Қонуни тиб

Мақолаи дуввум
андар баёни офатҳое, ки пешобро рӯй диҳанд
Фасли нахустин
чигунагии
берун омадани табиии пешоб
Обгаҳ пешобро бад-ин гуна биронад, ки ӯ аз ҳама сӯй бар вай қабз оварда фишор диҳад, (517) мушаке, ки андар даҳони обгаҳ аст, боз гардад ва мушакҳои мароқ пешобро бифишоранд.
Фасли дуввум андар баёни офатҳои пешоб
Онҳо аз сӯзиши пешоб, ба сахтӣ омадани пешоб, баста шудани он ва чакмезаке иборатанд, ки бисёр омадан ва қатра-қатра рехтан аз ҷумлаи он бувад, вале зиёбетус аз ҷумлаи бисёр рехтани пешоб аст.
Фасли севвум андар баёни сӯзиши пешоб
Сабаби сӯзиши пешоб 1) ё тезии пешоб ва буранокии он аст, ки ба сабаби мизоҷӣ ва ё ба сабаби гум кардани чизи аз барои муътадилсозии он омодашуда вобастагӣ дорад ва ин чиз рутубатест, ки андар гӯштҳои ғуддаии андар он ҷой буда омода карда шудааст. Ин рутубат бар равиши маҷро ҷорӣ шуда, онро лағжон ва бо пешоб низ омехта, онро муътадил бисозад. Аз ин ҷо ҳар гоҳ ки ин рутубат нест шавад, ин маҳал лағжонӣ ва пешоб лағзишу муътадилиро аз даст бидиҳанд ва бинобар ин сӯзиши пешоб падид ояд.
Яке аз сабабҳои нест шудани [рутубат] бисёр ҷимоъ кардан аст, зеро ин рутубатҳо ҳангоми ҷимоъ ва ба сабаби ҳамсоягӣ бо манӣ ба миқдори зиёд баромада бираванд.
Низ, иллатҳои гудозандаи тан [боиси нест шудани ин рутубат бигарданд]. 2) Ё мумкин аст [сабаби сӯзиши пешоб] решҳо ва гаре бошад, ки андар маҷрои пешоб ва наздик ба нара воқеъ шуда, боиси сӯзиш бигарданд. Нишонаи якумӣ тезии пешоб ва набудани рим бувад ва нишонаи дуввумӣ хуну рим пешоб кардан аст. Чунонки андар бобҳои гузашта донистӣ, бисёр вақт якумӣ боиси дуввумӣ бигардад. Бинобар ин якумӣ ҳамчун муқаддимаи дуввумӣ бувад. Мисоли ин исҳоли сафроест, ки ҳамчун муқаддимаи решҳои рӯдагон бувад.
Фасли чаҳорум андар илоҷи сӯзиши пешоб
Агар бо риму хун бошад, илоҷаш илоҷи решҳои обгаҳ ва гирду пеши он бувад, ки ин ба тафсил оварда шуд.
Як нусхаи аз барои он хуб ин аст, ки ба сурати зерин қурсҳо созанд: бист дирамӣ тухми харбуза, бодранг ва донаи каду, даҳ дирамӣ кундур, самғ ва хуни сиёвушон, се дирам афюн ва як дирам тухми карафсро гирифта, бо шароби хашхош ба бемор бидиҳанд. Баъд аз он, ки аз онҳо қурсҳо сохтанд, як ошомидании он ду дирам бошад. Агар на решҳо ва на хуноба ҷой надошта бошанд, беҳтарин илоҷи он ин аст, ки аз тариқи истифроғ намудани фазлаҳо
бо ёрии исҳоли латиф ба гунае, ки андар бобҳои бемориҳои обгаҳ донистӣ, бо ёрии қай овардан ва хӯрдани ғизоҳои сардифизои тариоварандае аз қабили таомҳо, тараҳо ва меваҳо, бо ёрии парҳез кардан аз ҳар гуна чизи шӯр, тез ва ниҳоят ширин ва бо ёрии дурӣ ҷустан аз мондашавию ҷимоъ кардан пешобро хуш созанд. Яке аз тадбирҳои судманд ошомидан ва тазриқи луобҳост. Мисоли инҳо луоби тухми марв, луоби аспғул, луоби донаи биҳӣ ва миқдоре аз хашхош ва тухмиҳои сарди пешобтозонанда буванд. Ҳамаи инҳоро бо оби сард ба бемор бидиҳанд. [Низ], кашки ҷав, оби он, хояи нимбиришт, кадуво ва мошворо ё бо равғани бодом ва ё бо [гӯшти] чӯҷаҳо ва мокиёнҳои фарбеҳ ба кор баранд.
Агар сабаби [сӯзиши] пешоб хушкие бошад, ки ғуддаҳоро ориз шуда бошад, илоҷи он тарифизоии тан ва тарки он чизҳоест, ки аз қабили ҷимоъ хушкиоваранда буванд.
[266] Аз ҷумлаи доруҳои тазриқшаванда луоби аспғул, луоби тухми марв, луоби донаи биҳӣ, самғ, сафеда, сафедии хояи тоза ниҳода ва шири занон буда, инҳоро ба ҳангоми [сӯзиши пешоб] ба андаруни [обгаҳ] бифиристанд. Гоҳе пайваста фиристодани шир, яъне шири хар, шири канизаки [худованди дард] ва шири буз кифоят бошад ва гоҳе андар онҳо яке аз луобҳои сард ва миқдоре аз шиёфи сафед ҳамроҳ кунанд. Сафедии хояро танҳо ва ё бо яке аз чизҳои ёдшуда ва бо равғани гул фиристондан кифоят кунад. Гоҳе андар онҳо доруҳои карахткунанда ҳамроҳ кунанд. Ҳар гоҳ дард шиддат ёбад ва хусусан ҳангоме ки хуноба пешоб карда шавад, ногузир бояд андар таркиби доруи фиристониданӣ ягон доруи карахткунандае ҳамроҳ кунанд, ки мувофиқи нусхаҳои андар боби решҳо ёд шуда бувад.
Як нусхаи хуб: пӯстҳои хашхош, нашоста ва рубби ширинбаёнро гирифта, доруи тазриқшаванда бисозанд ва агар эҳтиёҷ ба тақвият дошта бошад, андар он каме афюн ва каме тухми банг афкананд.
Фасли панҷум андар баёни камии пешоб
Ин ё ба камии ошомидан, ё ба бисёр ковок будани [пӯст]
ва бисёр исҳол шудан, ё ба кашидан натавонистани гурда, ё фазлаи обиро ҷудо карда, ба сӯи гурда фиристондан
натавонистани ҷигар, чунонки ҳангоми бад аз худ кардани ғизо ва истисқо чунин бувад, вобастагӣ дорад. Бидон,
ки турушиҳо чунин [беморонро] зиён доранд ва ҷимоъ
иллати эшонро афзоиш диҳад. (518)
Фасли шашум
андар баёни ба сахтӣ омадани пешоб
ва баста шудани он
Ба сахтӣ омадани пешоб ё мумкин аст ба сабабе аз қабили заъф, вобаста бошад, ки андар худи обгаҳ ҷой дошта, натиҷаи ягон мизоҷи бад, хусусан сард бувад, чунонки ҳангоми бисёр вазидани бодҳои шимолӣ ингуна [бадмизоҷӣ] рӯй диҳад ва ё натиҷаи ягон омос ва ягон чизи дигаре бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор