Қонуни тиб

Саргаҳи хуноба ва хунро, агар дард ҳис карда шавад, аз тариқи дард муайян кунанд ва ё бо ёрии нишонаҳои бемориҳое шиносанд, ки андар кадом аз андомҳое набошанд фарқ надорад. Мисоли ин нишонаҳо нишонаҳои ягон омос ва кафгирак, ё нишонаҳои ягон реш ва ё нишонаҳои пурист. [Низ], аз тариқи омехтагӣ муайян кунанд, зеро агар саргаҳи онҳо ҳар андоза бартар бошад, ҳамон андоза онҳо бештар бо пешоб омехта буванд ва агар ҳар андоза [саргаҳи онҳо] фурӯтар бошад, ҳамон қадар аз пешоб ҷудогонатар хоҳанд буд.
Хуни ба сабабҳое вобаста, ки ба сӯрохи нара наздикӣ доранд, пеш аз пешоб ояд ва оне, ки ба сабабҳои аз сӯрохи нара дур вобаста аст, мумкин аст гоҳе баъд аз пешоб ояд ва ё бо он ниҳоят омехта бошад. Аммо пешоби хунии ба ранги обшустаи гӯшт бар заъфи гурда ва ё ҷигар далолат кунад. Гурдагии он бештар сафед ва моил ба ситабрист ва ҷигарии он ба сурхӣ зада, тунуктар ва бештар ба хун монанд бувад. Бар омосӣ будани ин гуна пешоб ва пешоби хунобагӣ нишонаҳои омоси ба ҳасби ҳар як андом маъруф ва таби доимӣ далолат кунанд. Пешоби римие, ки аз омоси кафида берун ояд, якбора ба миқдори зиёд берун омада, боиси харошидан, рим кардан, реш шудан ва зиён дидан нахоҳад шуд. Он [риме], ки аз решҳо ояд, кам ва баҳра-баҳра ояд ва гоҳе гузаргоҳи худро табаҳ сохта, реш кунад. Ҳар чи аз ин гуна беруноиҳо буҳронӣ бувад, ба ҳангоми он сабукӣ ва қувват дарёфта шавад ва якбора ба амал ояд. Он пешоби хуние, ки ба сабаби пурӣ ва ё ба сабаби тарки варзиш ва ё буридани ягон андом ба амал ояд, ба таври даврагӣ зуҳур хоҳад кард.
Муолаҷа: Дармонҳои пешоби хуниеро, ки ба пурӣ ва [дигар сабабҳои] ҳамроҳи он ёдшуда вобастагӣ дорад, андар [боби] аслҳои ҳамагонӣ ва дигар [бобҳои] баъди он буда донистӣ. Оне, ки аз сабаби решҳо ба амал омада бошад, маълум аст, ки муолаҷаи он аз муолаҷаи решҳо ва хӯра иборат аст ва мо ҳамаи инро андар ҷои худаш баён кардем. Илоҷи заъфи гуворандагии гурда ва ҷигар, гудозиши [тан] ва тунукии хилтҳо бошанд, ҳамаи инҳо аз қабили он чизҳоеанд, ки худ ҳамедонӣ. Бароят пӯшида нест, ки пешоби хунии буҳронӣ ва онеро, ки ба тариқи ронда шудани [фазла] ояд, бастан лозим нест. Агар ба раг задан эҳтиёҷ бошад, задани софин бештар аз босалиқ судманд аст. Баъд аз раг задан ғизоҳои латиф бояд дод ва аз ғизоҳои қабзкунандаи аз қабили тутумво то замоне парҳез намуд, ки пешоб бар покии [тан] гувоҳӣ диҳад, аз баҳри он ки ғизоҳои қабзкунанда хуни бастаро (алақ) сахт намуда, гузаргоҳҳоро танг бисозанд ва гоҳе [ба ҳадде бирасад], ки фазлаи обӣ пас бигардад ва ин хатарнок бувад. Ғизоҳои туруш низ ҳамин гунаанд.
Аммо ба ҳангоми пешоби мӯйнок эҳтиёҷ бад-он бошад, ки доруҳои латифсозандаю бурандаи пешобтозонанда ва доруҳои зидди санг ба кор баранд ва ғизоҳои ниҳоят тарифизоянда бихӯранд.
Он илоҷе, ки мо бояд акнун ёд кунем, илоҷи пешоби хунии холисест, ки ба сабаби андар рагҳо ҷой доштани
гусастагии пайвастагӣ ба амал ояд. Дармонҳои муштараки пешобҳои хунии ба сабаби гурда ва обгаҳ буда иборат аз инҳост: бо доруҳое сардифизоию қабзкунандагӣ оваранд, ки бештари онҳо андар боби рехтани хуни ҳайз ёд шудаанд ва ҳамроҳи онҳо доруҳои пешобтозонанда ба кор баранд, то ки онҳо доруро бигузаронанд ва бояд пеш аз ин хунро бо ёрии миҳҷамаҳо ва борику андак задани раги босалиқ ба сӯи мухолиф бикашанд; ғизоҳое бихӯранд, ки хунро ситабру сард созанд; оромию осудагӣ гузинанд; андомҳои атрофиро бандпеч кунанд; бояд аз ҷимоъ кардан бехӣ бипарҳезанд; бояд обзанҳоеро ба кор баранд, ки андар оби онҳо доруҳои қабзкунандаи зеринро ҷӯшонида бошанд: наски муқашшар, пӯсти анор, биҳӣ, (531) амруд, мозу, садпайванд ва ғайра. Доруҳои қавии бандандаи хуни пешоб аз хори хасак, аррамайдаи чӯби кунор, бехи қантуриюни бузург ва донаи фовониё иборатанд. Доруҳое, ки бо он [саргаҳи пешоби хуниро], андар куҷое набошад, тило кунанд, аз бехи авсаҷ, харнуби набатӣ, яъне харнуби хорнок, тутум, бехи олуи даштӣ ва пӯсти анор иборатанд. Аз ҳамаи инҳо бо оби чукурӣ, ё ғӯраоб ва ё фишурдаи гул тиловорӣ созанд. Ҳамешабаҳор ба танҳоӣ ва ё хусусан бехи он бо касиро ва миқдоре аз фишурдаи қабзкунанда тилои хубест. Доруҳое, ки бар пушт ва зиҳор бимоланд, мурр, зог, мозу, қиртоси сӯхта ва ақоқиё мебошанд. Аз ошомиданиҳо қурси гулнорро бо хуни сиёвушон ба кор баранд ва аз ошомиданиҳои қавие, ки ҳангоми пешоби хунии аз обгаҳ оянда бад-онҳо ниёзмандист, қурсеро ба кор баранд, ки ба сифати зерин аст: як дирамӣ замчи яманӣ, гулнор ва хуни сиёвушон, ду дирам касиро ва ним дирам самғро гирифта, ҳамаи инҳоро бо шароби ширини тунд ва ё фишурдаи хурфа ба бемор бидиҳанд.
Як доруе, ки аз ин камқувваттару беосебтар аст: аз касиро, тухми хашхош, гили набишта, фишурдаи «риши буз», сирешми олуи сиёҳ ва каҳрабо бахшҳои баробар бигиранд, ки як ошомидании он ду-се дирам бувад. Ё бахшҳои баробаре аз бехи ҳамешабаҳор ва каҳрабо, нимбахш шодана, шашяки як бахш замч ва якуним бахш гили арманиро бигиранд ва як ошомидании ин то якуним мисқол ва бо бархе аз фишурдаҳои қабзкунанда бувад. Гоҳе андар [ин доруҳо] доруҳои карахткунанда биафзоянд ва мисоли он нусхаи зерин аст: ду дирамӣ аз заъфарон, тухми испанд, донаи панираки даштӣ ва афюн ва севуним дона бодоми поккарда бигиранд ва як ошомидании он ба андозаи як ҷиллавза бувад. Инчунин: се дирамӣ пӯсти бирёни бехи ябруҳ, анисуни бирён ва донаи бирёни карафс ва дувоздаҳ дирам хашхоши сиёҳро гирифта, бо тило маъҷун созанд. Як ошомидании он ду дирам бувад. Низ, аз шохи сӯхтаи гавазн ва касиро бахшҳои баробар гирифта, аз онҳо бо рубби мӯрд доруи кӯфта бисозанд.
Дигар, як доруе, ки пешиниён онро сутудаанд: сиҳ дона тухми поккардаи муғос, дувоздаҳ дона чилғӯза, нуҳ дона бодоми талхи муқашшар ва се дирам тухми панирак. Як ошомиданӣ аз ин як драхмӣ ва ба ҳангоми ношито бувад.
Доруҳои хосси обгаҳ бад-ин гунаанд, ки аз барои он доруҳои ошомиданиро [273] қавитар ва доруҳои пешобтозонандаро низ бештар қавӣ бисозанд. Яке аз тадбир ҳои аз барои обгаҳ судманд зимод ниҳодан бо исфанҷест, ки онро андар сирко тар карда, бар ҳама сӯи обгаҳ, бар маҳалли мезанойҳо ва дигар ҷойҳо биниҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор