Қонуни тиб

Нарм сохтани табиат лоақалл бо ҳуқнаҳои муътадил чунин [беморонро] суд дорад, зеро бештари эшон хушктабиат буванд. Гоҳе андар оғози беморӣ эҳтиёҷ ба раг задан биафтад. Аз ҷумлаи ошомиданиҳои судманд дӯғи туруши сардгардонида, ки беҳтарини он ситабртарини он ва хусусан [дӯғи] аз шири меш гирифта мебошад, оби кадуи кабобкарда, фишурдаи бодранг бо тухми аспғул, оби анори туруш, оби тут, оби олу ва монанди инҳо ба шумор бираванд. Бояд ошомидании эшон ҳар қадар ки битавонанд, аз инҳо бошад, на об.
Рубби наъно эшонро сахт суд дорад. Оби гул, балки фишурдаи гул андар вақти худ барои эшон нофеъ буда, ташнагияшонро бишканад. Як ошомидании он ба андозаи ду қутулист. Инчунин, оби полидаи дӯғи туруши гов ва ё дӯғи туруши меш [271] эшонро судманд ва шиканандаи ташнагист. Яке аз тадбирҳои барои чунин [беморон] судманд, чунонки ривоят кунанд, ин аст, ки се хояи мурғро як шабу як рӯз андар сирко тар кунанд ва сипас дам кашанд. Яке аз доруҳое, ки мо аз барои эшон санҷидаем, [доруи зерин аст]: аз орди ҷав ва оби дӯғи туруше, ки баъд аз буронидан полида бошанд, фуққоъ омода созанд. Аз ин якчанд бор гаштаю баргашта фуққоъ сохта, биполанд ва сипас бо ёрии орди ҷав онро ба фуққоъ табдил диҳанд. Ҳар бор ки ин корро такрор кунанд, он сардтар бигардад ва онро сард сохта, биошоманд.
Аз ҷумлаи доруҳои [дӯлоб] қурсҳои гулнорест, ки ба сифати зерин бувад: ду дирам ақоқиё, се дирам гул, чаҳор дирам гулнор, як дирам самғ ва ним дирам касироро гирифта, якҷоя созанд ва бо луоби аспғул, оби сард, ё оби каду биошоманд. Низ, қурсҳои табоширест, ки бо оби каду ва бодранг ва ё бо оби анор [биошоманд]. Низ, як бахшӣ аз табошир, гили набишта ва харчанги рӯдии сӯхтаю шуста, сеяки як бахш лок ва якуним бахшӣ тухми хашхош ва тухми коҳуро гирифта, бо луоби аспғул якҷоя кунанд ва қурсҳо созанд. Як ошомиданӣ аз он ба қадрест, ки муносиб бинӣ.
Аз зимодҳо онҳоеро ба кор баранд, ки аз доруҳои дорои хусусияти сардибахшӣ ва фишурдасозӣ сохта шаванд.
Як нусхаи зимод: пист ва сарнавдаи токро, агар ёфт шавад, бигиранд ва бо онҳо миқдоре аз шукуфаи биҳӣ, себ ва дӯлона (528) ва инчунин гули тоза, чукурӣ, ғӯра, садпайванд ва пӯсти анор ҳамроҳ карда, ҳамаро ба сони омехтани зимод биомезанд ва ба кор баранд. Яке аз тилоҳо [тилои зерин аст]: чаҳор дирам ақоқиё, ду дирам кундур, ду дирамӣ фишурдаи «риши буз», лозан ва ромак ва як дирам мозуро гирифта, бикӯбанд ва бо оби мурди тар маъҷун карда, онро тило созанд. Яке аз ҳуқнаҳои қавии аз барои ин беморӣ хуб ҳуқнаест, ки аз дӯғ ва фишурдаҳои сарди қабзкунандаи андар боби зимодҳо ёдшуда бигиранд. Гоҳе бо шири нав дӯшида, равғани каду ва равғани бодом ҳуқнарезӣ кунанд.
Ғизоҳои эшон аз чизҳое буванд, ки ба иллати латифии хеш зуд ба хилти заҳравӣ табдил наёбанд ва ё на чандоне латиф ва андаке бошанд, ки бухор бигарданд ва ин [бухор] ҳал шуда, бирозро бихушконад. Гоҳе хушкии бироз ба сабаби аз рӯдаҳо ба сӯи гурда рафтани фазлаи обӣ ба амал ояд. Баръакс, агар ғизо латиф бошад, фазлаи обии он аз ғайри он, ки аз вай пешоби бисёр ҷамъ шавад, ба
таҳлил биравад ва баробари ин нармии табиат ҷой дошта бошад, ки ин хуб аст. Зеро аз миёни ғизоҳои аз барои эшон фармуда беҳтарин ғизо онест, ки аз паси он табиат нарму ташнагӣ шикаста бигарданд. Чизҳое, ки аз барои эшон созгор аст, ошоми ҷави румӣ, оби кашки ҷав, масусҳо ва ҳуломҳост. Бо инҳо гоҳе чизҳое ҳамроҳ кунанд, ки чизи табиат бандандаро биронад. Сапедбоҳои серравғани аз гӯшти барраи яксола, мокиёнҳои фарбеҳ ва аз почаи гӯспанду гов сохташуда, моҳии тозаи турушизада ва агар бими ташнагӣ овардан надошта бошад, турушӣ нозада ва шири меш, ки бо об то рафтани об ва як қисми шир ҷӯшонида бошанд, ҳама судманданд. Бояд аз меваҳое, ки аз қабили биҳӣ дорои хусусияти сардиоварӣ ва каме қабзкунандагию пешобтозониянд, эҳтиёт шуд.
Аз барои дӯлобе, ки аз сабаби сардии [мизоҷ] ба амал омада, бо вуҷуди ин аз ташнагӣ холӣ нест (моро мушоҳидаи ин намуд иттифоқ наафтодааст), бархе аз донишмандони пешин чора андешида, гуфтааст: «Бояд аз барои ором сохтани ташнагии бемор тадбири латифсозӣ ба кор баранд, сипас бо ҳуқнаҳои нарм як чанд бор исҳол оваранд, баъд аз он бо ёздаҳ дона аз ҳабби сабр, ки ҳар кадом ба қадри як нахӯд бошад, исҳол оваранд ва сипас се рӯз ӯро осуда гузоранд ва боз аз сари нав инро такрор кунанд. Баъд, аз паси таом бо турб ва монанди он қай оваранд ва сипас танашро ва хусусан андомҳои атрофияшро бо миҳҷама гузоштан, гармибандӣ кардан ва бахур намудан битафсонанд. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки аз болои инҳо доруҳои сурхиоваранда ба кор баранд. Баъд, якчанд рӯз беморро осуда гузоранд ва сипас ӯро бо савора рафтани муътадил ва молидани муътадили хусусан дасту пойҳо варзиш диҳанд, гармобаи гарм фармоянд ва ба ӯ шароби райҳонӣ ошомонанд».
Фасли сездаҳум андар баёни ба фаровон омадани пешоб
Бисёрии пешоб бар чанд рӯй аст. Аз ҷумла бархе ба тариқи дӯлоб аст, вале на он дӯлобе, ки ба ҳангоми он фақат ташнагӣ ҷой дорад, балки ба тариқи он дӯлобе бошад, ки ҳангоми он ташнагии сероб нашаванда ҷой дошта, [об] баробари ошомидан берун ояд. Бархеи дигар чунин бошад, ки ба ҳангоми он ташнагӣ ҷой дошта, вале ҳолатҳои дӯлоб ва шиддатнокии он рӯй надиҳанд. Намуди дигари он бад-ин гуна бувад, ки ба ҳангоми он ташнагии қобили мулоҳаза ба амал наояд. Агар андар ин миён сӯзишу тезӣ ҷой дошта бошад, пас, сабаби ин, чунонки донистӣ, тезии пешоб ва ё решҳо бувад. Агар [сӯзишу тезӣ] набошанд, пас, андар он ҷой сабабҳои чакмезаки сард ҷой доранд. Сардӣ аксар вақт ба сабаби бастани табиат ва гарм сохтани андарун пешобро битозонад.
Ҳар киро бироз бисёр ва тунук бошад, пешоб кам ва ҳар киро бироз хушк бошад, пешоб бисёр ояд. Ҳар чиро, ки бад-ин вобастагӣ дорад, аз бобҳои гузашта донистӣ. Илоҷи ҳамаи инҳо оварда шуд, вале андар ин ҷо мо дармонҳои он намудеро низ ёд кунем, ки аз сабаби сардӣ ба амал ояд. Бинобар ин мо бигӯем: Ҳамаи доруҳои боҳангез барои касоне судманд аст, ки пешобашон аз сабаби сардӣ бисёр ояд. Ношито дам кашидани хояи нимбиришт ва инчунин тановул кардани ширҳои ҷӯшонида суд доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор