтида бошад, [чунин нахоҳад буд].
Нишонаҳо: Мо андар боби решҳои гурда фарқи миёни ин ду решҳоро ёд кардем ва гуфтем, ки омосҳои обгаҳ пешобро фишор дода бибанданд, дарди онҳо андар маҳалҳои зиҳор ва тиҳигоҳ ҳис карда шавад ва ба ҳангоми онҳо қишрҳои сафеде [бо пешоб] берун оянд, ки агар реш андар худи обгаҳ бошад, ин қишрҳо ситабр ва агар андар маҷро бошад, борики хурд хоҳанд буд. [Низ] дигар чизҳоеро ёд кардем, ки бояд ҳамаи онҳоро аз он ҷой бидонӣ. Нишонаҳои омоси хӯранок мисли онҳоест, ки андар боби гурда гуфта шудаанд. Нишонаи ҳамагонии решҳои гурда ва обгаҳ андак-андак, на якбора омадани пешоби хунӣ ва хунобагист. Сипас, онҳо бо [нишонаҳои хосси худ] аз ҳам фарқ кунанд. Нишонаҳои кушодашавӣ, шикофташавӣ, хӯра ва ғайра андар ҳар ду ҳолат якхелаанд.
Муолаҷаҳо: Бояд аз таомҳои тез, шӯр, туруш ва ниҳоят ширини ба зарда табдилёбанда парҳез намуда, ғизоҳои хуши хубкимус ва ғизоҳои часпакиоваранда бихӯранд. Варзиш аз барои ин гуна [беморон] зиён дорад, зеро бошад, ки [хилтҳоро] фуруд оварад ва афрӯхтагӣ физояд, вале агар чунин таъсир надошта бошад, аз ҷиҳати қавӣ сохтани андом судманд хоҳад буд. Бинобар он бояд инро кам-кам санҷид ва қонунҳои андар боби решҳои гурда овардаро дида баромада, бештари онҳоро андар ин ҷой татбиқ намуд. Инчунин, бояд андар чизҳое аз қабили ошомидани ширҳо нигарист, ки мо тавсиф намудем, зеро ширҳо ва хусусан шири асп мувофиқи шарти ёдшуда аз барои решҳои маҷроҳои пешоб судманданд. Бидон, ки ҳангоми муолаҷаи он чораҳои ёридиҳанда андешидан аз ин иборат аст, ки нахуст ба пок сохтани он аз тариқи ошомидан ва ё тазриқи оби шакару ангубине бипардозанд, ки онҳоро бо доруҳои пешобтозонанда ҷӯшонида бошанд, сипас баъди ин дигар доруҳоро ба кор баранд. Агар хунобаи бо пешоб оянда (514) бисёр бошад, бояд бо оби аз хокистари дарахти анҷир, ё хокистари дарахти булут, ё хокистари дермана таровандаро ба обгаҳ бо обдуздак бифиристанд, то ба таври расо пок шавад. Он доруҳое, ки аз барои ин ғараз биошоманд, масалан, асфиюш бо равғани гул ва ё шири хар, буз ва шутур буда, инҳоро пайваста якчанд рӯз ба андозаи гуворида шудан биошоманд ва ҳадди бештари он то се уқия бувад. Пеш аз ин [чаҳорпоёнро] гиёҳҳои қабзкунандаи сардиовар бояд дод. Низ ошомидани қурсҳои хашхош ва қурсҳои кокана ба миқдори як мисқол бо оби сард [судманд аст].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор