Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар аз сабаби гудозиш ва табҳои сӯзон падид омада бошад, далелаш ин аст, ки тарифизоӣ суд бахшад. Инчунин,
яке аз нишонаҳои он ин аст, ки пешоби кам берун наояд,
вале пешоб бисёр ба осонӣ берун ояд, аз баҳри он ки бо
намии хеш маҷроро тар ва фарох кунад. Нишонаҳои [баста шуданеро], ки ба сабаби омоси обгаҳ ва ё андомҳои
ҳамҷавори он ва ё ба сабаби хуроҷ ба амал ояд, аз гуфтаҳои пеш бароят оварда донистӣ ва барои ҳар як аз ин
ду боби ҷудогонае хоҳӣ ёфт. Сипас, фарқи миёни намуди
якум, ки аз сабаби омос падид ояд ва дуввумӣ, ки аз сабаби ғайри омос, андар он аст, ки агар ягон ҳолати ниҳоят сахте набошад, намуди омосӣ кам-кам, на якбора, ба
амал ояд. Оне, ки аз сабаби суддаҳои обгаҳ падид омада,
ин суддаҳо ба ягон бемории он ва ё ба ягон чизи онро
фишордиҳанда вобастагӣ доранд, бо ёрии таранг шудан,
дамиш овардан ва азҳамкашида шудани обгаҳ дониста
шавад. Ба ҳангоми он намуде, ки ба сабаби андоми фиристонанда падид ояд, андар обгаҳ тарангӣ ва дамиш ба
амал нахоҳад омад. Ҳамаи намудҳои судда ё худ ба худ
ва ё аз сабаби ягон фишордиҳандае андар обгаҳ ориз бигарданд, ки ба ҳангоми он дард ҳис карда шавад. Омоси
суддаоварро бо он чизе бишиносанд, ки худ ҳамедонӣ ва
чизи суддаовареро, ки ғайри омос аст, бо қосотир аз рӯи
хун ва ё хилти ҳамроҳи он беруномада ва ё аз рӯи дучор
омадани қосотир бо ягон чизе аз қабили озах ё санг ва ё
гӯштгирифтагӣ, ки ӯро пеш рафтан нагузорад, бишиносанд. Сангро бо ёрии нишонаҳои он ва бо бархӯрдани қосотир ба ягон чизи ниҳоят сахте бидонӣ. Хун ва хилтро
низ гоҳе бо ёрии пешоби пешомада бидонанд, вале худи
хунро бошад, аз тариқи нишонаҳои бастани хун андар обгаҳ аз қабили зардии ранг, хурдӣ ва думодумии нафасу
набз, арақи сард, [267] таб, табларза ва маниши гаштан
метавон шинохт. Ин намуди бад буда, бисёр кам рӯй диҳад, ки бемор аз он раҳоӣ ёбад. Хилти ситабр агар ба миқдори қобили эътибор бошад, инро низ аз тариқи гаронии
ҳисшаванда ва бад-ин гуна бидонанд, ки андар таркиби
пешоб [хилти] хом берун ояд. Бар он намуде, ки аз сабаби сардии фишурдасозанда ва ё сардии сахтиоваранда ба
амал ояд, сабабҳои мавҷуда ва пеш гузашта далолат кунанд. Нишонаи он намуде, ки аз бод ба амал ояд, азҳамкашидагии бегаронист. Гоҳе мумкин аст бод андар обгаҳ
бигардад ва гоҳе басташуда бошад. Нишонаи намуде, ки
ба нотавонии ҳис вобаста аст, чунин аст, ки сӯзиши пешоб ҳис карда нашавад. Нишонаи намуде, ки ба нотавонии қувваи ронанда вобаста аст, чунин аст, ки ҳангоми бо
даст фишурдани [обгаҳ] пешоб ба осонӣ берун ояд. Нишонаи истирхои мушак ин аст, ки пешоб суст ва бе ҷаҳиш бирезад ва чунин ҳис карда шавад, ки чизе андарун
ба тақозои андом амал накунад ва пешоб аз тариқи фишурдан бо даст берун ояд. Нишонаи ташаннуҷи мушак
ин аст, ки он миқдори каме аз пешоб, ки берун ояд, ҷаҳида ояд. Бар намуде, ки аз сабаби нотавонии гурда падид
ояд, нишонаҳои аз ин пеш ёдшудаи он далолат кунанд ва
намуде, ки ба сабаби санг ва омоси обгаҳ падид ояд, низ
ҳамчунин аст. Умуман, агар гаронию дард аз ноҳияи гурда ҳис карда шаванд, иллат андар он ҷой бувад ва агар нишонаҳои омос мавҷуд бошанд, пас, андар он ҷой омос низ
ҳаст. Агар андар он ҷой гаронии ниҳоят зиёде ҳис карда

шавад, пас, андар он ҷой пешоб банд гардидааст ва ё агар дард камтар аз он бошад, андар он ҷой рутубати суддаоварест, ки ё бо омос ва ё бидуни омос бувад. Агар на гаронӣ, балки дарди азҳамкашандае ҳис карда шавад, ин боди гурда бувад. Агар шикам нарм бошад ва агар нишонаҳои суддаи гурдаву обгаҳ, нотавонии обгаҳ ва ғайра вуҷуд надошта бошанд, (520) пас сабаби ин нотавонии [қувваи] кашиши гурда аст. Бар он намуде, ки аз нотавонии кашиши гурда ва ё [нотавонии] қувваи ронандаи ҷигар вобаста аст, ҳолатҳои истисқоӣ далолат кунанд. [Далели] оне, ки ба сабаби дарди ягон чизи мухолифе аз қабили реш ва ё тезии пешоб ба амал ояд, ин аст, ки агар бар дард тоқат карда шавад, пешоб берун омада, дард ором ёбад. Намуде, ки аз ба қаҳр пешоб кардан вобаста аст, низ чунин бувад. Ба ҳангоми намуди решии126 [баста шудани пешоб] нишонаҳои решҳо ҷой доранд. Нишонаҳои он намуде, ки аз сабаби хушкидани намии андомҳои ғуддаӣ ба амал ояд, чунинанд, ки пеш аз ин сабабҳои ёдшуда ҷой дошта бошанд ва аз тарифизоӣ чакмезак зиёд гардад.
Дармони ҳар ду гурӯҳ:127 Агар сабаби он хуноба ва ё ягон хилте бошад, бояд бо доруҳои омоскушоянда ва пешобтозонандаи қавие муолаҷа кард, ки худ ҳамедонӣ, вале ба шарте бими беш аз андозае бад будани ҳолат ҷой надошта бошад, ки ба ҳангоми он доруи пешобтозонанда суд хоҳад бахшид. Андар ин ҳолат агар [доруи пешобтозонанда] ба кор бурда шавад, моддаи дигар ба сӯи обгаҳ фуруд омада, дарду азҳамкашидагиро фузунӣ бахшад, вале ягон чизе берун наояд. Оби турбро андар ин бобат чандоне таъсири қавист, ки бояд нонхӯришро аз он кунанд.
Оби нахӯди сиёҳ низ ҳамчунин бувад. Аммо доруҳои пешобтозонанда, масалан, инҳост: фатросолиюн; уша; тухми газари даштӣ; мурр;128 рӯян; ҳамомо; қуст; сисолиюс; ваҷ; шибит ва тухми он. Ҳамаи инҳоро бо оби турби ҷӯшонида, ё бо оби нахӯди сиёҳ, ё бо оби хори хасак ва ё бо фишурдаи карафс, бодиён ва хусусан даштии он [биошоманд]. Сикангубини унсулӣ сахт судманд аст. Тарёку масрудитус ва инчунин доруи куркум, амрусиё ва доруи Кайқубод ниҳоят судбахшанд. Ин [доруҳоро] ба кӯдакон бо шири модар ҳамроҳ карда, бидиҳанд ва ё онҳоро ба худи каси ширдиҳанда биошомонанд.
Сифати як доруи пешобтозонандаи қавӣ: бист дирамӣ абҳал, асорун, ҳамомо, нонхоҳ, фатросолиюн, тухми карафс, рӯяни рангрезон, бодоми талх ва сунбул, даҳ дирам донаи харбуза, як дирам тани коғнаҳое, ки сару болҳои онҳоро канда бошанд ва се дирам ушаро гирифта, ушаро андар мусалласи тунук ҳал кунанд ва аз ҳамаи онҳо фундуқҳо бисозанд. Як ошомидании он то се дирам бувад. Низ, доруи абҳал ва ангужадро, ки андар боби сахт шудани хун андар обгаҳ ёд шуда аст, ба тариқи ошомидан ва бо обдуздак фиристондан ба кор баранд. Гоҳе доруҳои ин [бемориро] ба гунае бисозанд, ки андар таркиби онҳо гунди бедастар, фурбиюн, занҷабил, дорфилфил ва равғани баласон бидароянд. Гоҳе ба сабаби дард андар онҳо афюн ва тухми банг ҳамроҳ кунанд ва ту инҳоро андар Қарободин хоҳӣ ёфт.
Ҳамаи доруҳои зидди санг аз барои ин беморӣ ва бисёртар аз барои он намудҳое судманданд, ки аз сабаби гармӣ ва сардӣ ба амал омадаанд, вале ба шарте ки ан дар ин миён хун129 наояд ва ягон реше ҷой надошта бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ