Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Нуқсоне, ки ба андомҳои сарвар вобастагӣ дорад, ё аз сӯи дил буда, моддаи рӯҳ ва боди нарахезонанда қатъ бигарданд, ё аз сӯи ҷигар буда, моддаи манӣ бурида шавад, ё аз сӯи мағз буда, моддаи қувваи ҳискунанда канда шавад, ё аз сӯи гурда ва ба сабаби сардӣ, лоғарӣ ва бемориҳои маълуми он бувад ва ё аз сӯи меъда буда, ба иллати бадгувории он падид ояд. Ҳамаи ин ё ба сабаби камқувватии сарчашма аст ва ё ба сабаби баста шудани маҷроҳоест, ки миёни сарчашма ва андомҳои ҷимоъ ҷой доранд. (537) Бисёр вақт заъфе, ки ба мағз вобаста аст, ба иллати афтидагӣ ва ё кӯфт хӯрдан ба амал ояд.
Аммо сабаби ба ҳасби бахшҳои фурӯсӯви тан буда бадин гуна бувад, ки онҳо ё сард, ё ниҳоят гарм ва ё хушкмизоҷанд ва бинобар он андар онҳо дамиш вуҷуд нахоҳад дошт. Дамиш ёвари ниҳоят хуб аст ва ҳатто агар ягон касро андар шикам дамиши на беандоза ва дардангез падид ояд, низ боиси хестани нара бигардад. Худовандони савдоро ба иллати дамиши зиёд нара бисёр бихезад. Аммо он сабаби [нуқсоне], ки андар андомҳои ҳамҷавор ҷой дорад, масалан, бад-ин гуна бувад, ки касеро бавосир бурида бошанд ва ё мақъадаш ба ягон дарде гирифтор шуда, аз ин асабе, ки миёни мақъаду мушакҳои он ва миёни нара муштарак аст, зиён дида бошад. Яке аз омилҳое, ки ҷимоъро суст кунад [276] ва монеъи он шавад, ҳолатҳои ваҳмист. Масалан, каси ҷимоъкунанда [занро] бад бинад, ё аз ҷимоъ кардан шарм дорад ва ё пеш аз он аз дил гузаронад, ки нотавон аст ва ҷимоъ кардан наметавонад. Хусусан ин [ҳолат ҳангоме рӯй диҳад], ки агар ягон вақт ӯро чунин ҳодиса иттифоқ афтода бошад ва ҳар бор, ки ҷимоъ кардан хоҳад, он пеши назараш ояд. Гоҳе [нотавонӣ] ба сабаби он бошад, ки тарки ҷимоъ кунанд, нафс онро фаромӯш кунад, андомҳои [ҷимоъ] фишурда шаванд ва табиат барои зодани манӣ кам бикӯшад, чунонки андар зани бача аз пистон ҷудокарда табиат барои тавлиди шир накӯшад.
Бидон, ки сабаби истодани нара бодест, ки аз манӣ ва ё аз ғайри манӣ падид ояд ва сардию гармӣ ҳар ду зидди боданд, зеро сардӣ онро падид омадан нагузорад ва гармӣ моддаи онро ба таҳлил нест кунад. Ҳеҷ чиз аз барои зода шудани он мисли рутубати муътадил ва гармии ба андозаи он буда созгортар нест. Яке аз омилҳое, ки аз барои ин кор ёварӣ кунад, аспсавории мақсаднок бувад ва ин касеро [хуб аст], ки одат карда бошад ва низ касеро [созгор] аст, ки гурда ва андомҳои бад-он пайваста тармизоҷ ва ё ба изофаи он сард буванд. Аммо ҳар киро мизоҷи гурдааш хушки гарм бошад ва низ агар аспсавориро на ба таври муътадил ба кор барад, барояш ин зиён дошта, боиси бесамарии ӯ хоҳад шуд.
Нишонаҳо: Нуқсони аз сабаби истирхои нара ва ё аз сабаби сардии мизоҷи асаб ҷой доштаро аз он бишиносанд, ки нара нахезад ва андар оби сард натурунҷад.
Гоҳе манӣ фаровон ва зудрезанда бувад, гоҳе бидуни хестани нара манӣ бирезад ва гоҳе баробари ин тан лоғару заиф бувад, вале шаҳватро ҳеҷ коҳише набошад.
Он [нуқсоне], ки ба хоя ва андомҳои манӣ вобаста аст, агар ба иллати сардии онҳо ба амал омада бошад, бар

ин ба душворӣ берун омадани мание, ки на аз камии он вобастагӣ дорад ва эҳсоси сардӣ додани [нара] гувоҳӣ диҳанд. Агар ин [намуди нуқсон] аз сабаби хушкии [андомҳо] ва камии манӣ ба амал омада бошад, манӣ кам ва ба сахтӣ берун ояд, аксар вақт баробари ин тан лоғар ва гӯшту хун коста бошанд ва аз тарифизоӣ ин гуна [бемор] суд бинад, яъне муроди ман аз ин ба кор бурдани гармобаҳо ва ғизоҳост. Агар [нуқсони боҳ] ба андомҳои пеш аз андомҳои ҷимоъ истода алоқаманд буда, аз сабаби ҷигар ва гурда падид омада бошад, иштиҳо кам ва гузашта аз ин гувориш, иштиҳо ва хун на ба андозаи кофӣ буванд. Агар аз сабаби дил падид омада бошад, нара кам бихезад, гоҳе нара нохеста об бирезад, набз хурду нарм ва гармии тан кам бувад. Агар [ин гуна нуқсони боҳ] аз сабаби мағз ҷой дошта бошад, ҳаракати манӣ кам ҳис карда шавад ва хор-хори ҷимоъ тақозокунанда, ки яке аз омилҳои ангезандаи шаҳват аст, ба амал наояд. Хусусан агар пеш аз ин мағз кӯфт хӯрда ва ё аз афтидан осеб дида бошад, бар ин гуна [нуқсони боҳ] аз тариқи ҳолатҳои ҳоссаҳо ва хусусан чашм метавон огоҳӣ пайдо кард. Оид ба заъфи ҳар кадом аз ҷигар, дил ва мағз нишонаҳоест, ки пеш ёд карда шуданд. Бемориҳои гурдаро низ нишонаҳоест, ки бояд онҳоро аз он ҷой бидонист.
Ба ҳангоми он [нуқсоне], ки ба камии дамиши андомҳои фурусӯвин вобаста аст, чунин мушоҳада шавад, ки ба изофаи қавӣ будани дил, гурда, шаҳват ва об қувваҳои андомҳо ҳама дуруст бошанд, вале фақат андар бархостани нара заъф мушоҳада шавад. Агар [бемор] чизҳои бодангез ба кор барад, суд бигирад.
Нишонаи [нуқсоне], ки ба камҳаракатии манӣ ва кам сӯзиш овардани он вобаста аст, ин аст, ки ба ҳангоми ҷимоъ мании бисёри фишурда берун ояд. Аксар вақт ин натиҷаи мизоҷи сард бувад. Гоҳе чунин иттифоқ биафтад, ки манӣ бисёр, лекин ниҳоят ором бошад, чунонки мо инро ёд кардем. Касони фарбеҳ аз ҷиҳати боҳ беш аз касони лоғар нотавонанд. Ҳар ки ҷимоъи бисёр кардан бихоҳад, ҳаққаш ин аст, ки аз арақ овардан ва гармобаи арақовар кардан бикоҳад, ҳар қадар ки битавонад, тарки раг задан кунад ва кафи пойҳоро равғанҳои гарм бимолад, зеро ин кор гурда ва мӯриҳои маниро нерӯманд хоҳад кард.
(538) Муолаҷаҳо: Агар бидонанд, ки сабаб андар андомҳои сарвар аст, бояд муолаҷаро ба сӯи онҳо равона кард. Агар сабаб сардии онҳо бошад, ки ин бештар рӯй диҳад, ҳеҷ чиз ба масрудитус намерасад ва он на танҳо аз барои ин ғараз, балки аз барои ҳар гуна нотавонии боҳе, ки ба сардӣ вобаста аст ва ин [сардӣ] андар кадом андоме набошад, қавитарини доруҳо ба шумор биравад.
Агар ҷигар заиф бошад, масалан, данид куркумо,143 амрусиё ва саҷазаниё [ба кор баранд]. Агар меъдаро бадгуворӣ ҷой дошта бошад, онро тақвият диҳанд. Агар сабаб андар гурдаҳо ҷой дошта бошад, нахуст гурдаро бо дармони хосси он муолаҷа кунанд ва бештари ин аз гарм сохтан иборат аст, аз баҳри он ки гарм сохтани миёну гурдагон аз барои рост истодани нара судманд бувад. Чун ин корро карданд, сипас бо дармонҳои боқимондаи [дигар] муолаҷаро давом диҳанд. Хушбӯиҳо ва доруҳои андар бинӣ афканда шавандаи тарифизой аз барои мағз ва дил судманданд.

пешина
аз 1215
навбатӣ